71 сол пеш. Интиқоди тунди Улуғзода аз Турсунзода ва Миршакар аз кундии рушди насри муосир

Сотим-УлугзадеНУКОТИ МУҲИМИ МАҚОЛА:

  • Дар қафомонии наср роҳбарияти Иттифоқи нависандагони советии Тоҷикистон ҳам айбдор аст, Правленияи Иттифоқи нависандагон ва дар навбати аввал роҳбарони он рафиқон Турсунзода ва Миршакаров ба масъалаҳои тараққиёти наср дуруст аҳамият намедиҳанд…
  • Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон назм духтари маҳбуб аст, лекин наср чун духтари ўгай мебошад.
  • Насрнависи намоёни мо Раҳим Ҷалил якчанд сол аст, ки романи худро дар бораи ангиштканон ба охир расонда наметавонад. Ба фикри ман, сабаби асосии ин ҳамон ба таври кофӣ надонистани ҳаёт аст.
  • Аммо Фотеҳ Ниёзӣ оқибат аз уҳдаи песаи “Иқбол” набаромад, қатъи назар аз он ки дар болои песа ӯ вақти дуру дарозе кор кард; айнан ҳамин тавр ў панҷ сол ин тараф қисми дуюми “Вафо”-ро навишта тамом карда наметавонад.
  • Ҷалол Икромӣ иқрор мешавад, ки дар давоми солҳои бисёре ў барои романи нав мавзўъ интихоб карда натавонистааст…

 Ин ва дигар масоили эҷодӣ дар мақолаи Сотим Улуғзода дар “Шарқи Сурх” (1954,№11) таҳти унвони:

ҲАЁТРО ҲАМАТАРАФА ОМӮЗЕМ

Насри бадеӣ нишондиҳандаи дараҷаи баланди адабиёт, нишондиҳандаи такомули он мебошад. Бе повестҳо, романҳо ва ҳикояҳои сершумор адабиёти калонро ба худ тасаввур кардан номумкин аст.

Дар адабиёти советии тоҷик наср акнун жанри намоён ва пешбаранда гардидааст. Ба фикри ман, ин комёбии мухимтарини адабиётамон аст, ки онро баъди съезди дуюуми нависандагони Тоҷикистони Советӣ ба даст овардаем. Лекин қатъи назар аз чанде муваффақиятҳои маълум, насри мо хеле оҳиста тараққӣ  мекунад. Дар панҷ соли охир дар мо асосан чор китоби оригиналии наср чоп шудаасту халос; китобҳои сеюм ва чорўми «Ёддоштҳо”-и марҳум С. Айнӣ, романи «Навобод» ва «Субҳи ҷавонии мо». Ин барои чунин як отряди намоёни адабиёти умумииттифоқ барои коллективи нависандагони Тоҷикистон бисёр кам аст.

Насрнависони мо камшумор мебошанд, дар Иттифоқи нависандагони советии Тоҷикистон ҳоло ҳамагӣ шаш нафар насрнависон хастанд: Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Екатерина Лопатина, Толис ва Улуғзода.

Лекин агар кор самараноктар мешуд, ҳамин коллективи хурд хам метавонист бисёр асарҳо ба вуҷуд оварад. Мо на бо тамоми ғайрат ва қуввати худ меҳнат мекунем, мо суст кор мекунем. Агар ҳар кадоме аз мо дар ҳар ду-се сол яктогӣ китоб менавишт, мо имрӯз ақаллан ҳашт-нуҳ роман ва повести нав медоштем.

