Аз таърихи суннати парчаму парчамдории тоҷикон.
Бахши дуввум
Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллат аз оғози таърих то ба имрӯзро дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Тасвирҳое, ки дар рамзҳои шоҳони ориёии Эрон ва Тӯрон дар сиккаҳо, деворнигораҳо дида мешаванд, роҷеъ ба хусусияти хоси давлатдории гузаштагони мо маълумот медиҳанд. Яке аз чунин аломатҳо тасвири шер мебошад. Шер рамзи қудрат, неки ва шукуҳи кишвар буда, нишонаи неруву тавоноӣ ва далериву паҳлавонӣ будааст.Бозёфтҳои бостоншиносӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки шери болдор рамзи давлатдории подшоҳони Суғд ва нишонаи давлатдории шоҳони Хатлон будааст. Дар қисмати боло ва пойини нишони шоҳони Хатлон шерозаи ороишӣ тасвир ёфтааст, ки чунин гулкорӣ дар сохтмон ҳам истифода мешуданд. Дар маркази нишон тасвири ду шери ба ҳамдигар назаркунанда ҷой дода шудааст, ки маънои он «рақибро аз худ кам ҳисоб накун» мебошад. Сарчашмаҳои таърихӣ тасвири шерро ҳамчун рамзи бостонии давлатдорӣ ёдовар мешаванд. Дар баъзе катибаҳо ва устураҳо иттилоъ дар бораи шери тоҷдор омадааст, ки тасвири он дар рамзҳои давлатӣ ба маънои муҳофизи дарахти ҳаёт арзёбӣ мешуд.Тасвири шер ба маънии шоҳи ҳайвонот ва уқоб ҳамчун ҳомии озодӣ ва ҳоким дар миёни парандаҳо рамзи қудрату бузургии давлат ва ғолибияти лашкар будааст.
Омӯзиши таърихи парчамдории тоҷикон собит намуд, ки бештари шаҳрвандон ба тасвири шер дар парчам ва нишони тоҷикон тавваҷуҳи хоса доранд.Мавриди зирк аст, ки дар Иҷлосияи ХVI-уми Шуроӣ Олии Тоҷикистон зимни таҳияи рамзҳои давлатӣ аз ҷониби комиссияи таъсисёфта ва баъзе донишмандони тоҷик ба Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол илова намуда тасвири шери болдор тасвия шуда буд. Дар ин росто, зарур донистем, ки оид ба мавқеи шер ва тасвири он дар рамзҳои давлатӣ дар мисоли давлатдории шоҳони Хатлон чанд маълумоте ироа намоем. Таҳлили бахши иҷтимоии шабакаи ҷаҳонии Интернет роҷеъ ба афрохта шудани парчами баландтарини дунё дар Тоҷикистон нишон дод, ки бештари мардум дар баробари афрохта шудани парчами баландтарин дар пойтахти давлати тоҷикон ба суннати парчамдории тоҷикон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуданд.Дар иртибот ба эътибору эътиқоди мардум нисбат ба тасвири шеър ба таърихи шоҳони Хатлон руй овардем. Маълум гардид, ки ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ дар нимаи аввали солҳои 50-уми асри ХХ бо иштироки олимони шинохта Б.А.Лиитвинский, Е.А. Давидович,Э.Ғуломова ва Ю.Ёқубов дар мавзеи Ҳулбук бисёр нигораҳои ошкор шудаанд, ки доир ба паҳлуҳои гуногуни зиндагии дури мардуми ин минтақа ҳикоят мекунанд. Агар як қисмати бозёфтҳо аз рӯзгори ҳаррӯзаи мардум, яъне ҳунару ҳунармандӣ, санъати кулолгариву тасвирӣ, коркарди шишаву гаҷкорӣ ва наққошиву кандакорӣ маълумот диҳанд, тасвири шер дар муҳр, сутунҳои қасри Ҳулбук, роҳравҳо, маснуоти сафолин ва ҳайкалчаи биринҷи далели ҳунари рамзнигории ин мардум будааст. Ақидаҳои иҷтимоӣ ва фалсафии мансуб ба он давраҳо мутобиқ ба дарки онҳо мухталиф буда, дар ин замина мардум худоҳои гуногунро парастиш мекарданд ё ба ашё ва ҳодисаҳо эътиқод доштани худро нишон медоданд.Масалан, офтоб ҳамчун худои рӯшноӣ мавриди парастиш қарор дода мешуд.Шер ҳамчун ҳайвони ҷасуру тавоно ва чобуку неруманд дар байни дигар ҳайвонҳо бештар таваҷҷуҳи мардуми аҳди бостонро ба худ ҷалб карда, ба он ҳамчун рамзи тавоноӣ ва ғолибият эътиқод доштаанд. Тибқи фарзияи бостоншиноси тоҷик Э.