Умри дубораи “Мунтахаби ашъор”-и Абдурраҳмон Тамкин
Ин китоб соли 1974 дар шаҳри Душанбе чоп шудааст ва ба назар мерасад тули ин солҳо дубора нашр нашудааст. Аз ҷумла китобҳоест, ки зиёд дархост мешавад. Мутолиаи зиёд дар ин бештар аз 50 сол саҳифаҳо ва муқоваи онро фарсуда карда буд. Аммо ҳоло бо талоши кормандони шуъаи таъмир ва тармими китоб он умри дубора ёфт.
Абдурраҳмони Тамкин яке аз шоирони охири асри XIX ва аввали асри XX адабиёти тоҷик буда, аз худ осори зиёде боқӣ гузоштааст. Гарчанде аз ашъори шоир ба ин ё он муносибат порчаҳои ночизе ба табъ расида бошанд, ҳам то кунун осори мунтахаби он ба табъ нарасидааст.
Ашъори мунтахаби мазкур аз ганҷинаи осори ин шоир мебошад. Он аввалин маротиба бо хати крилӣ соли 1974 дар нашриёти “Дониш” ба табъ расидааст.
Абдураҳмони Тамкин аз шоирони пурмаҳсули нимаи дуввуми асри XIX ва ибтидои асри XX буда, аксари тазкиранависони муосираш ўро чун шоири забардасту нуқтасанҷ ва олими маъруфи давр муаррифӣ мекунанд. Аз ин гузашта, Аҳмад Махдуми Дониш (1827-1897) Тамкинро дар қатори шуарои муқаддами замони худ гузошта, ба эҷодиёти ў баҳои баланд додааст: «Билҷумла дар он замоне, ки мо будем, бозори фазлу ҳунар нороиҷу касод буд. Шоҳин, Музтариб ва Тамкин аз шуарои муқаддами он замон буданд».
Барои омўхтани ҷараёни зиндагӣ аз мероси адабии Тамкин се навъ сарчашма мавҷуд аст:
- Ахбори тазкираҳои асри XIX,
- Эҷодиёти худи Тамкин
- Хотираҳои хаттии шогирди ӯ – Ҷаъфаров
Тамкин дар эҷодиёти худ, агарчӣ ба таври пароканда бошад ҳам, оид ба шарҳи ҳолаш каму беш ишораҳо дорад. Агар аз ишораҳои шоир бо иловаи гуфтори тазкиранависон ва ёддоштҳои шогирди ў якҷоя омўхта шавад, дар асоси он тарҷумаи ҳоли Тамкинро барқарор кардан мумкин аст. Махсусан ёддоштҳои Ҷаъфаров дар ин бора арзиши калон доранд. Ҷаъфаров менависад: “Дар санаи 1905 мелодӣ (баробари 1322 ҳиҷрӣ) барои таҳсили улум озими Бухоро гардида, дар ҳавлии Ҳоҷӣ Махдум сокин гардидам. Алассабоҳ бо Ҳоҷӣ Махдум ба ҳавлии домулло Абдураҳмони Тамкин рафтем. Домулло бисьёр одами хоксор ва ҳалим буд. Синни шарифи эшон қариб ба панҷоҳу се расида буд…”!
Абдураҳмони Тамкин дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил карда, улуми маъмули давраи худро азхуд менамояд.
Равшан аст, ки Абдураҳмони Тамкин аз ҷиҳати хона, монанди муллобачагони дигаре, ки дар Бухоро машғули таҳсил буданд, дар азоб набуд, балки хурсанд буд, ки аз ҷиҳати маскан осудахотир мебошад.
Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо ва инчунин аз гуфтаҳои худи Тамкин ошкор мегардад, ки вай пас аз поёни таҳсил дар Бухоро дар мадрасаҳои “Дорушшифо” дарс медиҳад.
Хаёт ва зиндагии Тамкин дар даврае мегузашт, ки дар он ҳокимон ва амирони Осиёи Миёна ҳукмронӣ мекарданд ва ҳар навъи зулму ситамро дар ҳаққи одамони мазлум ва ситамдида раво медоштанд.
Абдураҳмони Тамкинро аз лиҳози мероси адабӣ дар ҷузви шоирони пурмаҳсул шуморидан мумкин аст, зеро шоир дар жанрҳои гуногуни адабии он давра зўрозмоӣ карда, ба қадри зиёде асари адабӣ аз худ боқӣ гузоштааст. Аз он ҷумла қасида, ғазал, мухаммас, қитъа, фард, чистон, муаммо ва ҳаҷв ба дараҷаи маълуме муваффақият ба даст даровардааст.
Шоир осори худашро ба забони модарӣ – тоҷикӣ офаридааст. Дар баробари он вай гоҳе дар забонҳои арабӣ ва узбекӣ низ ашъор суруда ва ба ёдгор гузоштааст.
Осори адабии Абдураҳмони Тамкин:
- «Девони қасоиду ғазалиёт»;
- «Ганҷи шойгон»;
- «Рубоиёт»;
- «Ҷароид»;
- «Мулистон»;
- Матолеъ-ул-фохира ва матолиб-уз-зоҳира».
Ғайр аз осори номбаршуда ашъори парокандаи шоир дар баъзе тазкираҳо ва баёзҳои асри XIX дарҷ шудаанд, ки дар осори ба шакли китобат шудаи шоир мавҷуд нестанд.
Намунае чанд аз ашъори шоир.
Аз рубоиёт:
Дўст он аст дар сулуки вафо,
Нақди ҷон оварад ба меҳр фидо.
Лек нуқсони ёри худ гўяд,
Ба рухи дўст не ба ғайбу қафо.
***
Ғамгусоре нест ғайри ғам маро,
Нест ҷуз дарду алам ҳамдам маро.
Хушк шуд оинаи чашмам зи ишқ,
Мунъадим гардид охир ғам маро.
Аз муқаттаот:
Тутӣ дар ҷои одамӣ ба сухан,
Ин чӣ аҳди ғариб ноёб аст.
Заҳри қотил азизу матбуъ аст,
Хору беқадр босафо об аст.
Аз маснавиёт:
Сидқ бошад мояи амну наҷот,
Дар ҳама ҷо вижа дар гоҳи ҳаёт.
Ростонро барнамеояд шикаст,
Ростӣ ҳар кас намояд, рост раст.
Ростакороне, ки содиқ будаанд,
Рост бо тасдиқ лоҳиқ будаанд…
Рўи зиллатро набинад дар ҷаҳон,
Доимо дар вартаи амну амон.
Каҷсириштонро нашуд роҳат насиб,
Дар ду олам аз каҷӣ бо ғам қариб.
Шуд камон аз каҷҷӣ бо меҳнат қарин,
Ранҷ бинад аз ясору аз ямин.
Дур аз матлаб ба дўши халқи дун,
Ёфта таълиқ як сў сарнагун.
Сафарбӣ Қурбоналиева, шуъбаи
таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо.