Амали-Мари  ГУАШОН. Таъсири Сино ба Ғарб

Абуалии СиноАмали Мари Гуашон шарқшиноси машҳури Фаронса ба шумор меравад, ки оид ба ҳоли занон, аз ҷумла  шарҳи ҳоли занони баъзе мамлакатҳои араб як қатор асарҳо таълиф кардааст. Ин олимаи номӣ узви яке аз ҷамоатҳои роҳибони католикӣ буда, доир ба фиқҳ низ чанд рисола дорад. Дар солҳои охир роҷеъ ба Фаластин ва наҳри Урдун чанд рисолаи тозаи илмӣ низ ба табъ расонд.

Аммо Гуашон маҳз ба туфайли тадқиқоти амиқи фалсафаи Абуалӣ ибни Сино, алалхусус тадқиқоти мантиқи ӯ, ҳамчун тарҷимаи франсавии “Китоб-ул-ишорот ва ат-танбеҳот”-и Абуалӣ ибни Сино машҳури ҷаҳон гардидааст.

Як силсила асарҳои калон ва даҳҳо мақолаи Гуашон ба ҷараёни ҳаёту эҷодиёти Абуалӣ ибни Сино, ба ақидаҳои илмию фалсафии ӯ ва таъсири таълимоти ӯ ба Ғарб бахшида шудаанд.

А. М. Гуашон барои чор асараи худ: “Муқаддима ба таълимоти Абуалӣ ибни Сино” “Тафовути ҷавҳар ва вуҷуд аз рӯи таълимоти Абӯалӣ ибни Сино”, “Лекискаи забони фалсафии Абӯалӣ ибни Сино” ва “Фарҳанги қиёсии истилоҳоти Арасту ва Абӯалӣ ибни Сино” сазовори мукофоти Академияи Фанҳои Фаронса гардидааст.

Дигар хизмати шоистаи А. М. Гуашон ин аст ки аз зумраи уламои Ғарб аввалин шуда даъвои беаслии олимони Ғарбро дар бобати қимати илмӣ надоштани таълимоти Абуалӣ ибни Сино ва муқаллидии ӯ ба Арасту рад мекунад. Таълимоти Абуалӣ ибни Синоро оид ба мантиқ чуқур таҳқиқ карда, чунин маъниро ба исбот мерасонад, ки Абӯалӣ ибни Сино ба асрҳои устоди аввалини худ баҳои баланд дода бошад ҳам, ба таълимоти Арасту доир ба мантиқ тағйироти калон даровардааст.

Муҳаққиқони советии осори илмии Абӯалӣ ибни Сино асарҳои ба фалсафаи ин олими бузург бахшидаи А. М. Гуашонро тақдир кардаанд. “Истидлоли олими Фаронсавӣ Гуашон, ки мутахассиси калоне буда, осори фалсафии Абӯалӣ ибни Синоро чуқур омӯхтааст,- менависад академик А, М, Баҳоваддинов дар муқаддимаи тарҷимаи  “Донишнома” – дорои аҳмияти калон аст”.

Доктори илмҳои фалсафа М. Н. Болтаев дар асари калони ба қарибӣ аз чоп баромадааш “Масъалаҳои гнесеология ва мантиқ дар асарҳои Абуалӣ ибни Сино ва мактаби ӯ” хизмати арзанда А. М. Гуашонро дар роҳи омӯхтани фалсафаи Абуалӣ ибни Сино қайд мекунад. Ӯ бисёр муаррихони Аврупои Ғарбӣ, муҳаққиқони Эрон, Туркия ва Мисрро, ки дар боби ҳаёт, эҷодиёт, ақидаҳои фалсафӣ ва ҷамъиятию сиёсии Абуалӣ ибни Сино таълифу тасниф кардаанд, номбар намуда менависад: “Аммо аз ҷумлаи муаллифони мазкур ба фалсафа ва мантиқи Абуалӣ ибни Сино М. Робенсон ва А. М. Гуашон баҳои дуруст медиҳанд”.

