Дар бораи «Китоби таърихи Темури Курагон» чӣ медонем?
«Китоби таърихи Темури Курагон» китоби таърихӣ, ки дар пайравии «Зафарнома»-ҳо ба забони форсӣ таълиф шудааст (1792-93). Муаллифаш номаълум. Дар шеъри варақи 279 тахаллуси Шараф сабт шудааст, вале як шахс будани муаллифи шеър ва асар дақиқ нест.
Китоб дар заминаи осори таърихии Ҳофизи Абру, Қозӣ Байзовӣ, Хондамир, Мирхонд, Шарафуддин Алии Яздӣ, Абдурраззоқи Самарқандӣ, Абдуллоҳи Ҳотифӣ, Ҳасани Нишопурӣ, Алии Эронӣ ва Ҳофизи Таниш навишта шудааст.
«Китоби таърихи Темури Курагон» аз 75 достон, 31 гуфтор ва 8 равза иборат аст: бахши равзаҳо бо калимаҳои «фасл», «баён» ва «зикр» оғоз мешаванд.
Дар муқаддима рўйхати фармонравоёни Мовароуннаҳр аз давраи амир Темур то амир Шоҳмурод (ҳукмронӣ 1785-1800) сабт шудааст. Матни асосии асар бо зикри ривоят дар бораи таваллуди Темур оғоз шуда, дар идома юриши ҳафтсолаи амир ба Самарқанд, фавт ва маросими дафни ӯ, вориси Темур интихоб шудани шоҳзода Халил Султон Ҳусайн ва шаҷараи аҷдоди ӯ шарҳ ёфтааст.
«Китоби таърихи Темури Курагон» барои омӯзиши таърихи давлатдории аҳди Темуриён, Аштархониён ва Манғитиён маъхази асосӣ аст. Дастхатти ин асар бо хатти настаълиқ дар қоғази хуқандӣ (таҳти рақами 23) дар ганҷинаи Маркази мероси хаттии АМИ Тоҷикистон маҳфуз аст.
Бозчоп аз Энциклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. -– С. 179.
Муаллиф: А. Абдулманнонов
Таҳияи Зуҳро Иброҳимзода
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.