Тафреҳ. Ду шеъри хуб аз Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ
БАҲОРОН
Зимистонро сар омад рӯзгорон,
Навоҳо зинда шуд дар шохсорон!
Гулонро рангу нам бахшад ҳавоҳо,
Кӣ меояд зи тарфи ҷӯйборон.
Чароғи лола андар дашту саҳро,
Шавад равшантар аз боди баҳорон.
Дилам афсурдатар дар сӯҳбати гул,
Гурезад ин ғизол аз марғзорон!
Даме осуда бо дарду ғами хеш,
Даме нолон чу ҷӯи кӯҳсорон.
Зи бими ин ки завқаш кам нагардад,
Нагӯям рози дил бо роздорон.
НАТВОН ГУФТ
Рамзи ишқи ту ба арбоби ҳавас натвон гуфт,
Сухан аз тобу таби шуъла ба хас натвон гуфт.
Ту маро завқи баён додиву гуфтӣ ва “бигӯй!”
Ҳаст дар синаи ман он чи ба кас натвон гуфт.
Аз ниҳонхонаи дил хуш назаре мехезад,
Сари шохе ҳама гӯям, ба қафас натвон гуфт!
Шавқ агар зиндаи ҷовид набошад, аҷаб аст,
Ки ҳадиси ту дар ин як-ду нафас натвон гуфт.
Манбаъ: “Садои Шарқ”, 1973, 4
Таҳияи Шавқиносо Носирова,
шуъбаи матбуоти даврӣ