Панҷумин нишасти раисони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви ЭКО баргузор мешавад

 

Панҷумин нишасти раисони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви ЭКО рӯзи 15 июни 2021 ба ҳиммати Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) ва мизбонии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон ба сурати онлайн баргузор мешавад. Дар ин бора журналист ва навсандаи тоҷики муқими Теҳрон Шоҳмансури Шоҳмирзо дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар дода.

Ин нишаст бо суханронии Сарвар Бахтӣ – Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО ва хонум Ашрафи Буруҷердӣ – Раиси Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон оғоз мегардад ва дар идома раисони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви ЭКО ба муаррифии китобхонаҳои миллии худ ва бозгӯ кардани таҷрибиёташон дар даврони Ковид – 19 мепардозанд.

Ин нишаст дар се қисмат баргузор хоҳад шуд, ки дар бахши сеюм баҳсу музокираи раисони китобхонаҳои миллии ЭКО сурат мегирад.

Меҳмони вижаи ин нишаст хонум доктор Кристина Макензӣ – Раиси Федератсияи байналмилалии анҷуманҳо ва муассисоти китобдорӣ (ИФЛО) ва оқои Стан Стоковски – сарпарасти дафтари минтақаии ЮНЕСКО хоҳад буд.

Дар ин нишаст филми муаррифии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва суханронии Ҷумахон Файзализода – директори ин китобхона ҳам пахш хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки чорумин нишасти директорони китобхонаҳои ЭКО моҳи ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.