«Китобу-л-адвор»-муътабартарин китоби мусиқӣ

«Китобу-л-адвор фӣ маърифати-н-нағами ва-л-адвор», «Китобу-л-адвор фи-л-мусиқӣ», «Китобу-л-адвор», «ал-Адвор», рисолаи мусиқии Абдулмуъмини Урмавӣ, ки соли 1252 дар Бағдод ба забони арабӣ навишта шудааст.

Дар «Китобу-л-адвор» масъалаҳои санъати мусиқии асрҳои миёнаи мардуми Шарқ, аз ҷумла форс-тоҷик баррасӣ ва хусусиятҳои мусиқӣ, аз қабили пардаҳо, нағамот, ҷўркунии созҳо (уд), буъд дар чаҳорчўби назарияи адвор шарҳ ёфтаанд.

Аз 15 фасл иборат аст. Дар оғози рисола Урмавӣ масъалаҳои садо ва овози мусиқӣ («нағма»)-ро шарҳ додааст.

Фасли аввалДар шинохти нағма ва ҳиддат ва сақили он») ба таърифи нағмаҳои мусиқӣ, ташаккул ва зарбу усули нағма дар зери (ҳиддат) бам (сақил) бахшида шудааст.

Дар фасли дуввумАқсоми дасотин») доир ба дастонбандӣ, қисмҳои муҳимми дастон (пардаҳои мусиқӣ) хосият, мавқеъ ва навъҳои пардаҳо сухан меравад.

Фасли севвуми «Китобу-л-адвор» «Нисбати буъдҳо» ном дошта, таркиботи буъд (фосила)-ҳои мулоим ва мутанофир (консонанс ва диссонанс) ва тарзи ҳосилшавии онҳоро дар бар мегирад.

Фаслҳои чорум («Асбоби танофур») ва панҷум («Асбоби мулоим») ба масъалаи танофир, омилҳое, ки боиси эҷоди он мешаванд ва тарзи сохти фосилаи мулоим бахшида шудаанд.

Фаслҳои шашум («Дар баёни торҳо») ва ҳафтумДар нисбати торҳо») доир ба ҷўри тори соз (истиҳоби ватрин), тарзи сохтани адвор (гомхои мусиқӣ), ақоиди аҳли мусиқӣ дар хусуси торҳо ва фасли ҳаштумТасвияти автор ва истихроҷи адвор») дар бораи робитаи торҳо, тавсифи сози уд, фосила ва ғайра баҳс мекунанд.

Дар фасли нуҳумДар баёни адвори машҳур») муаллиф шарҳи комили Дувоздаҳмақом (Ушшоқ, Наво, Бусалик, Рост, Ҳусайнӣ, Ҳиҷозӣ, Раҳавӣ, Ироқ, Зерафканд, Исфаҳон, Зангўла, Бузург)-ро оварда, баъдан доир ба 24 шуъба (Дугоҳ, Сегоҳ, Чоргоҳ, Панҷгоҳ, Аширон, Наврўзи Араб, Моҳур, Наврўзи Хоро, Ҳисор, Наврўз, Баётӣ, Уззол, Найрез, Мубарқаъ, Ракаб, Сабо, Ҳумон, Наҳованд, Зовулӣ, Бастанигор, Румӣ, Ироқ) ва 6 овоза (Салмак, Гардония, Моя, Шаҳноз, Наврўз, Гавашт) маълумоти мушаххас дода, нақшаи онҳоро дар шакли давра оварда, аз рўи хатти онҳо ҷои пайдоиши ин ё он овозро таъкид кардааст.

Фасли даҳумТаносуби нағаму адвор») мавзўи нағмаҳои муштараки байни адвори мухталиф, фасли ёздаҳум («Дар табақоти адвор) тавсифи таснифи адвор ва усули эҷоди онҳо дар сози уд, фасли дувоздаҳум (“Дар истихоби ғайри маъҳуд) ҷӯрҳои мутафовити  торҳои созҳои мусиқӣ, фасли сенздаҳум (“Дар адвори иқоъ”) ва ғайра шарҳ ёфтааст.

«Китобу-л-адвор» маъхази муҳимми афкори илмию амалии мусиқии мардумони Шарқи Наздик ва Миёна мебошад. Таълиф ва услуби масъалагузории «Китобу-л-адвор» бар мабнои афкори Синову Форобӣ сурат гирифтааст. Баъд аз осори Ибни Сино ва Ибни Зайла «Китобу-л-адвор»-ро қадимтарин китоб дар бораи назарияи илмии мусиқии форс-тоҷик донистаанд.

Ба «Китобу-л-адвор» таваҷҷуҳи бисёр зоҳир шуда, он тавассути мусиқишиносон шарҳу тафсир ва ба забонҳои форсӣ, русӣ, англисӣ, туркӣ, фаронсавӣ тарҷума шудааст.

Қадимтарин нусхаи «Китобу-л-адвор» дар Китобхонаи Нури Усмонияи Истанбул (№3653) ва нусхаҳои дигараш дар китобхонаи Миср, Эрон, ИМА, Англия, Русия, Фаронса, Олмон, Австрия, Ирландия, Туркия, Ироқ ва Ҳолланд маҳфузанд.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 182-183.
Муаллиф А. Раҷабов

Таҳияи Ҳусния Назарова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