Ғуломова, ки аз муҳаққиқони харобаҳои шаҳри Ҳулбук мебошад, шер ба ҳайси посбони хонадон аз таъсири ҳар гуна зиёну офатҳо дониста шуда, тасвири он дар хонаҳо ва ашёи рӯзгори мардуми Хатлонзамин роиҷ будааст. Бостоншиноси маъруфи тоҷик Ю.Ёқубов бар ин ақида аст, ки шер ҳамчун рамзи худои Офтоб-Меҳр парастида мешудааст. То рӯзҳои мо дар бораи фаровон истифода шудани тасвири шер, ҳамчунин номи шер дар рӯзгори мардуми Хатлон маълумоти зиёд расидааст. Истилоҳот ва ибораҳои то ҳол роиҷи шери жаён шери ҷангӣ, шеросо шергир ва шерафкан ифодагари рӯҳи мағлубнопазири қаҳрамонони «Шоҳнома» мебошанд.Ба ин мазмун, яке аз қаҳрамонони «Шоҳнома» Афросиёб не руи бемислу монанди лашкарашро чунин ифода менамояд:
Ҳама реги дарё маро лашкаранд,
Ҳама наррашерону кундоваранд.
Абулқосим Фирдавсӣ ҳангоми таввалуди Рустам аз забони Симурғи афсонавӣ дар бораи ояндаи Рустам чунин мегӯяд:
Аз ин сарви симинбари моҳрӯй,
Яке шер бошад туро номҷуй.
Ба гоҳи хирад соли сангӣ бувад,
Ба хамш андарун шери ҷангӣ бувад.
Агар ба гуфтаҳои Ибни-Хурдодбеҳ, ки шоҳони Хатлонро то ҳуҷуми арабҳо шерони Хатлон гуфтааст, такя намоем, бо имтинон метавон гуфт, ки акси шер дар нигораҳои таърихӣ ва нисбат додани он ба шоҳон рамзи ба далерӣ ва шуҷоати ин мардум будааст. Шоҳони Хатлон ҳам ба ҷасуриву далерӣ ва ҳам бо сафдориву лашкаркашиҳояшон соҳиби чунин чунин сифатҳо буданд. Барои таъйиди гуфтаҳои боло корнамоиҳои шоҳони Хатлон ас-Сабол (ё Шоҳбол) ва Бадр-Тархунро алайҳи арабҳо чун далели шуҷоатмандии онҳо метавон зикр кард. Ҳамунин, дар давраи Халифато араб сулолаи Баниҷуриён бо ҷасурӣ ва шуҷоат машҳур будаанд. Бузургӣ ва нерумандиву ҷасурии шер нисбат ба дигар ҳайвонҳост, ки он миёни мардуми эронинажод бо ибораи шоҳи ҳайвонот ёд мешавад. Мардуми ориёӣ ҳанӯз аз аҳди бостон дар даромадгоҳи қасру хона ва роҳравҳо расму ҳайкалчаи шери болдорро ҳамчун рамзи дахлнопазирӣ, устуворӣ ва бузургиву абарқудрат будани давлати хеш ҷойгир мекарданд. Бояд гуфт, ки дар ин тасвир ҳайбату хашми шерона кам дида мешавад.Чунин тасвирҳо низ ба мушоҳида мерасанд.Аз тасвирҳои шер, ки то ба имрӯз мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд, ки мардуми Хатлон хусусан сокинони Ҳулбуки бостонӣ сарфи назар аз талаботи шариати ислом шерро дар зарфҳои сафолӣ, оҳанӣ ва гаҷ ба таври фаровон тасвир мекарданд .Чунин тасвирҳо дар дигар навоҳии бостонии ин сарзамин низ ба назар мерасанд.Бостоншиносон дар натиҷаи омӯзиши тасвирҳои шер ба хулоса омаданд, ки ҳунармандони Ҳулбук дар давраи Хилофати араб низ аз суннату анъанаҳои пеш аз исломии худ даст кашида, балки онҳоро мутобиқ ба талаботи замон эҷодкорона густариш додаанд. Дар маснуоти сафолин, ки гирдогирдаш акси шер тасвир ёфтааст, навиштаеро ба хати кӯфи пайдо карданд, ки то ҳол хонда нашудааст. Кашфи ҳайкалчаи биринҷии шер дар қалъаи Ҳулбук хело ҷолиб аст.Қисми болои гӯши чапи ҳайкалчаи шер лӯнда буда, рамзаш курашакл будани заминро ифода мекунад. Ҳайкалчаи мазкур аз қисми гардан кушода мешавад, ки дар дохили он испанд ва гуна растаниву гулҳои хушбуйро ьдуд дода, ҳуҷраҳои қасрро хушбуй менамуданд ё ба воситаи дуди испанд ба беморон шифо мебахшиданд. Дуд аз дохили ҳайкалчаи шер тавассути ду паҳлуи гардан, ких еле моҳирона гулбурӣ шудааст, берун мебарояд.
