Дар Китобхонаи миллӣ таърих меҷӯянд…

Қазоқистон

Бо мақсади омӯзиш, ошкор ва гирифтани нусхаҳои ҳуҷҷатҳо ва манбаъҳои хаттӣ, ки бо таърихи Қазоқистон алоқаманданд, директори “Маркази миллии дастхатҳо ва китобҳои нодир”-и Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон Жандос Болдиков бо як гурӯҳи корӣ ба Китобхонаи миллӣ омаданд.

Мақсади асосии ин сафар омӯзиш, ошкор ва гирифтани нусхаҳои ҳуҷҷатҳо ва манбаъҳои хаттӣ мебошад, ки бо таърихи Қазоқистон алоқаманданд ва метавонанд барои таҳқиқоти минбаъдаи илмӣ арзишманд бошанд – гуфт Жандос Болдиков.

Зимни сафари кори Жандос Болдиков ва ҳамроҳонаш намояндагон аз “Маркази миллии дастхатҳо ва китобҳои нодир”-и Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон бо муовини аввали директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салима Раҷабзода вохӯрӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои нигоҳдории дастхатҳо дар шароити китобхонаҳо ва бойгонии асосии Китобхонаи миллӣ сӯҳбат намуданд.

Гуфта шуд, ки Китобхонаи миллӣ ба ҳайси муассисаи асосии нигоҳдории китобҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз ҳазорҳо нусха дастнависро гирдоварӣ ва дар шароити муайян нигаҳдорӣ мекунанд. Сайёҳони дохил ва хориҷи кишвар ҳамарӯза метавонанд ба Китобхонаи милллӣ омада, бо осорхонаи китобҳои нодир аз наздик шинос шаванд.

“Маркази миллии дастхатҳо ва китобҳои нодир”-и Ҷумҳурии Қазоқистон рисолати муҳими давлатиро оид ба таҳия, ҷамъоварӣ ва ҳифзи сарчашмаҳои таърихӣ, дастхатҳо ва китобҳои нодире, ки ба таърих ва фарҳанги Қазоқистон алоқамандии бевосита доранд, иҷро мекунад. Яке аз вазифаҳои калидии Маркази мо пур кардани фонди ҳуҷҷатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо маводи таърихӣ, инчунин ҳифз ва барқарорсозии онҳо мебошад. Бо ҳамин мақсад мо тасмим гирифтем, ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон омада, бо манбаъҳои муҳими таърихӣ ва иттилоотии ин боргоҳ, ки ба таърихи Қазоқистон алоқаманданд, ошно шуда, онҳоро мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор диҳем.

Жандос Болдиков ҳамчунин ба Китобхонаи миллӣ 3 нусха китоб тӯҳфа кард. Яке аз ин китобҳои пурарзиш, ки ба фонди асосии Китобхонаи миллӣ тӯҳфа гардид, вобаста ба фаъолияти Абай (Иброҳим) Кунанбаев шоир, файласуф, оҳангсоз, маърифатпарвар, мутафаккир, фаъоли ҷамъиятии қазоқ мебошад.

Баъд аз вохӯрӣ Жандос Болдиков ва ҳамроҳонаш мувофиқи нақшаи сайёҳати меҳмонон аз мусаварраи Сабзалӣ Шарифзода, осорхонаи китобҳои нодир, шуъбаҳои адабиёти кӯдакон ва наврасон, хизматрасонӣ ба истифодабарандагон, ҳамчунин толорҳои хониши электронӣ, толор барои иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…”, толорҳои тиб ва табиатшиносӣ ва толорҳои хониши фанҳои гуманитарӣ, ҷамъиятшиносӣ дидан карданд.

Дар охир онҳо бо шароиту имконоти шуъбаи матбуоти даврӣ ва шуъбаи адабиёти хориҷӣ, ки дар ин шуъба бо 63 забони дунё адабиёт нигоҳдорӣ мешавад, шинос шуданд.

Мо ҳамкории мутақобилаи байни кишварҳоямонро дар ин соҳаи муҳим қадр менамоем ва итминон дорем, ки он ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард- иброз дошт Жандос Болдиков Директори “Маркази миллии дастхатҳо ва китобҳои нодир”-и Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон.

Қобили зикр аст, ки Китобхонаи миллӣ пайваста бо китобхонаҳои ҷумҳуриҳои гуногун ҳамкориҳоро ба роҳ монда, мутахасисон барои омӯзиш ба китобхонаҳои бузург фиристода мешаванд.

Наргис НАЗАРЗОДА,
Бахши матбуот ва робита бо ҷомеа