Профессори кимиёдон Бурӣ Кимсановро мешиносед?

Бурӣ КимсановКимсанов Бўрӣ Ҳакимович 2 августи соли 1941 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Кимёдон, доктори илмҳои кимиё (1987), профессор (1989),  Аълочии маорифи Тоҷикистон (1991), Ихтироъкори шоистаи Тоҷикистон (1992), узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997) хатмкардаи УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ 1964) Аспирант (1965-1968) асистент (1969-1970), дотсент (1970-1987), профессор кафедраи кимиёи органикӣ (1989-1992), мудири кафедраи пайвастҳои калонмолекула ва технологияи кимиёии ДДТ (1992-2004).

Муаллифи зиёда аз 520 асар, аз ҷумла 6 китоби дарсӣ, 30 ихтироъ. Зери роҳбарии Кимсанов 2 нафар рисолаи докторӣ ва 8 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд.

Кимсанов оид ба кимиёи органикӣ, ҳамчунин синтез, сохтор, хусусиятҳои физикиву кимиёӣ ва биологии ҳосилаҳои хаттӣ ва силсилавии глитсерин, ба вуҷуд овардани доруҳои камзаҳр ва танзимкунандагони рушди рустаниҳо пажўҳиш анҷом додааст. Дастовардҳои илмияш дар соҳаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ, Пажўҳишгоҳи нафту кимёи шаҳри Уфа (Русия) татбиқ шудаанд.

Муаллифи чандин ҳосилаи глитсерин, 3 пешниҳоди навоварона. Ихтироъкори СССР (1985) бо медали нуқраи НКХХ ИҶШС (1991) ва ордени Шараф (1998) сарфароз гардидааст. 27 феврали соли 2004 аз дунё даргузашт.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 99.

Таҳияи Моҳрухсор Сархатова.
Корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ.