Умри дубора ба “Се мушкетдор”-и Александр Дюма

Александр Дюма Кормандони шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо  дар қатори садҳо китоби фарсуда  “Се мушкетдор”-и Александр  Дюмаро таъмир карда, дубора барои истифода ба хонандагон пешкаш намуданд.

Романи «Се мушкетдор» барои мутолиа намудан ба хонандагоне, ки аз рӯйи наминатсияи адабиёти бачагона дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок менамоянд, тавсия дода мешавад.

Романи завқбахш ва баргузида аз тарафи нависандаи машҳури фаронсавӣ Александр Дюма руйи қалам оварда шудааст ва соли 1984 бо забони тоҷикӣ тарҷума гардидааст. Асари мазкур роҷеъ ба корнамоиҳои ҷавонмарди зираку шуҷоъ Артанян ва дӯстони рафшанфикру зираки ӯ Атос, Портос, Арамис ва муборизаи онҳо бар зидди хотуни пурфитнаву зишткор ҳикоят мекунад.

Ин асар барои хонандагон бо каломоти хос дарҷ гардида, иштироки қаҳрамонони он дар нақши мусбату манфӣ ҷойгоҳи намоёнеро гирифтааст.

Барои аз лаҳзаҳои таърихӣ ва шавқовари ин роман бохабар шудан дӯстдорони китоб метавонанд онро дар Китобхонаи миллӣ дастрас ва  мутолиа кунанд.

Сурайё Одинаева,
Шуъбаи таъмир ва
тармими
ҳуҷҷатҳо