“Фурӯғ”-и сайёр

ФурӯғБарои ин хабари кутоҳ ҳамин сарлавҳаи кутоҳро муносиб донистам: “Фурӯғ”-и сайёр. Маҳфили “Фурӯғ”, ки шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон якҷо бо Иттифоқи нависандагон ва телевизиони давлатии бачагонаи “Баҳористон” мегузаронад, имрӯзҳо  ҷаласоту нишастҳои худро дар вилояти Хатлон баргузор мекунад.

Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо ташаббус ва раҳнамоии бевоситаи Пешвои фарҳангпарвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол инҷониб доир мешавад, барои кормандони шуъбаи адабиёт барои кӯдакону наврасон зояндаи идеяи маҳфили “Фурӯғ” буд. Ҳадафи ин маҳфил омода кардани довталабони ширкат дар озмун аст ва гардонандаи ин маҳфил адиби кӯдакнависи кишвар, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ Азизи Азиз мебошад.

Дар маҳфил маъмулан як ё ду асари дар барномаи озмун шомилбуда мавриди баҳсу барарсӣ қарор мегирад. Ширкаткунандагон, ки ҳатман ин асарро хондаанд, атрофаш баҳс меороянд.

Азизи Азиз суолҳоеро, ки эҳтимолан аз ҷониби аъзои жюрӣ вобаста ба асари мавриди баҳс матраҳ шавад, баён мекунад ва ҳозирин посух медиҳанд.

Ин маҳфил, ки бо баҳсу баррасиҳояш шавқовар аст, аз тариқи телевизиони “Баҳористон” сабт ва намоиш доад мешавад, ки бидуни шак дар рушди адешаронии довталабони озмун нақш мебозад.

Ҳоло маҳфил бо аъзои фаъолу гардонандаи ҳамешагии худ сайри вилоят Хатлон мекунад.

Аввалин маҳфили “Фурӯғ” дар вилоятиХталон дар Литсейи техникии ба номи “Афлотун”-и шаҳри Данғара баргузор шуд. Дар маҳфил ширкаткунандагон асари “Сайёҳи Ҳинд”-и устод Мирзо Турсунзода ва қиссаи “Ҷувздон”-и Азизи Азизро мавриди баҳс қарор доданд.

Шаҳноза Дониёрова,
сардори шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасони
Китобхонаи миллӣ.