Мақолаи зайл, ки бо андаке ихтисор чоп мешавад, матни лексияи хотимавии Гуашон аз силсилаи лексияҳое мебошад, ки муаллиф дар Тунис аз 14 то 23 ноябри соли 1951 ба муносибати ҷашни ҳазорсолагии Абуалӣ ибни Сино хондааст. Мақола як қатор далелҳои конкретии таъсири бузурги таълимоти Абуалӣ ибни Синоро ба инкишофи тиб, фалсафа ва илми Ғарб дар бар мегирад. Масъалаи таъсири таълимоти Абуалӣ ибни Сино бо фалсафаи Ғарб дар китоби Амали-Мари Гуашон “Фалсафаи Ибни Сино ва таъсири он ба Аврупои асарҳои миёна” мавриди муҳокимаи муфассал қарор гирифтааст.

 

… Мо чунон ки дида баромада будем, файласуф ва табиби ҳозиқ Абуалӣ ибни Сино мафҳумҳои муҷарради фалсафӣ ва материали илмии муайянро бо як чирадастӣ ба ҳам пайваста ба томии таълимоти худ ноил гаштааст.

Имрӯз мо тарзу тариқаи ба тамоми Ғарб паҳн шудани ин ду қисмати таркибии фалсафа ва илмро муҳокима хоҳем кард, ки мутафаккири бузург онҳоро ба ҳам омехтааст. Мо хоҳем дид, ки мероси Абуалӣ ибни Сино, мероси шахсе, ки дар асрҳои миёна номашро ба шакли яҳудии Авен Сина таҳриф карда, дар Ғарб Ависена мегуфтагӣ шуданд, то ин дам боқист. Дар лавҳи хотири мардум нақш бастани номи ӯ бесабаб нест.

Нуфузи ӯ ба мутафаккирон, файласуфон ва уламою фузало ба андозае зӯр буд, ки онҳо аз Абуалӣ ибни Сино таълим мегирифтанд, баъзеҳо ҳатто бевосита дар зери таъсири ӯ тарбия ва камол меёфтанд. Ин ҳолат дар мамлакатҳое мушоҳида карда мешуд, ки ӯ онҳоро дар гӯшаи хотир ҳам надошт. Таълимоти Абуалӣ ибни Сино натанҳо ба фалсафа, балки ба тиб ба ҳамаи илмҳои маълуми ҳамон замон таъсир мерасонад. Ин кор аз рӯи ихтисоси ман набошад ҳам дар бораи нуфузи ба тиб ва илм доштаи ӯ чанде ҳарф заданӣ ҳастам.

Дастнависҳои мусаннафоти Абуалӣ ибни Сино ба ғарб меафтанду сад сол аз рӯзи вафоти ӯ нагузашта тарҷима шудан мегиранд. Ин дастнависҳо ба воситаи ду давлат – Ситсилия ва Испания ба ғарб меафтанд. Дар Ситсилия  аввал асарҳои оид ба тиб навиштаи Абуалӣ ибни Сино пайдо мешаванд. Дар асри Х ва ХI дар ин ҷо таълифоти математикӣ ва астрономӣ тарҷума мешуданд. Рисолаҳои Гален ва Ҳусайн ибни Исҳоқро аз аҳли Тунис Константини Африқоӣ тарҷима мекунанд, ки роҳиби дайри Монт Кассино шуда буд. Дар Ситсилия мутарҷимони Абуалӣ ибни Сино кам буданд, тарҷимаи асарҳои ӯро дар ин ҷо назар ба Испания панҷоҳ сол дертар сар мекунанд.

Вале ман на ба Ситсилия дахл мекунам, на ба мактаби ҳакимон ва мутарҷимони Тунис. Инро ба шумо ҳамватанатон ҷаноби Бен Яҳё нақл хоҳад кард, ки ӯ ин масъаларо махсусан омӯхтааст.

