ВИДЕО. Насби системаи сканер-qr reader дар шуъбаи хизмарасонӣ ба истифодабарандагон
Хидматрасонӣ ба истифодабарандагон яке аз самтҳои калидӣ ва муҳимми Китобхонаи миллӣ ба ҳисоб рафта, кормандони шуъба ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудани масъулияти касбӣ мунтазам чораандешӣ менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки аз моҳи январи соли 2025 бо дастуру супоришҳои директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода аз ҷониби мутахассисони шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ дар 5 адад компютери сабти хонандагони шуъбаи хидматрасонӣ ба истифодабарандагон барномаи махсус: сканер – QR reader таҳия ва насб гардид.
Тариқи ин дастгоҳи электронӣ QR reader рамзи корт ва маълумоти мушаххаси хонанда, инчунин штрихкоди китобҳо хонда мешаванд. Яъне кормандон минбаъд маълумоти хонанда, рақами инвентарӣ ва унвони китобро дар компютер ҳуруфчинӣ намекунанд. Зеро дастгоҳи электронӣ тавассути барномаи мазкур ин вазифаҳоро ба таври худкор иҷро менамояд, ки ин пеш аз ҳама барои сарфаи вақти хонандагону муштариён, кормандон ва беҳтар намудани сатҳи сифати хидматрасонӣ мусоидат менамояд.
Айни ҳол кормандони шуъбаи хидматрасонӣ ба истифодабарандагон фаъолияти худро дар «Толори умумӣ», «Толори тиб ва табиатшиносӣ» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» бо системаи автоматии хидматрасонӣ ба роҳ мондаанд.
Гузориши видеоӣ аз тарзи хидматрасонии кормандони шуъба ба хонандагону муштариёни Китобхонаи миллӣ бо истифода аз системаи автоматии хидматрасонии сканер – QR reader ҳикоят мекунад.
Гузориш ин ҷост:
Насби системаи сканер-qr reader дар шуъбаи хизмарасонӣ ба истифодабарандагон
Бибираъно Ҷўраева, муовини
сардори шуъбаи хидматрасонӣ
ба истифодабарандагон.