Баъзе  насрнависон ба хонандагон назар ба китоб ваъдаро бештар додаанд. Дар январи соли 1952 якчанд насрнависони намоёни мо ба воситаи саҳифаҳои журнали «Шарқи Сурх» ба маълумоти ҳамаи хонандагон планҳои эҷодии худро расонда, ваъда дода буданд, ки дар давоми ҳамон сол асарҳои зеринро манзур месозанд: Раҳим Ҷалил-роман дар бораи синфи коргари Тоҷикистон ва маҷмӯаи ҳикояҳои нав, Ҷалол Икромӣ- либреттои опера дар бораи зани пешқадам, песае дар бораи мубориза барои сулҳ, сикли хикояҳо бо унвони умумии «Қадри одам», серияи очеркҳо дар бораи республика ва ниҳоят, романи «Ду хоҳарон», Фотеҳ Ниёзӣ – пйесае дар бораи роли занон дар колхоз ва қисми дуюуми повести «Вафо».

Он қисми ин ваъдаҳо, ки ба асарҳои калони наср дахлдор буд, дар соли 1952 ҳам, дар соли 1953 ҳам ва дар соли 1954 ҳам иҷро нагардид.

Сабаби чунин бефаъолиятии насрнависони мо дар чист?

П. Лукнитский дар мақолаи шавқовари худ, ки дар бораи эҷодиёти насрнависони мо навиштааст (газетаи “Комунисти Тоҷикистон” 5 августи соли 1954), сабаби инро дар он мебинад, ки нависандагони тоҷик бо корҳои ҷамъиятӣ, муҳаррирӣ, тарҷумонӣ ва ғайра хеле банд мебошанд.

Ин дуруст аст, лекин нисбат ба хамаи нависандагон не. Масалан  Ҷалол Икроми, Раҳим Ҷалил ва Фотеҳ Ниёзӣ, ба фикрам, ба корҳои чамъиятӣ ба таври мўътадил иштирок доштанд, барои навиштани асарҳои нави калон вақти кифоякунандаашон буд.

Марҳум С. Айнӣ на камтар аз ҳар яки мо бо корҳои ҷамъиятӣ банд буд, дигар ин ки солҳои охир ў бемори сахт буд, лекин барои навиштани китоби чорўми «Ёддоштҳо» ғайрат ва қувват ёфт, вақт пайдо кард. Дар давоми ду соли бемориаш ў он қадар асар навишт, ки баъзе аз аъзоёни  Иттифоқи нависандагон дар тамоми муддати фаъолияти эҷодии худ нанавиштаанд.

Турсунзода, ки дар байни мо арбоби калонтарини ҷамъият ва давлат мебошад, баробари вазирони республика бо корҳо банд аст, лекин ў дар ду соли охир он қадар эҷод кард, ки баъзе шоирони мо дар тамоми муддати фаъолияти худ ба он миқдор эҷод карда натавонистаанд. Ман достони калони ў “Ҳасани аробакаш”-ро, ки бешубҳа, сухани тозае дар назми мост, дар назар дорам.

Сабаби бефаъолиятии эҷодӣ, ба фикри ман, дар он аст, ки мо ҳаётро ба таври басанда намедонем, Ба таври басанда надонистани ҳаёт нобоварӣ ба вуҷуд меоварад, бозистоданҳо ва қатъшавиҳои эҷоди тавлид мекунанд. Ман инро аз таҷрибаи худ медонам. Вақте ки ман ба навиштани “Навобод” даромадам, ба ман чунин менамуд, ки ман воқеаҳо ва одамони тасвир мекардагиамро медонам. Аммо дар аснои кор, вақте ки дар саҳифаҳои китоб ҳаётро на танҳо инъикос кунондан, инчунин пайдоиш инкишоф ва алоқаи воқеаю ходисахоро тавзеҳ додан ҳам зарур шуд, маълум гардид, ки ман предмети тасвири худро фақат умуман медонам, рӯякӣ медонам.

Ҳаёт дар пеши назари мо тараққӣ меёбад ва ин баъзан  вонамуд мекунонад, ки ту онро нағз медонӣ.

