Дар ҳошияи Паём. Фарҳанги миллӣ – пойдории давлат

Паёми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон«Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст». Эмомалӣ Раҳмон

Фарҳанги миллӣ ташаккулдиҳандаи тарбияи ахлоқию эстетикии ҳар қавму миллат ба шумор меравад ва дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, китобдўстиву маърифатпарварӣ, рушду нумуи соҳаи илму маориф, фарҳанг, аз ҷумла таълиму тарбия дар байни наврасону ҷавонон нақши муҳим мебозад. Ҷиҳати пурзўр намудани таълиму тарбия қабл аз ҳама ғуруру ҳисси миллӣ моро мебояд. Барои нигаҳдошти арзишҳои миллии таърихӣ ва ривоҷу равнақи худогоҳиву худшиносӣ пеш аз ҳама ифтихори миллӣ доштанамон зарур аст. Бо мақсади дар руҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани фарзандон падару модарон, мураббию омўзгорон ва дар баробари он аҳли ҷомеа низ мебояд саҳмгузор бошанд. Ифтихори миллиро бояд аз хурдсолӣ дар ботини кўдак ҷойгузин намуд. Зеро дар қалби кўдакону наврасон меҳру муҳаббати самимӣ аз кўдакӣ, ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва садоқат ба Ватан дар ҷавонӣ нақш мебандад.

Баъзан ба назар мерасад, ки мардум зери мафҳуми фарҳанг танҳо рақсу сурудро мефаҳманд. Вале дар асл доираи фарҳанг хеле васеъ аст. Махсусан дар пешбурди соҳаи идеологияи миллат нақши муҳим мебозад.  Албатта, рақсу суруд ҷузъҳои таркибии фарҳанг ҳастанд, аммо доираи фарҳанг ба ин маҳдуд набуда, балки соҳаҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ, аз қабили китобу китобдорӣ, китобхонаҳо, осори ниёгон, табъу нашр, осорхонаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, синамо, матбуот ва воситаҳои ахбори омма, иншооти фарҳангӣ, мероси таърихию фарҳангии моддию ғайримоддӣ, театр, телевизион, анъанаҳои миллӣ, расму ойин, иттилоот ва ғайраро дар бар мегирад.

Пеш аз ҳама дар шароити ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки дастовардҳои таърихии худро омӯзем, муҳтаво ва арзиши фарҳангии онҳоро тарғибу ташвиқ намуда, ба мардум ошно созем, то ҳамин унсурҳои фарҳангии ҳазорсолаҳо шаклгирифтаи мо ба андозае оммавӣ шавад, ки ҷомеаи шаҳрвандии мо онҳоро ҳам истифода кунад, ҳам таблиғ намояд ва ҳам ба унвони арзишҳои фарҳанги миллӣ ба ҷаҳониён пешкаш кунад, аз ҳама муҳим, арҷ гузорад ва онҳоро ҳимоя кунад.

Қобили қайд аст, ки фарҳанги мо ҳанӯз аз тарафи гузаштагонамон ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ шуда буд ва бисёре аз унсурҳои фарҳангии мо имрӯз ҷаҳонӣ шудааст, ки ҷашни Наврӯз беҳтарин намунаи он аст.

Китобхонаи миллӣ яке аз бузургтарин дастоварди фарҳангии замони Истиқлол ба ҳисоб рафта, имрўз оид ба мубодилаи китоб бо китобхонаҳои бузургтарини 25 давлати дунё робитаю ҳамкориро ба роҳ мондааст. Айни ҳол 19 Гўшаи китобии дигар давлатҳо ташкил ва бо 63 забон адабиёт нигоҳдорӣ карда шудааст.

Китобхонаи миллӣ дар тӯли фаъолияти имрўзаи худ 18 Ёддошти тафоҳум, 6 Созишномаи ҳамкорӣ, 1 Эъломия ва 1 Шартномаи ҳамкорӣ, дар маҷмуъ 26 санади ҳамкориро бо китобхонаҳои кишварҳои хориҷ ба имзо расонидааст.

Китобу китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррасе ноил гаштааст. Истиқлолияти давлатӣ ва азму талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди китобу китобдории тоҷик такони бузург бахшиданд.

Қабули як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ, бунёди биноҳои нави китобхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, таъсиси мағозаҳои китобфурўшӣ дар тамоми манотиқи кишвар, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, таҷлили «Рўзи китоб», ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон оинаи таърихи миллат» аз муҳимтарин дастовардҳои ин даврон мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида қайд намуданд, ки фарҳанг ҳастии миллат аст ва дар кишвари азизу маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат, 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хидмат карда истодаанд ва танҳо дар се соли охир дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 167 иншооти фарҳангиву фароғатӣ бунёду азнавсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Ҳамзамон зикр карданд, ки имрӯзҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмон ва барқарорсозии 14 муассисаи соҳаи фарҳанг идома дорад. Аз ҷумла, сохтмони бинои Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар пойтахти мамлакат босуръат идома дорад ва бо нияти дар рӯзҳои Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Пешвои миллат дар суханронии худ аз сохтану мавриди истифода қарор доштани Китобхонаи миллӣ, таъсиси Агентӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, ташкили шабакаҳои махсуси телевизионӣ ва таъмиру навсозии беш аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангии дараҷаи миллӣ ва байналмилалӣ ёдовар шуда, ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дстур доданд, ки муассисаҳои соҳаи фарҳангро бояд дар маркази диққат қарор диҳанд, зеро фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад.

Ҳамзамон ёдовар шуданд, ки ҳоло дар кишвар 75 муассисаи садамавӣ ва 368 муассисаи соҳаи фарҳанг вуҷуд дорад, ки таъмири фавриро тақозо менамояд.

Ҷўраева Бибираъно – муовини сардори
шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон