Дар ҳошияи Паём: Занону духтарон – тарғибгари либоси миллӣ
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (24.12.2024) ироашуда, масъалаҳои муҳимми иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанги кишвар ва дурнамои он матраҳ гардид. Дар баробари ин масъалаҳои муҳим ба масъалаи занону духтарон низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд, зеро занону бонувон барои пойдории оилаи солим, тарбияи кўдакону наврасон, меҳнатдўстиву ватанпарастӣ, эҳёву тарғиби фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик, посдории арзишҳои миллӣ ва ободии ҷомеа нақши бузург доранд.
Сарвари давлат дар суханронии худ дар робита ба мақому манзалати зан-модар чунин қайд намуданд: «Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон, иззату эҳтироми зан–модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад».
Мавриди зикр аст, ки дар кишвари азизи мо аз даврони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои занон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Махсусан бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа тадбирҳои муассире амалӣ гардонда шуданд. Аз ҷумла, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998 Нақшаи миллии амалро оид ба баланд бардоштани нақш ва мақоми занон барои солҳои 1998-2005 қабул намуд. Баъдан 3-юми декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расид, ки ин санад яке аз қадамҳои муҳим ва устувор дар самти ташаккули сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Инчунин ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа то ба имрўз қонунҳову барномаҳои зиёде таҳия ва ба тасвиб расиданд. Аз қабили, Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмину ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» (06.08.2001), Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016, солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» (19.07.2022), Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030) мебошанд, ки дар асоси ин санадҳои муҳим мақому манзалат ва нақши занону бонувон дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа, инчунин таъсиси мақоми ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2008), ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (соли 2019) барои боз ҳам густурда гардидани фаъолият дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои занон замина фароҳам овард.
Натиҷаи ин ҳама кўшишу талошҳо ва роҳандозии санаду қонунҳо аст, ки ҳоло теъдоди бонувони мутахассис дар соҳаҳои мухталиф афзудааст. Имрўзҳо дар тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ дар баробари мардҳо занону бонувон низ бемамоният кору фаъолият доранд.
Хушбахтона, имрўзҳо сафи занону бонувони муваффақи мо хеле зиёд аст. Яъне дар ҳамаи соҳаҳо занону духтарони мо пешсафу назаррасанд.
Дар ин бора Пешвои миллат чунин зикр карданд: «Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 74 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд».
Воқеан дар замони соҳибистиқлолӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар дар баробари мардон саҳми занон низ назаррас аст. Чи хеле, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ироа доштанд: «Имрўз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд».
Илова бар ин, «… дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд». Маҳз донишу малака, маърифати баланди инсонӣ ва ҷаҳонбинии васеъ метавонад ба ҷомеа таъсиргузор бошад. Аз ин рў, зани босавод метавонад дар ташкили хонаводаи солим, насли солим, тарбияи фарзанди босаводу бомаърифат, тарбияи ҷомеа, пешрафти давлату миллат, таҳкими сулҳу субот, ободиву осудагии Ватан, ҳифзи арзишҳо ва ҳувияти миллӣ нақши муассир гузорад.
Ногуфта намонад, ки зиёда аз 80 фоизи кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-ро занону бонувон ташкил медиҳанд. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки занону бонувони муассиса пайваста саъю кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар яке аз самти муҳимму афзалиятнок – рушди илму фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ ва раванди ташаккулёбии маънавиёти ҷомеа ҳиссагузор бошанд.
Мусаллам аст, ки занону бонувони Китобхонаи миллӣ дар тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, ки яке аз ҷузъи фарҳанги миллии ниёгонамон ба ҳисоб меравад, мунтазам саҳмгузор мебошанд. Ҳамчунин дар баланд бардоштани донишу маърифат, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг, тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, тарғиби сару либоси миллӣ ва роҳҳои пешгирии фарҳанги бегона миёни занону ҷавондухтарон, алалхусус дар риояи талаботи қонунҳои миллӣ: «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» саҳми арзандаи худро мегузоранд. Зеро Пешвои миллат дар суханронии худ бо боварии комил таъкид намуданд, ки «Бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан, минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанахои миллӣ ва расму ойинҳои асили бостонии халқамон мебошанд.»
Аз ин рў, мо – занону бонувон, модарону хоҳарони сарбаланди Ватани азизамонро мебояд дар робита ба ин ғамхориҳо рисолат ва масъулияти худро дучанд намуда, ба эътимоду боварии Сарвари давлатамон сазовор бошем!
Ҷўраева Бибираъно – муовини сардори
шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон