Китоби нав: Таъмини амнияти иттилоотӣ

 

Муаллифи китоб Вализода Сафархон Амирхон – муаллими калони кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитании милитсия мебошад. Китоб маҷмўи лексияҳои фанни таъмини амнияти иттилоотиро гирд овардааст ва барои курсантон, шунавандагон, донишҷўён, аспирантон, омўзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ-ҳуқуқӣ пешниҳод шудааст.

 

Дар сарсухани он мехонем: Эволютсияи интиқоли маълумот дар таърихи инсонияти тибқи андешаи олимон роҳи дарози таърихеро мемонад, ки он аз имову ишораи даврони баробарӣ, бо пайлоиши сухан дар замони баъд аз ҳомосапиенсӣ тақрибан 40 ҳазор сол муқаддам, пайдо шудани хат дар 7 ҳазор сол пеш аз мо, ташаккули хатҳои мехӣ, аромеӣ, авастой (дар ҳазораҳои 5-1 пеш аз милод), пайдо шудани хатҳои хосса дар тамаддунҳои  ошурӣ, мисрӣ, аломӣ, ориёӣ, чинӣ, юнонӣ, румӣ ва ғайра, рушд ёфтани номанависӣ,таърихнависӣ вусъат гирифта, бо пайдоиши нахустин коғаз соли 105 дар Чин ва соли 1276 дар Аврупо ва мошинаи чопӣ Пи Шен раванди васеъ ва тамаддунӣ гирифта, дар баробари анъанаҳои дастнависӣ санъати чопкунӣ пайдо шуд.  Иттилоот дар даврони бештар хусусияти иттилоотӣ, хабаррасонӣ, маълумотноккунонӣ, таҳкими гуфтугў, ҳадаф ва мақсадҳоро ба якдигар расонидан буд….

Ин китоб ба тозагӣ вориди Китобхонаи миллӣ шуд ва ҳоло хонандагон имкон доранд онро дар ҳама толорҳои хониш фармоиш диҳанд ва мутолиа намоянд.

 Шарофат Мирзоева