Занони номовар
Ривоят мекунанд: Дар олами пурасрор дарандаи кучактарин вуҷуд дорад, ки як бор суруд мехонад ва маконаш олучазор аст. Ҳине, ки ҳеваи хонданаш мегирад синаи худро ба хори олуча мениҳад ва нола дар медиҳад. Ҳар қадар, ки хор ба синааш фурў меравад, фарёду нолааш афзунтар мешавад. Дар суруди нахусту вопасин аз дилу ҷон таронаи ширинии ҷонро месарояд. Мегўяд, ки дар сурудаш маънии зиндагӣ ниҳон аст қиёс кард, ҳадс мезананд ровиён.
Сифати зан модарро наметавон бо сухан ифода кард. Бузургии ў дар ниҳоду бунёд ва мавҷудияташ аст. Ситоишу назокати занонро бо шаддаи марворид тор бикашем шояд ҳамрадифи хатти истиво ҳамел шавад.
Аз тавоноӣ ва нерумандиашон буд, ки фаришташон хонданду илоҳа. Аз даврони хеле кўҳан ба тавсифу тасвираш пардохта буданд. Аредвисура Ноҳид аз ин ҷумла аст ва ба қавли Пури Довуд Обоняшт, ки дар сифати ӯст, дилкаштарин қасидаест, ки аз эрониёни қадим бо ёдгор мондааст: «Синаҳои баромада ва камарбанди танг дар миён баста, болои гардуна-чор асп – боду абру борону жоларо меронад. Ноҳид бо ҷавоҳирот ороста, тоҷи зарин ба шакли чархе, ки сад гавҳар аз он нупошӣ дорад ва аз атрофи он наворҳои пурчин оехта. Тавқи зарин даври гардан ва гӯшворҳои чаҳоргушаи ҷавҳирнишон дар гўш дорад. Кафшҳои дурахшонро дар пойҳои худ бо бандҳои зарин маҳкам баста болопўше аз пӯсти се бабр ки монанди симу зар медурахшанд дар бар ҷомаи пурчини заррин ба тан карда дар баландтарин табақаи осмон осуда аст…». Ӯ зоиши занонро осон мекунад, ширро пок мекунад ва бо галаву рама шуморо меафзояд. Ў эзиди ифату исмат (чуноне дар Юнон-Артамис, дар Рум Диана) ва обистани занон аст. Занонро ба сифати фаришта, ки ба маънии фиристода ва қосид нигаҳбонӣ мекунад ва паём медиҳад. Аз ҳамин илоҳа зинда мешавад сифату афрўзаи занон дар адабиёти хаттӣ ва мусавварасозӣ. Аз эзид Аредвисура метавон шуҳрату овозаи номоваронро вохўрд, ки мақому манзалат доштанд. Достонҳои «Шоҳнома», «Барзунома», «Бурондўхт», достонҳои романтикии «Самаки айёр», «Ҳазору як шаб», «Савсаннома» ва достони шифоҳи «Гурғулӣ» дар ҳамин радиф аз ҷасорату дилёварии занон ёддошт кардаанд. Моҳофарид-духтари Фаридун, Рудоба-модари Рустам, Мандана-модари Куруши Кабир, Суманноз-духти Куранг, шоҳи Зоулистон, ки пасон ба Ҷамшеди дил баст, Орзу-духти Моҳёр, Озармаҳ, Фарангис, Катоюн, Гурдофарид, Шаҳрбону, Ҳумоё ва бонуҳои размовари эпоси мардумии «Гурғулӣ»: Ширмоҳ, Қарақуз, Ҳилолбӣ, Сабзпарӣ ва дигарон аз шеваи амали номоварон ҳикоят мекунанд. Адабиётшиноси Рус Ширмоҳро бо Ноҳид ташбеҳ дода буд, ки беҳуда нест. Аз хусуси Атиқаи Ҳофиз (Ромишгари асри 8 ва ибтидои асри 9), Ҳабиба бинти Абулмансур (ромишгар ва арғуштии эронии асри 8), Ситтии Зарин (хунёгар ва бастакори асри 21) ва дигарон маълумот то ин замон расида, ки аз шавкату шони бонувон ва ҳунари эшон далеланд.
ОРЗУ
Дар адабиёт номи ҳамсари Салм аст. Зани покизаи хубчеҳра, ки борҳо шавҳарашро аз нияти бадаш нисбати Эраҷ гардонданӣ буд Номи Орзу ин замон низ густариш дорад. Аз навиштаи Ҳаким Фирдавс метавон ба номҳои зебои озода ва Перосиҳӣ низ вархўрд, ки ҳамсари Тўр ва Эраҷ будаанд.
Зани Салмро буд ном Орзўй,
Зани Тўрро ном Озодахўй,
Зани Эраҷ нек Перосиҳӣ,
Куҷо буд суҳайлаш ба хуби раҳӣ.
Дар манбаъҳо инчунин аз Орзўӣ, ки духтари Моҳёр буд, сухан рафтааст. Ба қавли навиштаҳо ӯро Баҳроми Гўр ба ҳамсари пазируфта буд.
КАТОЮН
Номи занони маъруф аст, дар миёни аҷдод. Дар матнҳои пешин ҳамсари Кай Гуштосп ва духтари Қайсари Рум (Византия)-ро ном аст. Марвист, ки Кай Гуштосп аз падараш Луҳросп ранҷида ба Рум омад. Ва ин ҷо Катоюнро бо чеҳраи дилфиреб дида ошиқ мешавад. Дар ин маврид аз Дақиқӣ аст:
Пас аз духтари номдор Қайсарро
Ки Ноҳид буд ном он духтарро.
Катоюнаш хондӣ гаронмоя шоҳ.
