“Дар суҳбати адиб” – бо Наргиси Муродалӣ
Шоири бачаҳо Наргиси Муродалӣ ин навбат меҳмони маҳфили “Дар суҳбати адиб”-и шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ гардид. Шоир бо хонандагони фаъоли шуъба аз айёми кӯдакӣ, аввалин шеърҳо ва завқи китобхонии худ суҳбат намуд.
Дар оғози маҳфил Нозанини Шӯҳрат ровии барнома дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоири бачаҳо Наргиси Муродалӣ ба хонандагон маълумот дода, таъкид намуд, ки шоири бачаҳо будан воқеан мушкил аст ва на ҳар кас ба ин майдон ворид шуда мувафақ мегардад.
Бояд гуфт, ки Наргиси Муродалӣ асосан барои кӯдакону наврасон менависад. Муаллифи чандин маҷмуаҳои афсонаву ҳикояҳо мебошад. Аз ҷумла “Оҳи бадард”, “Фарзанди аз ҳама азиз”, “Моҳича ва қурбоққа”, “Зан ва қисмат” ва дигар қиссаҳу ҳикояҳои ӯ айни ҳол дастраси хонандагон мебошанд.
Дар ҷараёни маҳфил асосан аз навиштани аввалин ҳикояҳои ӯ ва дар маҷаллаву рӯзномаҳои гуногун рӯи чоп омадани онҳо сухан гуфта шуд. Хонандагон ҳикояҳои нависандаро хонда ба онҳо аз наздик ошно гардида, ба суолҳои худ аз муаллифи онҳо посух гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки маҳфили “Дар суҳбати адиб” моҳе ду маротиба бо ташаббуси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар ҳамкори бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” доир гардида, дар он хонандагони шуъба ва довталабони озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок мекунанд. Мақсад аз баргузории чунин маҳфилу нишастҳо аз наздик ошноӣ пайдо намудани хонандагон бо осори нависандагон ва шоирон буда, ҳамчунин бедор намудани завқи китобдӯстии онҳо мебошад.
Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа