Китоб – нури донишу маърифат

хизматрасонӣ ба истифодабарандагон«… Халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омўзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурўғи субҳи доноӣ медонистанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Китоб сарчашмаи маънавиёти ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ташаккули ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва тарбияи инсон нақши муассир дорад. Китоб аст, ки мо-инсонҳо рушд менамоем. Зеро ба инсонҳо дар баробари ғизои моддӣ ғизои маънавӣ низ зарур аст.

Бояд тазаккур дод, ки дар радифи модар китоб низ устоди инсонҳост. Вақте инсон ба дунё меояд, нахустин ҳарфҳоро аз забони модар мешунавад ва ин суханҳои модарро дар навбати худ аз рўйи китоб мехонад. Бинобар ин омўзгори аввалини ҳар як шахс модар ва китоб гўем, хато намекунем. Чун аввалин китоберо, ки ба мо меомўзанд, Алифбо аст.

Воқеан инсон аз кўдакӣ бо кўмаки модар ва омўзгор хондану навиштанро азхуд менамояд. То ба воя расидану соҳибмаълумот гаштани кўдакону наврасон тарбиятгару таълимдиҳандаи ў заҳмати зиёд мекашад, чунки кори таълиму тарбия хеле гарон аст. Чунонки Ибни Ямин фармудааст:

То он ки тифл хонаду соҳибҳунар шавад,

Устоди меҳрубони ў хуни ҷигар шавад.

хизматрасонӣ ба истифодабарандагонНабояд фаромўш кард, ки китоб омўзгорӣ беминнат, дўсти вафодор, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор ва раҳнамои ояндаи дурахшони мост. Чуноне ки шоири бузург Абдурраҳмони Ҷомӣ мефармояд:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар
ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ
Сад ро
ҳате асту ҳаргиз озоре нест.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ қайд менамоянд, ки «Имрўз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд».

Сарвари давлат аз замони соҳибистиқлолӣ ба ҳамаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. Дар баробари самтҳои мухталиф ба яке аз самтҳои сиёсати фарҳангӣ-китобдорию китобхонӣ низ диққати махсус дода шуд. Бо иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат соҳаи китобдорӣ дар мамлакат рушд кард ва дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даҳҳо китобхонаҳо дарҳои худро ба рўйи хонандагон боз намуд. Тӯли ин муддат китобхонаҳои аз фаъолият бозмонда аз сари нав бо таъмиру азнавсозӣ ба фаъолият шуруъ намуданд. Бо вуҷуди корҳои амалигардида, ҳоло ҳам камбудиву мушкилоти соҳа ҷой доранд, вале бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа бартараф карда мешаванд.

Ногуфта намонад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардида, ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Пешвои  миллат ба ҳар оилаи мамлакат ҳадя карда шуд.

Роҳбари давлат дар суханронии худ таъкид намудаанд, ки «Китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад».

Бале, бо ин мақсад чанд рўз қабл Пешвои миллат дар мулоқоти идона бахшида ба ифтихори Рӯзи Модар – 8 март ба модарону бонувон ва хоҳарону духтарони кишвар китоби тоза аз чоп баромадаи «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро дар 2 ҷилд ҳадя намуданд.

Воқеан китоб барои ҳар як бонуи соҳибхираду соҳибмаърифат туҳфаи беҳтарин ва арзишманд ба ҳисоб меравад. Зеро боигариву дороиро ҳар қадаре сарф намоӣ ҳамон қадар кам ва оқибат рўзе тамом мешавад, вале китобхона хазинаву китоб ганҷинаеро мемонад, ки онро ҳар чи қадар истифода намоӣ ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамидаи ҳар фард кам неву зам мегардад, яъне маърифати ў боло рафта меафзояд.

Нафаре, ки пайваста китоб мехонаду бо китоб сару кор дорад, дар ҷомеа соҳиби эҳтирому эътибори хосса аст. Ҳар фарди соҳибхираду соҳибмаърифат дар рушду нумуи дилхоҳ соҳа ва ободии кишвар бетараф буда наметавонад. Яъне манфиату нафъи ў ба ҷомеа бештару беҳтар мерасад.

хизматрасонӣ ба истифодабарандагонАз кўдакӣ ба китоб майлу рағбати зиёд доштам, ҳамеша китоб мутолиа мекардам. Аз шавқу ҳаваси китобхониям дар озмунҳои дохили мактаб ва берун аз мактаб дар даври ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, соҳиби ифтихорномаву сипосномаҳо гардидаам. Ҳамин шавқу ҳавас ва рағбати китоб буд, ки таҳсиламро дар яке аз муассисаҳои олии ҷумҳурӣ идома дода, онро бо муваффақият хатм намуда, соҳибкасб гардидам. Баъди хатми донишгоҳ ҳамчун мутахассис дар боргоҳи таҳсилнамудаам ба кор қабул шуда, тӯли чанд сол дар чанд идораҳои давлатӣ тариқи гузариш аз рўйи ихтисос фаъолият кардам.

Имрӯз, ки корманди Китобхонаи миллӣ

(Аксҳо аз рафти ҷобаҷогузории китобҳои фонди ёрирасони

шуъбаи хизматрасонӣ ба истифодабарандагон)

Бибираъно Ҷӯраева,
муовини сардори шуъбаи

хизматрасонӣ
ба истифодабарандагон