“Мурзилка” – дӯсти бачагон
Тӯли зиёда аз 100 соли мавҷудияти худ ин маҷаллаи дустдоштанӣ боре ҳам аз нашр боз намондааст. Соли 2012 “Мурзилка” ҳамчун маҷаллаи дорои тӯлонитарин давраи нашр дар ҷаҳон ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил карда шуд.
Шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ яке аз шуъбаҳои хизматрасон маҳсуб ёфта, ҳамарӯза ба гурӯҳи хонандагони хурдсол хизмат мерасонад. Дар шуъбаи мазкур дар баробари китобҳои бачагона рӯзномаву маҷаллаҳои кӯдакона аз қабили “Машъал”, “Мурзилка”, “Пайрав”, ”Ворисони Сомониён”, ”Чашма”, ”Парвин”, “Офтобак”, “Навниҳол”, “Ахтарон”, “Танаффус”, “Пешоҳангон”, “Канзи дониш”, ”Гулистони дониш”, ”Сканворд”, ”Чигӯяк” ва ”Детское чтение для сердца и разума” дастраси хонандагони хурдсол ва наврас мебошанд.
Яке аз маҷаллаҳои машҳур ва бисёр шавқовар ин маҷаллаи адабӣ-бадеии Федератсияи Русия “Мурзилка” мебошад, ки дар саҳифаҳояш ҳикояву афсонахо ва шеърхои муаллифони муосир, бахшҳои таълимии “Галерея искусств Мурзилки”(Галереяи наққошии Мурзилка), “Путешествия и открытия” (Саёҳат ва бозёфтхо), “Из истории вещей”(Аз таърихи ашё) ва ғайраро ҷой додааст.
Инчунин дар ҳар як шумора хонандагонро бозиҳои рӯимизӣ, рангубори расмҳо, кроссвордҳо ва машқу супоришҳои инкишофдиҳанда интизор аст.
Маҷаллаи “Мурзилка” аз қадимитарин маҷаллаҳо барои кӯдагон дар олам буда, зиёд аз 100 сол аст, ки нашр мешавад. Аввалин шумораи он 16-уми майи соли 1924 чоп шудааст ва он барои кӯдакони синну соли хурди мактабӣ пешбинӣ шудааст. Шумораи аввалини маҷалла аз повести А. Федоров-Давидов «Рӯзи якуми Мурзилкин» оғоз ёфтааст.
Тӯли зиёда аз 100 соли мавҷудияти худ ин маҷаллаи дустдоштанӣ боре ҳам аз нашр боз намондааст. Соли 2012 “Мурзилка” ҳамчун маҷаллаи дорои тӯлонитарин давраи нашр дар ҷаҳон ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил карда шуд.
Асоси маҷалларо ҳамеша адабиёти бадеии бачагона: афсонаҳо, ҳикояҳо, пйесаҳо, шеърҳо ташкил медиҳанд. Дар он шеъру ҳикояҳои завқовар аз эҷодиёти шоиру нависандагон ба монанди Агния Барто, Корней Чуковский, Самуил Маршак, Михаил Пришвин, Константин Паустовский, Валентин Берестов, Юрий Коринетс, Сергей Михалков, Ирина Токмакова, Эдуард Успенский, А.Митяев, Леонид Яхнин, Михаил Яснов ва дигарон чоп мешуданд.
Айни замон дар “Мурзилка” асархои нависандагони муосири бачаҳо: Андрей Усачев, Марина Москвина, Виктор Лунин, Сергей Георгиев, Игор Жуков, Станислав Востоков ва бисьёри дигарон нашр карда мешаванд.
Ин маҷаллаи машҳур бо хаёт ва шавқу завқи кӯдакону наврасон алокамандии зич дорад. Хонанда дар ҳар шумора на танҳо шеъру ҳикояву афсона, балки маводи дигари тарбиявию шавқовар низ пайдо мекунад. Аз ин ҷост, ки бисьёр падару модарон, муаллимон, мураббиён ва китобдорон ҳангоми кор бо бачагон аз маҷаллаи “Мурзилка” ба хубӣ истифода мебаранд.
Бачаҳои азиз, шумо низ метавонед вақти холии худро дар шуъбаи кӯдакону наврасони Китобхонаи миллӣ бо истифода аз маҷаллаи “Мурзилка “ фоиданок гузаронед!
Махфират Муҳиддинова
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа