125 сол пеш. Таваллуди Борис Виан-нависанда ва сарояндаи мусиқии ҷази фаронсавӣ
10-уми марти соли 1920 дар шаҳри Вил–д‘Аврей дар наздикии Порис нависанда, шоир, навозандаи ҷаз ва сарояндаи фаронсавӣ Борис Виан ба олам омад.
Борис Виан дар оилаи тарҷумон ба воя расидааст. Дар айёми ҷавониаш ба бемории табларза гирифтор шуд, ки боиси мушкилии дилаш шуд (ин мушкилиҳо баъдан боиси марги нобаҳангоми нависанда гардид). Вай дар Мактаби марказии Порис, ки яке аз калонтарин донишгоҳҳои техникии Фаронса мебошад, таҳсил кардааст. Дар ибтидои солҳои 1940 бори аввал бо нияти “барои занам ягон чизи завқовар эҷод кунам” ба даст қалам гирифт ва ҳамзамон ба омӯзиши мусиқӣ машғул буд. Соли 1944 падари Виан аз ҷониби ғоратгарон, ки ба хонаи онҳо зада даромаданд, кушта шуд. Соли 1946 аввалин романи Виан «Меоям, ки ба қабри шумо туф кунам» бо тахаллуси Вернон Салливан нашр шуд. Дар худи ҳамон сол романи «Кафки рўзҳо» навишта шуд. Ин тахаллус аз насабҳои дӯстони нависанда дар оркестри ҷаз (дар он ҷо худи Виан карнойнавоз буд) сохта шудааст: Салливан ва Вернон. Тибқи ривоят, Вернон Салливан як амрикои африқоӣ буд, ки барои ақидаҳои хеле озодаш дар Иёлоти Муттаҳида иҷозати нашр надошт, аммо вай аз ҷониби Виан тарҷума шуда, дар Фаронса хуб нашр мешуд. Бо ҳамин тахаллус ӯ асарҳои зеринро ба табъ расонд, ки ҳамчун нуар (нуар – жанри кино, ки дар солҳои 1940 ба вуҷуд омадааст) услубӣ шудаанд: романҳои “Ҳама мурдагон як пӯст доранд“, “Занҳо намефаҳманд“, “Биёед, ҳама бадафтонро нест кунем“ ва достони “Сагон, хоҳиш, марг”.
Вай 11 роман навиштааст. Асарҳои Раймонд Чандлерро ба фаронсавӣ тарҷума кардааст. Романи «Меоям, ки ба қабри шумо туф кунам» як ҳангомаи воқеӣ ба вуҷуд овард ва дарҳол бестселлер шуд. То имрўз теъдоди умумии ин роман аз дигар асарҳои Виан зиёд аст. Роман бо дархости ношир, дӯсти Виан, ки тиҷораташ зиён дида буд, навишта шудааст. Бо вуҷуди ин, роман ба зудӣ боҷасорат, зишт ва ҳатто порнографӣ ҳисобида шуд. Виан барои вайрон кардани ахлоқи ҷамъиятӣ айбдор гардид. Пас аз се сол, муаллиф ба маблағи сад ҳазор франк ба ҷарима маҳкум шуд, нашрияҳо сӯзонда шуданд ва ҷамъиятҳои ахлоқӣ ба муқобили роман баромаданд. Виан аз мубориза бо «ҳомиёни ахлоқ» хаста шуда, бо ин тахаллус навиштанро бас кард. Дар худи ҳамон соли 1947 романҳои «Сколопендра ва Планктон», «Тирамоҳ дар Пекин» ва «Ҳамаи мурдагон як пўст доранд» ба табъ расиданд. Дар соли 1950 яке аз романҳои беҳтарини Виан «Дилшикан» аз чоп баромад.
Соли 1953 Виан ба Фаронса сафар кард (бо сурудҳои худ, аз ҷумла “The Deserter”, ки дар аввали солҳои 50-ум хеле маъмул буд). Пас аз як сол, сурудҳои Виан дар фитта сабт шуданд. Дар соли 1956 нависанда ба варами шадиди шуш гирифтор шуда, баъд аз он дар истироҳатгоҳи Сен-Тропе табобат гирифт. 23 июни соли 1959 Виан дар нахустнамоиши филме, ки бар хилофи ризои ў дар асоси триллери навиштааш «Меоям, ки ба қабри шумо туф кунам» ба навор гирифта шудааст, ширкат кард. Тамошо соати даҳи рўзона оғоз шуд. Пас аз даҳ дақиқа Виан сарашро пушти курсӣ гузошт ва аз ҳуш рафт. Ӯ дар роҳ ба беморхона ба ҳуш наомада даргузашт. Табибон ба хулосае омаданд, ки дили фарсудаи Виан ҳаяҷони ба филм алоқомандро тоб оварда наметавонад. Вианро 27 июн дар қабристони Виль-д’Аврей дафн карданд.
Сафаргул Ҳусайнова