Ҷонам фидои Модар!

Ҷонам фидои МодарМодар- сарчашмаи ҳаёти инсон,ғамхори беҳамто ва дўстдорияш беминнат, меҳру муҳаббаташ самимию беканор…

Модар, модар ту ҳадяи Яздонӣ,

Инъоми Худо барои фарзандонӣ.

Додӣ ту ба мо ҳазор як дарси ҳаёт,

Як умр барои мо ту саргардонӣ.

Дар ҳақиқат Модар бузургтарин ҳадяи Иллоҳист барои фарзандон, фариштаест бе болу пар дар фазои заминии инсоният, чатрест барои ҳифзи авлодаш аз раъду барқи зиндагӣ. Саргардонии Модар аз гавҳора оғоз мешаваду охиру анҷом надорад.

Шири Модар аз таровишҳои хуни ҷигар аст,

З-ин сабаб ҳам модаронро сўзиши дил дигар аст.

Оҳану пўлод месўзад зи сўзи модарӣ,

Синаи сўзони ў чун кӯраи оҳангар аст.

Ҳурмату эҳтироми Модар ҳам қарз асту ҳам фарз. Ў хамеша дуогўи  фарзанд аст. Дуои Модар ончунон бар фалак мерасад, ки аз садҳо хатару бало дар амонӣ! Шоирону мутаффакирони тамоми дунё дар васфи Модар шеъру достону ривоятҳо эҷод кардаанд ва мекунанд. «Модарнома»-и Лоиқ Шералӣ ва садҳо дигар достону қиссаҳо мисоли ин гуфтаҳост:

Сад ҷону дил фидои як муддаои Модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои Модар…

Нависандаи бузурги англис Джозеф Кипллинг ниҳоят ба маврид  қайд карда буд: «Худованд барои ҳифзи бандагонаш фариштае дар рўи замин офарид, ки номаш «Модар» аст!»

Обрўи ин ҷаҳон аз хоки пои Модар аст,

Ҳар чӣ дорад ин ҷамоат аз дуои Модар аст.

Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто зери пои Модар аст.

Зиндаву ҷовид бод олиҳаи бузурги Илоҳӣ- Модар!

Шахло Қаландарова,
м
утахассиси шуъбаи
нигоҳдории китоб