«Китобу-л-ансоб»-асаре дар бораи ному лақаби ашхоси маъруфи Мовароуннаҳру Хуросон
«Китобу-л-ансоб» – («Китоби насабҳо»), асари таърихии Абусаъд Абдулкарим ибни Муҳаммади Самъонӣ (1113-67) бо забони арабӣ аст. Асар дар бораи Мовароуннаҳру Хуросон маълумоти нодири таърихӣ, ҷуғрофиёӣ ва адабӣ дорад.
Дар «Китобу-л-ансоб» ному лақаби ашхоси маъруфи Мовароуннаҳру Хуросон бо тартиби муайян зикр гардида, ба туфайли ин доир ба шаҳру деҳоти асримиёнагии Мовароуннаҳру Хуросон, ки муаллиф ба он ҷойҳо сафар кардааст, маълумоти нодири ҷуғрофиёӣ гирдоварӣ шудааст.
«Китобу-л-ансоб» нахустин маъхазест, ки дар бораи Рӯдакӣ маълумот додааст. Асари мазкурро сипас Ёқути Ҳамавӣ чун маъхази асосӣ истифода кардааст.
Ба қавли Ибни Халликон, «Китобу-л-ансоб» аз 8 ҷилд иборат буд ва дар асри XII китоби нодир ба шумор мерафт. Ибни Асир дар асри XII шакли мухтасари «Китобу-л-ансоб»-ро дар се ҷилд бо номи «ал-Лубоб» таҳия кард.
Матни аслии асарро соли 1912 професор Марголиус аз рӯи дастхатти Осорхонаи Британия ба табъ расонд. Нусхаи комили дастхатти «Китобу-л-ансоб» таҳти шумораи С 361/543а дар ганҷинаи дастхатҳои Институти шарқшиносии Санкт-Петербург маҳфуз аст.
Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С.183.
Муаллиф: А.Саидов
Таҳияи: Шаҳноза Садирзода,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.