Бо бачаҳо. Донистаниҳо аз ҷуғрофия. Обу ҳаво
Обу ҳаво – ин ҳолати чандинсолаи атмосфера дар ин ё он минтақаву маҳал дар фосилаи дарозу кўтоҳи вақт мебошад. Обу ҳаво бо нишондиҳандаҳое чун: ҳарорат, рутубатнокии ҳаво, фишор, абрнокӣ, суръати бод ва боришот тавсиф меёбад. Ба боду ҳаво мавқеи ҷўғрофӣ, ҷойгиршавии маҳал, наздикӣ ба баҳр ва ҷараёнҳои бодҳои уқёнусӣ, ҳатто дараҷаи олудагии атмосфера, таъсир мерасонад.
Вазъи обу ҳаворо чӣ тавр пешгўӣ мекунанд?
Илме, ки равандҳои физикии дар атмосфера баҳамоянда ва бо обу ҳаво таъсиркунандаро меомўзад, метеорология, яъне ҳавошиносӣ ном дорад. Маълумоти марбут ба ҳарорат, хусусиятҳои абрнокӣ, суръати шамол, фишори атмосферӣ, боридани борону барф тавассути асбобҳои махсус дар пойгаҳҳои обуҳавосанҷӣ, ки дар тамоми ҷаҳон мавҷуданд, ҷамъоварӣ карда мешавад. Обуҳавосанҷҳо (метеорологҳо) ғайр аз он маълумоти мушоҳидаи рўизаминӣ аксҳои ҳолати атмосфераро, ки радифҳои обуҳавосанҷии кайҳонӣ мефиристанд, меомўзанд. Дар асоси маълумоти гирдомада дар Марказҳои бузурги обуҳавосанҷӣ харитаҳои ҳавошиносӣ (синоптикӣ) тартиб дода, вазъи обу ҳаворо пешгўӣ мекунанд.
Гирдбод ва бўрони тропикӣ чист?
Гирдбод ва бўрони тропикӣ хосси мамлакатҳои минтақаи тропикӣ буда, аслан дар баҳру уқёнусҳо пайдо мешаванд. Онҳоро тундбод, тўфон, гирдбод ва ғайра меноманд, ки аз таъсири гармии оби баҳру уқёнусҳо падид меоянд. Гирдоб ин тўфони атмосферавист, ки шакли даҳанаи вусъаташ наздики 100 м мефурояд. Гирдбод аз абри раъду барқӣ ба Замин дар шакли остин ё хартуми абрии тира поин мефурояд. Суръати шамол дар дохили гирдбод метавонад ба 500 км /соат рассад. Гирдбодҳо (онҳоро дар ИМА торнадо мегӯянд) бештар дар ҳамвориҳои бузурги Амрикои Шимолӣ вомехўранд. Дар маркази гирдбод минтақаи фишораш паст ҷойгир аст, ки биноҳои ба даҳана афтода аз таъсири ҳавои дар дохили онҳо дамида метарканд. Ҳамчунин гирдбодҳои сахте мавҷуданд, ки қутрашон ба садҳо километр мерасад ва бўронҳо (сиклонҳо )–и тропикиро дар болои уқёнусҳои Атлантика, Ором ва Ҳинд падид меоранд. Дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ онҳоро тўфон (тайфун) ва дар Атлантика тундбод (ураган) меноманд. Онҳо бо неруи хатаровар вазида, дар соҳилҳои аҳолинишин обхезиҳои фалокатовар ва дар хушкӣ харобиҳои даҳшатангезро ба вуҷуд меоранд.
Аз китоби “Ҷуғрофия” (Донишнома) таҳияи Ситора Расулова,
шуъбаи хизматрасони ба шахсони имконияташон маҳдуд