Ба ман борҳо лозим омада буд, ки корро  хобонда, ба омўзиши мавзўӣ ҳаётӣ машғул гардам, сафарҳо кунам, одамонро пурсуков намоям брошюраҳо ва газетаҳои кўҳнаро варақ занам. Баъди ин ҳама ба сари кори  хобондаам баргашта, ба ман лозим  меомад бобҳои пеш навишта шударо, ки ҳаётро хеле бад акс менамуданд, хат занам ва аз нав нависам. Ана дар ҳамин вақт ман ҳис кардам, ки он қоида то чӣ андоза дуруст аст, он қоидае, ки нависанда хамоно – олим аст, уҳдадор аст пеш аз он, ки ҳукми худро барорад предмети тасвир мекардагиашро ҳартарафа тадқиқ намояд ва биёмузад.

Ҳамин тавр се варианти  китоб ба вуҷуд омад. Ин китоб нисбатан калон нест, лекин ман онро қариб чор сол навиштам. Нависандае, ки баробари ҳаёт қадам мемонад, ба овози ҳаёт ва талаботи он ҳушёрона гўш меандозад, дар бораи чӣ ва чӣ тавр навиштанашро ҳамеша хоҳад донист, фикри эҷодии ў ҳамеша чун чашма ҷӯш хоҳад зад.

Насрнависи намоёни мо Раҳим Ҷалил якчанд сол аст, ки романи худро дар бораи ангиштканон ба охир расонда наметавонад. Ба фикри ман, сабаби асосии ин ҳамон ба таври кофӣ надонистани ҳаёт аст. Аммо Фотеҳ Ниёзӣ оқибат аз уҳдаи песаи “Иқбол” набаромад, қатъи назар аз он ки дар болои песа ӯ вақти дуру дарозе кор кард; айнан ҳамин тавр ў панҷ сол ин тараф қисми дуюуми “Вафо”-ро навишта тамом карда наметавонад. Ба ақидаи ман, нависанда ҳаёти кишлоқи колхозро чуқур намедонад. Иштироккунандаи Ҷанги Ватанӣ Фотеҳ Ниёзӣ материали қисми якуми повести худро нағз медонист, лекин мебоист, ки ҳодисахои қисми дуюум дар колхоз ба вуқӯъ оянд. Аммо хаёти колхоз бо хусусиятҳо, зиддиятҳо, конфликтҳои худ ба нависанда таври басанда нағз ошно нест.

Лекин дар хусуси Ҷалол Икромӣ бошад, ў худ дар мақолааш “Баъзе қайдҳо дар бораи насри тоҷик” (дар газетаи “Точикистони Сурх” чоп шyдаанд) иқрор мешавад, ки дар давоми солҳои бисёре ў барои романи нав мавзўъ интихоб карда натавонистааст. Чаро? Ба ин савол Икромӣ на тамоман бовариоварона ҷавоб медихад. Ў дар ин мақола менависад: “..дар баробари «Шодӣ”дар айни замон ман мебоист дар мавзўи дигар ҳам фикр карда, ҳатто баъзе як тайёриҳоро дида мемондам ва ҳамин ки романи “Шоди”-ро ба охир расондам, дарҳол ба навиштани романи нав сар карда, барои эҷод кардани сеюумин роман тайёрӣ медидам. Фақат дар ҳамин ҳолат ман метавонистам пай дар пай асарҳои калони худро ба амал биёрам”.

Мумкин аст кас фикр кунад, ки нависанда дар болои як асар кор карда истода, ба фикр кардан дар бораи мавзўи асари дигар вақт наёфтааст. Мумкин аст кас фикр кунад, ки Икромӣ “Шоди”-и худро фақат дирўз бегоҳӣ ба охир расонид ва аз ин рў ў вақт надошт, ки дар бораи китоби нав фикр намояд. Дар ҳақиқат қисми якуми “Шодӣ”, чуноне ки маълум аст, ҳануз пеш аз ҷанг навишта шуда буд, аммо қисми дуюми он дар соли- 1949 навишта шуда буд. Байни нашри қисми якум ва навишта шудани қисми дуюум нуҳ сол гузашт, лекин баъди нашри ҳар ду қисм боз панҷ сол гузашт. Ва дар давоми ин солҳо, маълум мешавад, ки ӯ нафақат барои навиштани романи нав, ҳатто барои мавзўи онро интихоб кардан вақт наёфтааст. Барои кори эҷодӣ Икромӣ назар ба бисёр нависандагони мо шояд бештар вақт дорад. Ў кори яке аз шуъбаҳои журнали “Шарқи Сурх”-ро гирифта мебарад ва ба замми ин мо дар ёд надорем, ки ба отпуски эҷодӣ рафтанӣ шуда бошад ва ин хоҳиши ўро рад карда бошанд.

