Шаш зинаи рушди менеҷмент барои муассиаҳои фарҳангӣ
Шарҳи анъанавии истилоҳи менеҷмент: Менеҷмент ин маҳорати ноил гардидан ба мақсадҳо бо истифода аз меҳнат, ақлу хирад ва майли рафтори дигарон мебошад. Менеҷмент ҳамчун илм дар заминаи фаъолияти идоранамоӣ пайдо шуда, ба маҷмўи донишҳое, ки инсоният дар самти пешбурди бизнес- равандҳо андўхтааст, такя мекунад ва аз назарияву консепсияҳо, принсипҳо, шаклу тарзҳо, инчунин механизмҳои идоранамоӣ иборат мебошад.
Бо назардошти он ки ташкилот, муассиса, корхона низоми мураккаби иҷтимоӣ – техникӣ мебошанд ва аз ҳамин нигоҳ пешгўии самараноки фаъолияти онҳо душвор аст, мененҷер ноилоҷ бо сатҳи баланди номуайянӣ рў ба рў буда, ба гувоҳии дилу фаросати худ эътимод дорад. Одамоне, ки дар ин гуна низоми мураккаб кор мекунанд, омили асосии мавҷудияти самарбахши он ба шумор мераванд.
Идоранамоиро танҳо туфайли фаъолияте, ки истеъдоди шахсии идоранамоиро фаъол мегардонад, омўхтан мумкин аст.
БАНАҚШАГИРИИ СТРАТЕГӢ ДАР СОҲАИ ФАРҲАНГ
Ҳангоме, ки дар бораи банақшагирӣ ҳарф мезанем, як омили муҳимро набояд фаромўш кард, ки ҳанўз дар солҳои 80 – уми асри сипаригашта мамолики Аврупо банақшагирии стратегиро дар соҳаи фарҳангу ҳунар татбиқ карда буданд. Ин иқдом ба таври хеле возеҳу мушаххас аз зинаҳои гуногуни рушд иборат буд. Ҳамзамон ин зинаҳо аз стратегияҳо ва самтҳои афзалиятнок иборат буданд.
Зинаи аввал – ин арзёбии талаботу эҳтиёҷот. Яъне бояд муайян намуд, ки дар дохили ҳар як фарҳанги мушаххас чӣ таҳаввулот ё дигаргуние рух додааст. Бо ибораи дигар барои тарҳрезии сиёсати фарҳангии аз нигоҳи илмӣ асоснок, бояд аниқ намуд, ки дар умқи фарҳанг кадом тамоилҳо бартарӣ доранд, маблағгузорӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ чӣ гуна аст, тақсимоти маблағҳо чӣ тавр аст, ташаббускори ин тақсимот кадом сохтор аст, ин маблағҳо чӣ тавр истифода бурда мешаванд, муассисаҳои фарҳангӣ чӣ гуна иқтидорро соҳибанд? Масалан, бояд аниқ намуд, ки театр чанд намоишнома таҳия намудааст, шумораи тамошобинон чӣ қадар аст, чӣ қадар чиптаҳо фурўхта шудаанд, оё театр ба дигар навъи фаъолият, (ба монанди таълими шогирдон, сафарҳои ҳунарӣ, аз ҷумла сафарҳои ҳунарии хориҷӣ) ва ғайра машғул аст?
Аз ин рў, дар мамолики мутараққии Аврупо қабл аз қабули қарор дар соҳаи сиёсати фарҳангӣ ҳатман талабот арзёбӣ мегардад.
Зинаи дуюм – ин таҳияи стратегияи миллӣ дар соҳаи фарҳанг мебошад. Муҳимтар аз ҳама чунин стратегия бояд нисбатан дарозмуддат бошад, яъне на камтар аз 10- 15 сол. Дар доираи чунин стратегия бояд қариб тамоми унсурҳои сиёсати ояндаи фарҳангӣ муайян карда шаванд.
Зинаи сеюм – ин рушди музокираҳои ҷамъиятӣ оид ба стратегияи миллии сиёсати фарҳангӣ мебошад, ки он бояд фарогири якчанд самтҳои стратегия бошад. Қабл аз ҳама бояд унсурҳои асосӣ, сипас ҳар як қисми стратегия (барои китобхонаҳо, барои осорхонаҳо, клубҳо, театрҳо, мероси фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва ғайра) муҳокима шаванд. Аз ин рў, дар зинаи сеюм бояд шумораи хеле зиёди мутахассисон ҷалб карда шаванд. Дар ин зинаи банақшагирӣ садҳо мутахассисон ширкат меварзанд. Дар натиҷаи чунин музокирот тавсияву пешниҳодоти иловагӣ пайдо мешаванд, ки онҳо барои таҷдиди назар намудани стратегияи миллӣ заруранд.
Зинаи чорум – ин таҳияи асноди расмии сиёсӣ мебошад. Дар ин зина муайян мегардад, ки Ҳукумат бояд кадом қонунҳоро қабул намояд, кадом мақомоту сохторҳо (аз ҷумла, ғайридавлатӣ) барои таҳияи ин аснод ҷалб хоҳад шуд.
Самти татбиқи чунин аснод бояд хеле мушаххас бошад. Яъне номгўи чорабиниҳо, мўҳлати татбиқ, масъулон, захираҳо, манбаҳои маблағгузорӣ, тарзу услубҳои ҳалли мушкилот, бартарафсозии тамоюлоти манфӣ инъикос меёбанд.
Зинаи панҷум – ин қонунӣ (расмӣ) гардонидани стратегияи миллӣ мебошад. Яъне тамоми мақомот ё муассисаву ташкилоте, ки ба зинаи 4 – ум шомиланд, бояд ба таври васеъ бо вазифаву функсияҳои хеш шинос гарданд, аз онҳо огоҳ бошанд. Бо ин мақсад барои мутахассисон ва ҳамаи онҳое, ки дар татбиқи стратегия масъуланд ва ё ширкат меварзанд, курсҳои омўзишӣ, семинару тренингҳо ташкил карда мешаванд. Зеро баъзан қонуну қарорҳои хуб қабул мегарданд, вале касе ба онҳо эътибор намедиҳад. Қонун қабул мегардад, аммо вазъият бетағйир мемонад. Аз ин бармеояд, ки ҳамин зинаи расмигардонӣ ба қадри кофӣ, дар сатҳи зарурӣ коркард нашудааст, ба мутахассисон шарҳу эзоҳ дода нашудааст. Бинобарон масъулону иҷрокунандагони воқеиро фаъолтар гардонидан лозим аст, то ин ки онҳо татбиқи стратегияи миллиро халалдор носозанд.
Зинаи шашум – ин зинаи арзёбӣ (баҳодиҳӣ) аст. Дар ин зина тадбирҳои хеле мушаххас амалӣ мегарданд. Масалан, ташкили мониторинги доимии дигаргуниҳо хеле зарур аст. Таъсиси гурўҳи коршиносон басо муҳим аст, зеро дар сурати рух додани ягон ҳодисаи манфӣ ё мушкилот онҳо қодиранд онро бартараф ё роҳи ҳалли онро муайян созанд. Арзёбии стратегия дар тўли 2 – 3 сол як маротиба гузаронида мешавад.
Ин чанд сатр аз ктоби “Менеҷменти фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ” иқтибос шуд. Китоб соли 2010 дар нашриёти “Маориф ва фарҳанг” интишор ёфтааст ва чун дастури амалӣ-методӣ тавсия шудааст.
Шумо ин китобро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа ва ба суолҳои зиёди худ доири мавзӯъ посух дарёфт кунед.
Таҳияи Мавзуна Назарова,
сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.