Порсигӯёни Ҳинду Синд. Миршамсуддин Аббоси Деҳлавӣ
Маъруфтарин муншии Ҳиндустон дар қарни дувоздаҳум аст.
Дар авоил “Мафтун” тахаллус мекард ва баъд ба “Фақир” шуҳрат ёфт. Ба қавли Мирғуломалии Озод, “девону маснавии мутаадад дорад” Мусаннифи “Маҷмӯаи нағз” менависад: Ҳама каромоти исноашара (шиаҳои дувоздаҳимомаи насли Алӣ (р) дар назар аст), саломулоҳи алайҳим ва разияллоҳу анҳум, ба фасоҳати тамому балоғати молокамол дар риштаи назм кашид.
Бар муҳовараи эрониён ба мартабаи олӣ иттилоъ дошт ва ба равияи эшон дар сухантарозӣ ҳиммат гузошт. Сухансанҷони Эронзамин аз вай ҳисобе бармедошттанду шеъру шоирии вайро мусаламуссубут мепиндоштанд.
Волаи Доғистонӣ гӯяд: “Дар фанни суханварӣ ба эътиқоди роқими ҳуруф ҳеҷ як аз мутақаддимину мутааххиронро пояи ӯ набудаву нест, чи ҷамеъи муҳассаноту лавозими суханвариро ҷомеъ аст”.
АЗ ӮСТ:
Зи рафтанам хабаре нест ҳамдамони маро,
Чу буйи гул набувад гарди корвони маро.
**** ***** *****
Ман на аз худ меравам дунболи ӯ,
Сояро саргашта дорад офтоб.
**** ***** *****
Нестам огоҳ зи тороҷи ту бар ёрон чӣ рафт,
Ин қадар аз худ хабар дорам, ки дил дар сина нест.
**** ***** *****
Эй он ки шудӣ марҳалапаймои раҳи ишқ,
Ин раҳ ба қадам тай натавон кард, зи сар гир.
Аз китоби “Порсигӯёни Ҳинду Синд”, ки соли 2020 дар нашриёти “Бебок” чоп шудааст. Муаллифи китоб донишманд ва тазкиранависи кишвари Ҳиндустон Ҳарумал Садорагонӣ буда, китобро олими шинохтаи тоҷик Шарифи Исрофилниё аз форсӣ баргардон кардааст. Барои донишҷӯён, устодон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд ҳавзаи адабии Ҳиндро бидонанд, адабиёти арзишмандест.
Таҳияи Бибишарифа Содиқзода,
шуъбаи тарғиб ва чорабиниҳои фарҳангӣ.