Ҷиддияти устод Айнӣ дар навиштани сарсухан
Устод Садриддин Айнӣ бо бузругвории худ ҳамеша мекӯшидаанд одитарин қоидаҳои муносибат бо дастнавису хоҳишҳо барои навиштани сарсухан ба ин ё он китобро риоя кунанд. Сарсуханнависиро кори саҳлу содае намедонистанд ва нисбат ба худ серталаб ва бо эҳсоси масъулият рафтор кардан ба эҷоди адибонро аз дигарон низ талаб мекарданд.
Гувоҳи ин гуфтаҳо номаест, ки ба Ҷалол Икромӣ навиштаанд:
Рафиқ Ҷалол Икромӣ!
Мактуби 4 май аз Ленинград фиристодаатон бо мактуби аз номи шуъбаи ленинградии Тоҷгиз навиштаи рафиқ Зингер дар 13 моҳи мазкур расид.
Рафиқ Зингер дар хаташ маълум кардааст, ки шумо ба ман мундариҷаи китобчаро хоҳед навишт, то ки ман ба он мундариҷа бино монда сарсухан нависам. Аммо шумо дар бораи мундариҷа чизе нанавиштаед. Ва ҳол он ки барои сарсухан навиштан барои китобе танҳо мундариҷаи онро ба воситаи касе шунидан кифоя намекунад, барои муқаддиманавис лозим аст, ки шахсан он асарро хонда барояд.
Агар он асар як асари шеърӣ бошад, ин талаб ва лузум боз ҳам қатъитар ва пурзӯртар мешавад. Зеро дар асари шеърӣ роли калонро на танҳо мундариҷа, балки ба чӣ тарз ифода шудани он мундариҷа бозӣ мекунад. Бинобар ин аст, ки Горький мегӯяд “он муҳим нест, ки чи гуфтааст, балки он муҳим аст, ки бо чӣ тарз гуфтааст” (мазмунан).
Агар он асари шеърӣ азони Лоҳутӣ барин як устоди бузург бошад, он талаб ва лузум боз ҳам пурзӯртар мешавад. Зеро мақсад аз сарсуханнависӣ бояд як расмияти хушк набошад,муқаддиманавис бояд ҳеҷ набошад садяки хубиҳои он асарро шарҳ дода, ба ин восита ба хонанда ёрмандӣ расонад.
Ба ин асосҳо бино монда мегӯям, ки асарро шахсан нахонда сарсухан навиштани ман ҳеҷ мумкин нест.
Барои шуъбаи ленинградии Тоҷгиз дар ин бора маслиҳати зеринро медиҳам:
Модом ки сарсухан ба зудӣ даркор бошад, асарро ба профессор Бертельс дода, ин матлабло аз он кас хоҳиш кунанд, он кас аз ман беҳтар ва хубтар як сарсуханча навишта медиҳанд.
Агар дар ҳар ҳол сарсухан навиштани ман лозим бошад, бояд асарро (агар мумкин бошад, дастхати рафиқ Лоҳутиро, ки хонданаш барои ман осонтар аст) ба ман фиристонанд. Ман баъд аз хонда баромадани он, маал-мамнуният хоҳиши шумоёнро таъмин менамоям.
Аз шумо хоҳишмандам, ки ин ҷавоби маро ба рафиқ Зингер бо тафсилоташ фаҳмонда диҳед. Зеро ман одам надорам, ки бо русӣ ин матлабро нависонда фиристам.
… Дар хататон мувофиқи нишондодҳои ман дубора кор кардабаромаданатон “Шодӣ”- ро навиштед. Инро табрик мекунам. Лекин, агар асар дар зери таҳрири ман мебаромада бошад, лозим аст, ки пеш аз чоп як бори дигар дида бароям.
Ба рафиқон Зингер, Абдулғанӣ Мирзоев, Муҳаммадамин Ғафурзода ва дигар коркунон ва студентҳое, ки маро мешиносанд ва мепурсанд, салом расонданатонро хоҳишмандам.
Бо саломи рафиқона Айнӣ.
Адреси ман барои мактуб: Самарқанд,квартал Қӯрғонча, дом номер 10, Айнӣ.
Барои телеграмма: Самарқанд, Қӯрғонча, Айнӣ.
Аз маҷаллаи “Шарқи Сурх”, 1963, №4.
Таҳияи Манижа Иброҳимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳо фарҳангӣ.