Адабиёти ҷаҳон. Чарл Диккенсро бояд шинохт

Диккенс (Dicens) Чарлз 7 феврали соли 1812 дар Ландпорт, наздикии Портсмут ба дунё омадааст. Нависандаи англис, аз намояндагони бузурги реализми“вуқўъ”- гароии асри 19. Бо худомўзӣ  савод бароварда, аввал дар идораи додгоҳӣ ҳамчун номабар ва рўнавискунанда кор кард, дар хулосанависӣ низ тавоноии худро  нишон дод.

Соли 1832 гузоришгари парлумонӣ ва хабарнигори нашрияи “Морнинг Кроникл” шуд. Китоби нахустин Диккенс “Очеркҳои шаҳри Боз”(1836) лавҳаҳое аз зиндагии сокинони Лондон аст, ки дебочаи романҳои ў гардид. Осори Диккенс чаҳор марҳаларо дар бар мегирад: нахуст (1833-40) – романҳои “Ёдоштҳои баъдимаргии клуби Пиквик” (1837), “Саргузашти Оливер Твист” (1838), “Зиндагии Николас Никалби” (1839); дувум (1841- 48) – романи таърихии “Барнаби Руҷ” (1841), “Қиссаҳои солинавӣ”(1843-46), Ёдоштҳои Амрико” (1842). “Атиқафурўши  қадимӣ” (1841), “Зиндагӣ ва моҷароҳои Мартин Ҷезвлит” (1844), “Домби ва писар” (1848); севвум (1849-59) – романҳои  “Девид Копперфилд” (1850), “Хонаи сард” (1853), “Даврони машаққат” (1854), “Дуррити хурдакак” (1857), “Достони ду шаҳр (1859); чорум (солҳои 1860) – романҳои “ Орзуҳои” бузург (1861), “Дўсти муштараки мо”(1965), “ Асрори Эдвин  Друд”(1870, нотамом аст).

Диккенсро “Ёдоштҳои баъдимаргии  клуби Пиквик” шуҳратманд кард. Қаҳрамони ин асар мистер Пиквик дар нигористони образҳои Диккенс нахустин тимсоли аҷибест, ки ҳамроҳ бо дўстонаш ба омўхтани  инсонҳову  одобу  русум  машғул  мешавад, дўстони ў ҳама накўкоранд ва майле ба тамоюлоти беадолатона надоранд. Манзараҳои  зарифу мутоябаангез бар пояи тасаввуроти номутаносиби Пиквик аз дарки зиндагӣ ва низ зарофатгўиҳои  ҳидматгарони ў романро нарму ширину босафо кардааст. Диккенс бо ин асараш ба сафи бузургтарин ҳаҷвнигорони олам дохил шуд. Дар романҳои баъдияш назари интиқодии Диккенс тақвият ёфт. Ў дар “Саргузашти Оливер Твист” ҳақиқати манҳусе  аз  бадбахтиҳои  Оливери  ятимро  ҳамроҳ бо шароити  бераҳмонаи фақирхонаҳо намоиш дод. Дар “Зиндагии Николас Никалби” мактабҳои хусусиро  танқид кард.

Реализми Диккенс дар осори солҳои 1840-и ў боз ҳам амиқтар гашт. Дар “Ёдоштҳои Амрико” ў  ҳамчун публитистии  мумтоз  дурахшид. “Қиссаҳои солинавӣ”- и Диккенс ки дар онҳо воқеияту тахайюлоти  афсонавӣ ба таври муносиб бо ҳам омезиш ёфтаанд, миёни хонандагони  маҳбуб гашт. Диккенсро масъалаи таҷлиду такмили ҷомеа, ҳифзи мардуми бадбахту мазлуму маҳрум амиқан нигарон мекард (ҳикояи “Зангулаҳо”, (1844); Диккенс ба инсонҳое, ки бо мардум ҳамнаво буданд, ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир мекард. 9 июни соли 1870 дар Гейдс-Хилл, Британия аз дунё даргузашт.

Бозчоп аз Энсиклопедияи  Миллии Тоҷик. – Душанбе. – 2017. – Ҷ.5. – С. 593.

Муаллиф: П. Ҷамшедов.

Таҳияи Парвина Қаюмова

 корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.