«Ҷумҳурият»: Сад соли бедории фикрии миллат»…
Имрӯз ба ифтихори «Рӯзи матбуоти тоҷик» ва садсолагии фаъолияти нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Ҷумҳурият» бо ташаббуси шуъбаи матбуоти даврии «Китобхонаи миллӣ»–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-оммавӣ таҳти унвони «Ҷумҳурият»: Сад соли бедории фикрии миллат» баргузор карда шуд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола ҷомеаи журналистии тоҷик иди касбии худро 11 март, ки ба рӯзи нашри аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикӣ – «Бухорои шариф» рост меояд, таҷлил менамояд. Лозим ба зикр аст, ки Рӯзи матбуоти тоҷик дар замони Шӯравӣ 5 май – рӯзи нашри нахустшумораи рӯзномаи «Правда» таҷлил мегардид ва соли 1994, пас аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парлумони кишвар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуда, 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик қабул гардид.
Ба ҳамин ифтихор Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-оммавӣ таҳти унвони «Ҷумҳурият»: Сад соли бедории фикрии миллат» ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар кори он роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону муҳаққиқон, собиқадорони соҳа иштирок ва аз таърихи рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва нақши он дар бедории миллат ва фазои иттилооти тоҷик аз замони таъсис то имрӯз сухан гуфтанд.
Конфронс бо сухани ифтитоҳии директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷрояии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Ҷумахон Файзализода оғоз шуд. Сарвари Китодхонаи миллӣ зикр кард, ки барои таъсис ва ҷолибу пурмуҳтаво рӯи чоп омадани аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо равшанфикрони миллат, заҳмати зиёд кашидаанд. Имрӯз дар майдони матбуоти кишвар беш аз 600 рӯзномаю маҷалла аз ҷумла нашрияҳои расмӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ, соҳавӣ ба табъ расида, бо инъикоси мавзуъҳои гуногун дар огаҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузоранд. Шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ бойгонии азими нашрияҳои даврӣ ба шумор рафта, ҳамасола ба ҳазорҳо нафар хонандагон хидматрасонӣ мекунад. “Ҷумҳурият” яке аз аввалин рӯзномаҳои расмии мо ба ҳисоб рафта, ҳазорҳо нусхаи он дар фонди шуъбаи матбуоти даврӣ нигоҳдорӣ мешавад. Мақсад аз ташкили чунин конфронҳо назаре ба таърихи матбуот ва арҷ гузоштаи ба заҳмату талошҳои аввалин муҳарирони мо аст, ки имрӯз мо боифтихор аз “Рӯзи матбуоти тоҷик” ҳарф мезанем ва гуфта метавонем, ки яке аз рӯзномаҳои расмии мо 100 сол муқаддам ба нашр расидааст.
Дар идома, Зиннатуло Исмоилзода – Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон суханронӣ карда, ҳамагонро ба омад-омади “Рӯзи матбуоти Тоҷик” шодбош гуфт. Исмоилзода қайд намуд, ки Китобхонаи миллӣ ҳамасола дар арафаи Иди матбуот яке аз аввалинҳо шуда тантанаро оғоз мекунад ва мо ҷомеаи журналистии кишвар ин иқдомро ҳамеша қадр мекунем ва омодаем дар тамоми ҷанбаҳо бо ин муассисаи бузурги фарҳангӣ ҳамкорӣ дошта бошем.
Сипас, Ҳуринисо Ализода – адиб ва рӯзноманигори тоҷик дар мавзуи «Рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашрияи рақами яки ду шакли давлатдории миллати тоҷик» сухан гуфт. Ин рӯзноманигори шинота аз аввалин тамосҳои худ бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва мақому манзалати он дар замони Шӯравӣ ва замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон андешаронӣ намуд. Ализода изҳор дошт, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият”аз аввалинҳо буд ва мо орзу мекардем, ки шояд замоне бо ин нашрия ҳамкорӣ кунем. Дар “Ҷумҳурият” журналистика хеле ҷиддист ва ҳар маводи сабук ба он роҳ намеёбад ва мо ифтихор мекунем, ки чунин рӯзнома то имрӯз дар фазои иттилоотии мо фаъол аст ва мо садсолагии онро ҷашн мегирем.
Дар ҳамоиш ҳамчунин устодони кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ширкат ва доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти рӯзномаи “Ҷумҳурият” маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.