Ду фарзанд омад чу тобанда Моҳ,
Як номвар Фаррух Исфандиёр,
Шаҳи корзори набарди савор.
Башутан дигар гурди шамшерзан,
Шаҳи номдори лашкаршикан.
Аз байтҳо рушан мешавад аз Кай Гуштосп ва Катоюн ду фарзанди бонангу хубчеҳра Исфандиёр ва Башутан ба саҳнаи пайкор омаданд.
САВСАН
Дар луғатномаҳо Сусан, Савсан омада ва достоне бо ин унвон низ дар адабиёт мавҷуд аст Дар асл, як пораест аз «Барзунома», ки ба риштаи назм кашида шудааст. Мазмуни достон аз сагузашти зани ромишгарест. Ба ровиён ў аз Тўрон ба Эрон омада бо макр паҳлавонони Эронро ба банд андохтанӣ буд, то назди Афросиёб бибарад. Яқин буд, ки ба мақсадаш мерасад. Дар ин ҳолат Фаромарз аз қасди Савсан огоҳ шуда, бо кўмаки Рустам паҳлавононро аз банд раҳо мекунанд.
ҲУМОЙ
Дар Фарҳангномаҳо Ҳумоё, Ҳумаё омадааст, ки фархунда ё ҳумоюн маънидод мешавад. Дар паҳлавӣ тағйир ёфтааст дар шакли Ҳумок. Бино ба қавли пажўҳишгарон дар «Ёдгори Зарирон» ҳикоятест, ки Кай Гуштосп пас аз кушта шудани номвари кишвараш ба лашкариёбиаш муроҷиат мекунад: «Кист дар миёни шумо размоварон, ки аз кушандаи Зарир интиқом бикашад, то ман духтарам Ҳумокро, ки дар мамлакат зеботарин зан аст, бад -ў диҳам. Аз барои ў дар қасри Зарир ҷой созам ва ўро сипаҳбуди лашкар гардонам». Ба ин мазмун порае ба риштаи назм омада:
Ба лашкар бигуфто кадом аст шер,
Ки боз оварад кини фаррух Зарир.
Кӣ ҳаргиз миёна ниҳад пеш пой,
Мар-ўро диҳам духтарамро-Ҳумой.
ОЗАРМАҲ ОЗАРМИДЎХТ:
Дар луғатнома ва фарҳангномаҳо ба ҳар маънӣ ташреҳ шудааст Гурўҳе Озармидўхтро ба маънии «духтари шармгин» пазируфтаанд. Вале огоҳон бар онанд, ки Озармаҳ ё Озармидўхт ба маънии «духтари ҳамешаҷавон ва пирношуданӣ» омадааст: Таърихнигорон зикри подшоҳиаш кардаанд. Ў духтари Хусрави Парвиз буд ва овардаанд, ки пас аз сари хоҳараш Бўрондўхт ба василаи лашкариёнаш подшоҳ шуд ва 6 моҳ салтанат ронд. Ва бо номи худ шаҳре бунёд карда буд. Ёқут таъкид мекунад: Шаҳре, ки маликаи авохири аҳди Сосонӣ бино карда буд, дар наздикии Кирмоншоҳ воқеъ буд.Озармоҳ зани хубчеҳраи огоҳ буд ва сарнавишти ғайримуқаррарӣ дошт. Аз нотарсӣ ва ҷасораташ ёд мекунанд. Овардаанд, ки Фаррухи Ҳурмуз яке аз бузургони Эрон ва сипаҳбуди Хуросон хост Озармидўхтро ба зани бигирад. Ва хостгор фиристод. Аз ин ғазаби малика боло гирифт ва амр ба куштанаш дод. Аз ин ҳаводис ва тақдири худ дилвопас писари Ҳурмуз Рустами Фаррухзод бо лашкари бешумор аз Хуросон ба Тайсафун расид ва хунбаҳои падарашро аз малика ситонд. Рустами Фаррухзод пасон сипаҳсолори Яздигирд баргузида шуд ва дар пайкар бо лашкари араб соли 635 мелодӣ кушта гардид”.
ШАҲРБОНУ:
Охирини шоҳи эронӣ Яздигирд се духтар дошт. Дар миён ҷасур ва огоҳу доно Шаҳрбону буд. Пас аз шикасти Яздигирд хонаводаи ўро ба Мадина оварданд. Дар боби чи гуна сурат гирифтани тақдири аҳли байти Яздигирд андешаҳо мухолифанд. Чи ки ба давраи муқовимати Абубакру Усмону Алӣ рост меомад. Он замон халифа Абўбакр буд. Ў дар ҳоли арзиш гузоштан ба ҳар кадоми ў буд, ки Шоҳбону нафрин ба Хусрави Парвиз фиристод, ки сабаби гирифториашонро дар ў медид. Умар пиндошт, ки ўро бад мегўяд ва бар муҷозоташ кашиданӣ буд, ки Алӣ дар миёни даромад.
Андешаи дигар низ ҳаст, ки дар он маҷлис Салмони Форсӣ ба сифати тарҷумон дар муҳовараи Алӣ ибни Абутолиб ва Шаҳрбону ширкат доштааст. Ҷасорат, назокат ва зебогии Шаҳрбону Алиро мафтун кард. Ба қавли донандагон Алӣ ўро барои писараш Имом Ҳусейн хостгор шуд. Издивоҷ баргузор гардид ва Шаҳрбону модари Зайнулобидин аст. Ва дар таърих Шаҳрбонуро бо сифати «шоҳи занон» шинохтаанд.
Аз китоби Ҷонибек Асрориён, Анушервон Асрориён “Марз ва марзбонӣ”. Душанбе, соли 2017.
Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.
Таҳияи Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи тарғиб
ва барномаҳои фарҳангӣ