Дар Испания асарҳои фалсафӣ, тиббӣ ва илмиро ҳайати сершумори мутарҷимони беҳтарини испанӣ, итолиёӣ, яҳудӣ ва англис тарҷима мекарданд. Онҳо архиепископ Толедский, фаронсавӣ Раймон до Совет, ки канслери аъзами шоҳи Кастилия ба ҳисоб мерафт, бо ташаббуси худ ба ин кор камар баста буданд. Ин тарҷимаҳо бо чунон ғайратмандӣ карда мешуданд, ки онҳоро як навъ корнамоӣ гӯем хато намешавад. Аммо ман ба ин ҷиҳати масъала таваққуф намекунам. Беҳтар аст ки аз чӣ иборат будани нуфузи таълимоти Абуалӣ ибни Синоро ба Ғарб ботафсилтар нақл кунам.

Барои фаҳмидани аҳамияти ин нуфуз вазъияти Аврупоро дар охирҳои асри XII бояд ба хотир овард. Сайъу кӯшиши Карли Кабир дар роҳи инкишоф додани маданият барбод рафта буд. Сипас майлу рағбати сар даровардан ба олами маънавӣ дуболо мешавад. Ғарб рӯ ба таҷаддуд мениҳад. Мусаннафоти замони гузашта ҳанӯз чандон маълум набуд. Дар соҳаи илми фиқҳ асарҳои калони бузургворони калисои юнон ва румиҳо мавҷуд буданд.

Дар он давра аз таълифоти Арасту ба ҷуз “Аналитикаи дуюм”, “Лаҳн”, ва “Такзиби софистон” тақрибан чизе дастрас набуд. Аммо мутарҷимони Абуалӣ ибни Сино “Метафизика”, “Китоб-ул-шифо”, рисолаҳо оид ба нафс, самовот, ҳайвонот ва муҳимтарин қисматҳоро аз таълифоти ӯ оид ба мантиқ ва илмҳои табиатшиносӣ ба табъ мерасонанд. Абуалӣ ибни Сино аввалин шахсе буд, ки ба таълимоти комилу ҳамаҷонибаи худ сар мебардорад.

Дар соҳаи тиб танҳо асарҳои ҷудогонаи мактаби тибии шаҳри Салерно мавҷуд буданд. Дар миёни солҳои 1150 ва 1187 “Ал-қонун-фи-тиб”-и Абуалӣ ибни Сино бо тарҷимаи мукаммали Герарди Кремони пайдо мешавад. Асари мазкур ҳамчун тавроту инҷили тиб нуфуз пайдо мекунад. Ва ҳол он ки ҳама ҳокимон дорои нусхаи мукаммали ин асар буданд. Бисёре аз онҳо ба таълифоти тиббии начандон калони Абуалӣ ибни Сино қаноат мекарданд. Абӯбакр-ар Розӣ бо унвони Розӣ ва Ибни Рашид бо унвони Аверроес низ як қадар нуфуз пайдо мекунад.

Дар давоми чандин аср саромади ҳамаи илмҳои маълуми ҳамон давра Абуалӣ ибни Сино ба ҳисоб мерафт. Дар боби тасвири пурраи нуфузи ӯ ҷилд-ҷилд китоб метавон навишт. Мо дар ин баёноти мухтасар ва сатҳӣ таърихи нуфузи таълимоти Абӯалӣ ибни Синоро ба фалсафа, тиб ва илмҳои дигар дида мебароем.

 

Мақолаи Амали-Мари Гуашон, муҳаққиқи беназири фаронсавӣ дар дар тарҷумаи Н.Садовский ва Шамсӣ Собир дар шумораи якуми соли 1967 маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шудааст. Мо ин ҷо пораеро аз он овардем ва хоҳишмандон метавонанд идомаи ин мақолаи пурмуҳтаворо дар толори хониши матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ мутолиа кунанд.

 

Таҳияи Шавқинисо Носирова,

мутахассиси шуъбаи матбуоти даврӣ

 

теги: матбуоти даврӣ