Тасвири Ҳулбук –аз инсон сар карда, то мавҷудоту растаниҳо басо ҷолибу диданӣ буда, рамзи диловарӣ, матонат, ҷасуриву мардонагӣ ва меҳпарастии мардуми ин сарзамин дониста мешавад. Яке аз машҳуртарин пажуҳишгарони нақшҳои бостони Осиёи Миёна Л. Ремпел таъкид кардааст, ки аксҳои салибу чалипо ҳамчун рамз дар эҷодиёти ҳамаи халқҳои олам мушоҳида мешаванд. Дар ҳақиқат, ковишҳои бостоншиносӣ инро исбот намудаанд. Тибқи нақшҳои девории аз ҳудуди Самарқанд бозёфтшуда маълум мегардад, ки дар ин ҷо теъдоди тасвирҳои салиб, свастика ва дигар намодҳои митроӣ нисбат ба дигар шаҳрҳо бештар будааст. Л. Ремпел дар асараш «Занҷири замонаҳо» овардааст, ки расми шер дар рӯи ғолоф аз устухони фили аз Тахти сангин кашфшуда ба асри V милод тааллуқ дошта, беҳтарин тасвир дар санъати нафисаи Осиёи Миёна маҳбус мешавад. Шер ба пойҳои қафо ба тарзи гералдикӣ рост истодааст, ки чунин услуб хоси санъати нафисаи дарбори Ҳахоманишиён арзёбӣ мегардад. Дар мусаввараи мазкур оҳу ба ҳайси дарахти ҳаёт тасвир шудааст. Л. Ремпел дар иртибот ба тасвири шере, ки дар чӯб кандакорӣ шудааст (Панҷакенти асри VIII), ёдовар мешавем, ки дар он шер аломати ҳукумат доштани шоҳон мебошад. Ҳамчунин, ӯ таъкид мекунад, ки аҳли ислом дар он айём ба намоди шер зиддият надоштаанд.
Тибқи фарзияи таърихнигорони чинӣ шоҳони Осиёи Марказӣ дар дарбор шерҳои зиндаи оромшударо нигоҳдорӣ мекарданд. Ҳатто дар асрҳои IV-VI милод сафирони Суғд ба Чин бо худ ду маротиба шерро бурда буданд. Ин гуфтаҳо далели он мебошад. ки дар фарҳанги давлатдории мардуми мо шер дорои ҷойгоҳу мақоми махсус будааст. Дар остонаи ҷашни 3000-солагии Ҳисори бостонӣ тибқи дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзи 3000-солагии Ҳисор тасдиқ гардид. Рамзи Ҳисор даврашакл буда, давра бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оро ёфтааст. Қисми поёнии давра ба ду тараф тасвири барги дарахти ғор ҳамчун нишони ифтихорию қаҳрамонӣ ва аз қисмати болои онҳо хӯшаҳои гандум ба сифати рамзӣ кишоварзӣ ва неъмат зинат дода шудааст. Рамз дар заминаи 2 адад болосутуни сангии асри II-и пеш аз милод, ки соли 1965 аз ҳудуди ноҳияи Шаҳринав бозёфт шудааст, сохта шудааст. Ба сифати унсури асосӣ дар рамзи мазкур тасвири шер истифода шудааст.Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ тасвирҳои дорои чунин аломат бештар ба мардуми ориёӣ мансуб буда, тасвири шер бахусус, дар қадим бештар дар байни мардуми Ҳиндустон ва байнаннаҳрайн маъруф мебошад.
