Китоби нав: «Душанбе – нусхае аз биҳишт»

Китоби «Душанбе – нусхае аз биҳишт» маҷмуаи мураттаб аз мақолаҳои чеҳраҳои саршиноси сиёсат, илму адаб, иқтисод, фарҳанг ва ҷомеаи рӯзноманигорӣ мебошад, ки ба
дастовардҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри
дилорои Душанбе дар даврони Истиқлоли давлатӣ бахшида шудаанд. Маводи китоб бозгӯкунандаи рушди бесобиқаи пойтахт ва беҳбуди рӯзгори сокинони он мебошад, ки зери сарварии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо фаъолияти пурбори роҳбари пешоҳанг, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имконпазир шудааст.

Дар китоб факту далелҳои муътамад гирд оварда шудаанд, ки равандҳои созандагиву ободкорӣ ва пешрафти соҳаҳои мухталифи шаҳри Душанберо дар солҳои охир фаро мегиранд. Ин асар барои хонанда имкони дарёфти маълумоти дақиқу зарурӣ оид ба дастовардҳои муҳими шаҳрро фароҳам оварда, барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла муҳаққиқон, рӯзноманигорон ва дӯстдорони таъриху фарҳанги миллӣ, манбаи муҳими иттилоотӣ ба шумор меравад.

Қобилҷон Хушвахтзода, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобаста, президенти АМИТ дар мақолааш бо номи “Душанбе-маркази илми ватанӣ ва баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд” менависад: Пойтахти кишварамон дар омода сохтани кадрҳои ҷавони илмӣ низ мақоми баланд дорад. Аз ҷумла, танҳо дар 19 муассисаи илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 269 нафар магистрант аз рӯйи 53 ихтисос таҳсил намуда истодаанд. Дар
зинаи докторантураи PhD – докторантура аз рӯи ихтисос бошад,
218 нафар докторант таҳсил менамояд. Дар зинаи докторантураи анъанавӣ 9 докторант таҳсил карда, ба хайси унвонҷӯ 367 нафар бо фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мебошад. Дар Академияи хурди илмҳо, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад, зиёда аз 1000 нафар хонанда ба сессияҳои илмӣ фаро
гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт мебошанд.

Илми ватанӣ имрӯз дар баробари ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва фарҳанги миллиамон барои муаррифии пойтахтамон
дар арсаи ҷаҳонӣ нацши арзандаро ба иҷро расонда истодааст. Бо ин мақсад ва барои боло бурдани сатҳи илми точик дар арсаи байналмилалӣ имрӯз робитаҳои илмии байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо зиёда 300 муассиса аз 50 давлат ба рох монда шудаанд. Ба ҳайати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин 23 аъзои хориҷӣ шомил мебошад.

Як воситаи муҳими муаррифии пойтахтамон ба ҷаҳониён, ин гузарондани симпозиуму конференсияхо ва чорабиниҳои дигари илмии байналмилалӣ дар он мебошад. Аз чумла, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо иқдомҳои шахсии Пешвои муаззами миллат арҷгузорӣ ба шахсияти олимон, ки чи дар гузашта, чи дар замони нав ба миллат хизмат намудаанд, ба сатҳи олӣ бардошта шуда, бо ин мақсад, бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ, чун Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрави Кубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва даҳҳо мутафаккирони дигар бо баргузории симпозиуму конференсияҳои илмии байналмилалӣ сурат гирифт, ки дар онҳо садҳо меҳмонони хориҷӣ аз пойтахти азизи кишварамон – шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Хонандагон китоби «Душанбе – нусхае аз биҳишт» – ро метавонанад дар Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.

Анушаи Ҷамолиддин
мутахассиси пешбари,
шуъбаи мукаммалгардонии фонд.