Таснифоти даҳгонаи универсалӣ ва аҳамияти он дар нашр

Аз соли 1962 инҷониб тамоми нашрияҳои ба чоп пешниҳод шуда аз рўи Таснифоти даҳгонаи универсалӣ рақамгузорӣ (намоягузорӣ-индексация) мешаванд. Таснифоти даҳгонаи универсалӣ усули ягонаи байналмилалӣ буда, фонди китобҳо аз рўи соҳаҳои дониш ҷо ба ҷо гузошта мешаванд ва он дарёфти адабиётро дар муддати кўтоҳ таъмин менамояд. Ин таснифот барои он  даҳгона номида мешавад, ки қисми таркибии он аз 10 қисм ё шуъба иборат аст. Барои муайян намудани шуъбаҳо рақамҳои арабӣ – байналмилалӣ истифода бурда мешавад, зеро новобаста аз он ки осори чопӣ ба кадом миллату халқият мансубанд ва онҳо аз кадом алифбо истифода мебаранд, ба ҳамагон фаҳмо мебошанд.

Рақамҳои Таснифоти даҳгонаи универсалӣ байни худ алоқаи зич доранд. Бо ҳамроҳ намудани рақамҳои нав мафҳумҳои бо мурури замон ба илму техника воридшуда ифода меёбанд. Муайянкунандаҳо барои истифодаи касбӣ таъин шудаанд. Дар рушду такомули Таснифоти даҳгонаи универсалӣ нақши Федератсияи байналмилалии аснод бағоят бузург аст. Ин созмони байналмилалӣ «Тағйироту ислоҳотро ба Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» таҳия ва чоп менамояд. Дар такмили Таснифоти даҳгонаи универсалӣ тамоми кишварҳое, ки аз он истифода мебаранд ширкат меварзанд. «Тағйироту ислоҳот ба Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» дар муддати муайян чоп мешаванд.

Зикр кардан бомаврид аст, ки соли 1895 дар Брюссел  конференсияи якуми байналмилалии библиографӣ баргузор гардида, зимнан масъалаи таҳияи «Репертуари универсалии байналмилалӣ»-феҳристи баргаи адабиёти тамоми соҳаҳои дониш, ки дар кишварҳои олам мавҷуданд, баррасӣ гардид. Барои татбиқи қарори мазкури конференсия Пажўҳишгоҳи байналмилалии библиографӣ (ПББ) таъсис дода шуд. Ташаббускори ин иқдоми ниҳоят зарурӣ – таҳияи «Репертуар», созмондиҳандагон ва роҳбарони Пажўҳишгоҳи байналмилалии библиографӣ Пол Отле (1868-1944) ва  Анри Лафонтен (1854-1943) буданд. Онҳо инчунин таҳиягарони Таснифоти даҳгонаи универсалӣ ба шумор мераванд, ки асоси онро  «Таснифоти даҳгона»-и Мелвил Дюи ташкил медиҳад. Корҳо оид ба таҳияи Таснифоти даҳгонаи универсалӣ 12 сол идома ёфта, ниҳоят соли 1905 дар Брюссел нашри якуми ҷомеи (ҷамъбастии)  ҷадвалҳои нави Таснифоти даҳгонаи универсалӣ ба забони фаронсавӣ ба табъ расид.

Ҷадвалҳои мазкур «Manuel du repertoire bibliografique universel»- «Роҳнамо ба репертуари универсалии байналмилалӣ» номгузорӣ  шуд. Таснифоти даҳгонаи универсалӣ дар тамоми кишварҳои олам истифода бурда мешавад. Ин таснифот бебаҳост. Дар Амрико ва як қатор кишварҳои Аврупо Таснифоти даҳгонаи универсалӣ то ҳол бетағйирот мавриди амал қарор дорад. Соли 1933  нашри 2-юми мукаммали ҷадвалҳо ба забони фаронсавӣ таҳти унвони Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ аз чоп баромад, ки дар таҳия ва чопи он нақши Пажўҳишгоҳи байналмилалии библиографӣ бағоят бузург аст. Рақамҳои Таснифоти даҳгонаи универсалӣ дар баргаҳое, ки Китобхонаи Конгресси ИМА чоп мекунад, гузошта мешаванд.  Соли 1931 Пажўҳишгоҳи байналмилалии библиографӣ ба Пажўҳишгоҳи байналмилалии аснод ва соли 1938 ба Федератсияи байналмилалии аснод (Federation Internationale de Documentation) табдил ёфт. Зери назорати Федератсияи байналмилалии аснод нашрҳои мукаммал, миёна, мухтасар ва соҳавии Таснифоти даҳгонаи универсалӣ аз чоп баромаданд.

Федератсияи байналмилалии аснод ба масъалаҳои таснифот-гурӯҳбандӣ аҳамияти калон медиҳад. Ҳоло Таснифоти даҳгонаи универсалӣ дар тамоми  кишварҳои олам мавриди истифода қарор дорад.

Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ, ки дар заминаи рушду такомули «Таснифоти Даҳгона»-и М. Дюи таҳия гардидааст, моҳиятан сохтори иерархии «Таснифоти Даҳгона»-ро нигоҳ доштааст. Дар баробари ин ба Таснифоти даҳгонаи универсалӣ як қатор хусусияту усулҳои барои таснифотҳои ҷанбаӣ (фасетӣ) ва таҳлилӣ-синтетикӣ хос, аз ҷумла ҷадвалҳои ёрирасони муайянкунандаҳои умумӣ ва махсус ворид карда шудаанд, ки онҳо барои ҷобаҷогузории ягонаи намояҳои (феҳристи алифбоии номҳо, мавзуъ ва унвонҳо, ки маъмулан дар охири китоб меояд) шуъбаҳо (қисмҳо) мутобиқи категорияҳои замон, макон, забон ва ғайра, инчунин гуруҳбандии ҳуҷҷатҳо (адабиёт, осори чопӣ) тибқи ҷараён, намуди маҳсулот ва ҳоказо имкон фароҳам меорад.

Унвони Таснифоти даҳгонаи универсалӣ, яъне универсалӣ ва даҳгонагии он бозггўйи моҳияту хусусият ва имкониятҳои ин таснифоти беназир мебошанд. Он дорои 10 шуъбаи асосӣ, ҳар як шуъба дорои 10 зершуъба, ҳар як зершуъба боз дорои 10 фасл ва ҳамин тавр бо мурури пешрафти илму техника боз рақамҳо (намояҳо, индексҳо) барои ҳар як қисм то даҳ беохир идома меёбанд.

Таснифоти даҳгонаи универсалӣ барои мураттабсозии нашрияҳо, ҳуҷҷатҳо, феҳристҳо, ҷустуҷуи сарчашмаҳо бебаҳост.

Маҳбуба Амонова, сармутахассиси  шуъбаи  коркарди адабиёт.