Профессори кафедраи матбуоти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мурод Муродӣ зимни ироаи маърза бо номи «Нақши рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар бедории фикрӣ ва ҳуввийяти миллӣ» иброз дошт, ки «Ҷумҳурият» нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки нахустин шуморааш 15-уми марти соли 1925 ба муносибати ташкил ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо номи «Иди тоҷик» бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расидааст. Аз шумораи дуюмаш «Бедории тоҷик» ном гирифта, 5-уми апрели соли 1925 бо теъдоди 2500 нусха ба табъ расидааст. Рӯзнома дар як ҳафта ё дар ду ҳафта як маротиба рӯи нашр меомад. Соли 1926 56 шумора ва соли 1927 74 шумора нашр шудааст.
Ҳамчунин, профессори факултаи журналистикаи ДМТ Нуриддин Бозорзода дар мавзуи «Бозтоби робитаҳои навини Тоҷикистону Ӯзбекистон дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Маърӯзаи устодони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода муҳаққиқи соҳаи матбуот дар идома вобаста ба мавзуи «Солномаи рӯзгори Тоҷикистон»: («Иди тоҷик» – «Ҷумҳурият»). Дар шакли рӯнамоӣ пешниҳод гардид. Устод Шарифзода иброз дошт, ки аз солҳои аввали фаъолият рӯзнома марҳилаҳои гуногуи таърихиро пушти сар намуда, бо номи “Иди тоҷик” баъдан “Бедории тоҷик”, “Тоҷикистони сурх”, “Тоҷикистони Советӣ”, “Тоҷикистони шӯравӣ” фаъолиятнамуда, дар замони соҳибистиқлоли ба “Ҷумҳурият” ивази ном карда, то имрӯз фаъолият дорад.
Дар мавзуи “Таҳаввули матбуоти даврӣ дар шароити ташаккули журналистикаи чандрасонаӣ” – Наргис Усмонова мудири кафедраи матбуоти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маърӯза кард. Усмонова доир ба журналистикаи замони нав ва фаъол гардонидани сомонаҳои расмии рӯзномаҳо дар шабакаи ҷаҳонии интернет ва инчунин фаъолияти онҳо шабакаҳои иҷтимоӣ сухан кард. Қайд гардид, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият” имрӯз натанҳо дар шакли чопӣ, балки дар шакли электронӣ – сомонаи расмии худ бисёр фаъол буда, ҳамчунин дар дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша хонандагонӣ худро пайгирӣ мекунад. Ҳамчунин фаъол гардидани Ютубканали рӯзномаи мазкур далели ҳамқадами замон ва ҷомеа гардидани рӯзномаро дарк медиҳад. Барои рӯзнома ва ҳайати кории он барор ва садсолаҳои дигар рушду нумӯи онро таманно мекунем” илова кард, Наргис Усмонова.
Сипас, маърӯзаи номзади илмҳои филологӣ, мудири китобхонаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Таҳмина Каримова дар мавзуи «Ҷумҳурият» – равнақи маънавии халқи Тоҷикистон» пешниҳоди иштирокдорони ҳамоиш гардид. Каримова дар маърӯзаи худ оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар замони соҳибистиқлолӣ ва нақши он дар пешбурди журналистикаи тоҷик суханронӣ кард.
Намоянда аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Раҳмонзода дар мавзуи «Заминаҳои таъсиси рӯзномаи «Ҷумҳурият» маъруза карда, аз аввалин рӯзҳои таъсиси рӯзнома ва аввалин сармуҳарирон, аввалин мавзуъҳо ва аввалин нашрҳо суҳбат кард.
Дар фарҷом маърӯзаи устоди кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Бахтовар Темурзода дар мавзуи «Шириншоҳ Шоҳтемур ва таъсиси рӯзномаи «Бедории тоҷик» дар ёдномаи Баҳриниссо Тоҳирова» шунида шуд.
Дар қисмати ҷамъбасти Қурбон Мадалиев – собиқадори матбуот, собиқ муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва Бузургмеҳри Баҳодур сардори Маркази кор бо шабакаҳои иҷтимоӣи рӯзнома суханронӣ намуда, ба ҳозирин барои иштирок ва суханронӣ изҳори сипос намуданд. Ба директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода аз ҷониби нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва тарғибу ташфиқи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Сипоснома” тақдим гардид.
Дар поёни нишаст миёни иштирокдорон дар мавзуъҳои мухталифи Рӯзи матбуот ва нақши нашрияи “Ҷумҳурият” дар бедориву худшиносии афкори миллат табодули афкор сурат гирифт.
Наргис НАЗАРЗОДА,
баъши матбуот
ва робита бо ҷомеа