Нависандагӣ-ин кори хеле меҳнатталаб аст, ин ҷустуҷуи мунтазами чизи нав ва беҳтар аст, ин шабҳои бехобӣ ва кўҳ-кўҳ  қоғазҳои навишта шудааст. Он касе ки аз ўҳдаи ин меҳнат намебарояд ё ки ин меҳнат ба ў бори гарон мегардад, ў ба ҷустани роҳҳои осони нависандагӣ медарояд, он нависандагие, ки на ҳаяҷон дорад ва на ташвишу хавотир, роҳҳои тайшударо меҷӯяд, мавзўъҳо, сюжетҳо ва образҳои “беозор”-и каму беш тайёреро, ки шиддати калони қувваҳои ақлӣ ва руҳии ўро талаб наменамоянд меҷӯяд, онҳоро бештар дар китобҳо ҷустуҷӯ мекунад. Лекин ин роҳи хатарнок аст, ин роҳ метавонад ба кӯчаи сарбаста дарорад.

Дар қафомонии наср роҳбарияти Иттифоқи нависандагони советии Тоҷикистон ҳам айбдор аст, Правленияи Иттифоқи нависандагон ва дар навбати аввал роҳбарони он рафиқон Турсунзода ва Миршакаров ба масъалаҳои тараққиёти наср дуруст аҳамият намедиҳанд, ба ин соҳаи хоҷагии адабии мо ба таври формалӣ роҳбарӣ мекунанд. Дар пленумҳои правления ва дигар хел маҷлисҳо жанрҳои назм, драматургия, танқид алоҳида-алоҳида борҳо муҳокима карда шудаанд, лекин наср, кори насрнависон ягон бор ҳам муҳокима карда нашудааст. Ин факт хеле характернок буда, муносибати ба наср доштаи роҳбарияти Иттифоқи нависандагонро нишон медиҳад. Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон назм духтари маҳбуб аст, лекин наср чун духтари ўгай мебошад. Рафиқ Турсунзода  проблемаҳои насрро фақат дар маърӯзаҳои калон ёдоварӣ мекунад, лекин дар кори амалии ҳаррӯзаи роҳбарӣ ба ҳаракати адабӣ ў бо наср хеле кам шуғл менамояд.

Тамоми адабиёти советӣ ва қисми таркибии он адабиёти советии тоҷик, ки ба он Партияи Коммунисти роҳнамоӣ мекунад ва корномаҳои диловаронаи халқи советӣ дар сохтмони коммунизм ба он илҳом мебахшанд, ба сўӣ нашъунамои нав равонанд. Ба мо, нависандагони советӣ, ба қувваи эҷодӣ ва меҳнати суботкоронаи мо дар роҳи аз худ кардани қуллаҳои маҳорати бадеӣ дар наср, назм, драматургия, пай дар пай ба вуҷуд омадани китобҳо, достонҳо ва песаҳое, ки сазовори хонанда ва тамошобини серталаби совети бошанд, вобаста аст. Съезди умумииттифоқиамонро ибтидои нашъунамои пурҷушу хуруши адабиёти советӣ мекунем.

Манбаъ: “Шарқи Сурх”, соли 1954, №11

Таҳияи Ситора Абдуллозода, мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ.