Чанд ҳарфе аз Наврӯз

НаврўзИди баҳор ва Соли Нав. Ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон, ки ба рўзи аввали солшумории шамсӣ-1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврўзро дар баъзе ноҳияҳо “Иди сари сол” низ меноманд. Таърихи ташаккули Наврўз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз замистон  фаро мерасад, вобаста аст.

Бо фарорасии баҳори нозанин чанд рӯзи охир кишвари зебоманзари моро як руҳияи баланди ифтихору сарфарозӣ аз истиқболи ҷашни бузурги аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз фаро гирифтааст ва аз ҳар гӯшаю канор, ҳар хонадони соҳибиқболи он садои ин ҷашни зиндагисоз ҳамҷуриву ҳамнавоӣ доранд, ба гӯш мерасад. Воқеан, Наврӯз ба ҳама шодиву хурсандиҳо шоиставу арзанда аст, зеро бузургони мо фармуданд, ки «ҳар кас талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву  нишот бирасад». 

Аз қадимулаён наврўзро дар баъзе минтақаҳо ҳамчун ҷашни миллӣ пешвоз мегирифтанд. Наврўз аз давраи  Чамшеду Каюмарс то ин давра чандин марҳилаҳои таърихиро тай намудааст. Дар ҳеч ягон давраи таърихӣ ниёкони бузургвори он аз таҷлили он худдорӣ наварзидаанд, балки аз сол ба солу, аз аср ба асри дигар он аз ҷиҳати муҳтаво ва доманаи вусъат бузургтару пурмаънотар ва пуршукуҳтар шудааст.

Бахусус, дар замони Истиқлолият ҷашни Наврӯз бештар бошукуҳтар шуд ва дар ин самт хизматҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон беандоза бузург аст.

Биё  Наврўз бо ҳусни баҳорам,
Зи омадомади ту беқарорам.
Биё нахли умедам ғарқи гул кун.
Ки пур гардад домони ёрам.

Яке аз суннатҳои неки Наврӯз дар гузашта чунин  будааст, ки бомдод рӯзи аввали моҳи фарвардин мардум ба ҳамдигар об мепошиданд ва шакар ҳадя мекарданд. Суннати об пошидан  бо нияти бахти сафед ва покизагиву оромии рӯҳу ҷисм ва ҳадяи шакар маънои ширин кардани даҳонро дорад, ки аз ин Наврӯз то Наврӯзи дигар қалбҳо аз кинаву кудурат пок ва  комҳо ҳамеша ширин бошанд. Баъди адои ин суннатҳо ба таҳияи хони наврӯзӣ, яъне ҳафт шин ва ҳафт син мепардохтанд ва дар наврӯзгоҳҳо ҳамчун рамзи хуршеди оламафрӯз гулханҳои бузург меафрӯхтанд. Дастурхони Наврӯзиро бо ҳафт номгӯи наврӯзи меоростанд. Ҳуруфи аввалини он бо ҳамсадои «Шин» сармешуд. Яъне: шамъ, шароб, шир, шарбат, шакар, ширинӣ ва шона иборат буд. Баъдан бар ивази ҳафт «Шин» ҳафт «Син» ҷорӣ шуд. Яъне: сирко, суманак, сабзи, сумоқ, сир, себ, санҷит ва сипанд. Дар  баъзе хонадон ба ҷои сумоқ ва сипанд, сабза, суманак  ё  самбӯса ҳозир мекунанд.

Рӯзҳои ҷашни Наврӯз деҳ­қонон ба кишту кори баҳорӣ шурӯъ  менамоянд.  Марди деҳқон дар ин рӯз ба умеди ризқу рӯзӣ донаи тухмро ба замин мепошад ва умед мекунад, ки баҳори дигар аз самараи он истифода намояд. Дар ҳама ҷо ҳашарҳо, сайру гашти идона, базмҳои савту суруд, чорабиниҳои варзишӣ барпо мегардад ва дастархонҳои Наврӯзӣ ороста мешаванд.

Наврӯз дар ин саҳни чаман омадааст,
Бо бӯи гулу мушку суман омадааст.
Наврӯз расад ҷумла ҷаҳон зинда шавад,
Базму тарабу савти Ватан омадааст.
Ай духтари тоҷик  чаканпӯшӣ бикун,
Вақти чакану рӯзи чакан омадааст.

Наврўз пайвандгари насли имрўз бо расму ойин,  арзишҳо анъаноти ниёгон мебошад. Аҷргузорӣ ба ин ҷашни миллӣ, эҳтиром гузоштан ба расму русуми гузаштаи худ мебошад.  Бо баробар шудани шабу рўз ва  оғози фасли зеботарини сол баҳор табиат аз сари нав зинда мешавад. Чаҳ-чаи булбулони хушовоз, садои дилангези обшорон руҳи инсонро болида месозад. Наврӯз ин баҳор аст, баҳори сабзу тар. Дар ин фасл табиат ҷомаи сабз ба бар мекунад ва ин сабзаву ин шукуфоӣ олами атрофро дигаргун месозад.

Тоҷикон аз замонҳои қадим фарорасии Наврӯз, эътидолҳои баҳорию тирамоҳӣ ва қисмҳои вақтро дар давоми шабонарӯз аз мушоҳидаи такроршавии ҳодисаҳои табиат, гардиши ҷирмҳои осмонӣ ва рафтори ҷонварон муайян мекарданд. Яке аз тақвимҳои хосси мардуми Бадахшони Тоҷикистон ҳисоби «Офтоб дар мард» (ба забони мардуми маҳаллӣ хирпичор) мебошад. Ҳисоби вақт аз рӯйи узвҳои бадани инсон аз гоҳшумориҳои қадимии тоҷикон буда, дар Қаротегину Дарвоз, Ванҷу Язгулом, Ишкошим, Рӯшон, Шуғнон, Вахон, инчунин дар байни тоҷикони водии Фарғона (Сух) аз ҷониби мардумшиносон ба қайд гирифта шудааст. Ин навъи тақвимро тоҷикони Афғонистон ва ҳатто дар Покистон ҳам истифода мекарданд. Онро сокинони ин минтақаҳо бо номҳои «ҳисоби мард», «офтоб дар мард», «панҷоҳи мард», «нишонҳо» ва монанди инҳо низ номбар мекунанд. Тибқи ҳисоби ин тақвим, офтоб дар ҳар як узви бадан якчанд рӯз меистад. Масалан, се рӯз дар камар, се рӯз дар зону, дар пою нохунҳо ва ғайра.

Сафарбӣ Қурбоналиева,
корманди шуъбаи таъмир
ва
тармими  ҳуҷҷатҳо