Шаҳри Ҳисор дар шоҳроҳи бузурги абрешим ҷой гирифта, дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун шаҳри бархурди тамаддуни фарҳангҳо ва ҳамчун сарзамини зарнисор таъмингари неъмати кишоварзӣ дар минтақа ба шумор мерафт. Яке аз мавзеъҳои машҳури Осиёи Марказӣ минтақаи Панҷшери Афғонистон мебошад. Тибқи маълумоти маҳаққиқон даҳбедиҳое, ки мавзеи Панҷшери Афғонистонро ватан ихтиёр кардаанд, аз ҷумла Аҳмадшоҳи Масъуд аз Самарқанд намоди шери қудсиро ҳамроҳ бо он ҷо оварданд, аз ин рӯ, калимаи панҷ дар номи Панҷшер ба маънои рақам набуда, балки ба маънои қадимтари он яъне ба маънои муқаддас омадааст. Аз ин ҷост, ки панҷшериён қаҳрамони миллӣ-Аҳмадшоҳи Масъудро пеши Панҷшер номидаанд. Дар як нигоштаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба бозёфти муҷассамаи нодире аз ҷануби Тоҷикистон омадааст, ки «куҳнатарин бозёфти маъбади Вахш ин ғилофи оҷии барои ханҷари бохтарӣ сохтаи акинак аст… Шер дар қисми болоии ғилоф акс ёфтааст, к ибо пойҳои пеш оҳуеро дошта, бо пойҳои қафо одамвор рост истодааст. Шер то андозае қиёфаи инсонӣ дошта, тибқи асотири ривоятӣ ба тавоноиву қудрати шоҳон асос ёфтааст».Ин ҷо Президенти кишвар кишвар ишора бар он дорад, ки шер дар ин маврид давлатдорӣ аст.
Тасвири ду шери тоҷдори муҳофизи дарахти ҳаёт низ аз қабили қабили қадимтарин аломатҳо ба шумор меравад. Дар ғилофи оҷии аз тахти сангин ёфтшуда шери намодӣ тасвир шудааст, ки оҳуеро дар даст нигоҳ медорад .Чунин ҳолат такмил ёфта, дар асрҳои минбаъда ба он хуршеди аз паси шер тулӯъкунанда илова шудааст.Дар баъзе сарчашмаҳои назмии форсӣ ба таври рамзӣ офтобро шери фалак меноманд. Дар замони мавҷудияти ойини митрой шер рамзи хуршед маҳбус мешудааст. Чунин ҳолатро дар мисоли тасвири пештоқи Мадрасаи Шердор дида мешавад, ки хуршед бо худ симои занонаи митроӣ гирифтааст.Дар ин тасвир шер дар нақши муҳофизи сарчашмаи ҳаёт омадааст. Маҳз ҳамин омилҳо ва муҳаббати мардуми мо ба шер боис шудааст, ки дар муқаддастарин рамзӣ давлатдорӣ –Парчами давлати ҷой додани тасвири шерро дархост намуда буданд.
Аз таърихи халқи тоҷик маълум мегардад, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ мақому манзалати парчам боло рафта, нишонаи нангу номус ва ифродгари ҳастию пояндагии давлат эътироф шудааст. Бар асоси сарчашмаҳо парчамҳои бостонӣ аз матои зебою нафис сохта шуда, тартиби истифода ва ҷойи махсуси нигоҳдории худро доштаанд. Дар деворнигораҳои аз Панҷакенти қадим ёфтшуда ҷойгоҳи махсуси ногиҳдории парчамҳо акс ёфтааст, ки дорои услуб ва тартиби махсус мебошад. Тибқи онҳо қароргоҳи парчамҳо аз ҷониби шахсони масъул посбонӣ карда шуда, низоми ҷойгиркунӣ ва гирифтани парчамҳо муқаррар карда шудааст. Бинобар расмиёти лашкаркашӣ сипоҳиён ҳангоми набард зери парчам гирд меомаданд ва ҷилавгирии парчам нишонаи зафар дониста мешуд. Ҳангоми набард парчамбардорон дорои мақоми махсус будааст.
Таҳияи Рисолат Шералиева
шуъбаи хизматрасонӣ ба
шахсони имконияташон маҳдуд..