Ҳандаса аз қаъри қарнҳо
Нусхаи хаттии Хоҷа Насируддини Тусӣ (597-672) таҳрири «Усул-ул-Ҳандаса ва ал-ҳисоб» дар «Осорхонаи китоб»-и шуъбаи Дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ ба намоиш гузошта шудааст, ки бо 496 шакли зебои геометрӣ диққати ҳазорон меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.
Ин асар, ки имрўз ба номи «Ақлидус» («Euqlid») шинохта мешавад, аз 15 мақола иборат аст, ки 13 мақолаи он навиштаи Ақлидус (Эвклид) ва ду мақолаи дигар мансуб ба Ҳубсиколис мебошад.
Ин асар яке аз нахустин китобҳое мебошад, ки аз тарафи мусалмонон аз забони юнонӣ ё суриёӣ ба забони арабӣ тарҷума гардидааст. Аз он ҷумла ҷомеашиноси машҳур Ибни Халдун дар китоби «Таърихи ибни Халдун» роҷеъ ба тарҷумаи ин аср қайд карда мегўяд, ки Императори Руми шарқӣ бо дархости Мансури Аббосӣ нусхаҳое аз ин китоб ва баъзе китобҳои улуми табииро ба Мансур фиристода, дар замони ў тарҷума шудааст. Баъдҳо ин асар аз тарафи Исҳоқ ибни Ҳанин (вафоташ 297), Собит ибни Қураҳ ва Абўисмони Димишқӣ тарҷума гардидааст, ки 13 мақолаи Ақлидусро шомил буд. Мақолаҳои 14 ва 15-ум, ки ба Ҳубсиколис мансуб мебошад Қусто ибни Луқо ба забони арабӣ тарҷума кардааст.
Қобили зикр аст, ки муҳимтарин таҳқиқоте, ки болои ин асар сурат гирифтааст, таҳқиқоти Ибни Сино мебошад. Хулосаи ин асар дар бахши риёзиёти китоби «Шифо» – и Ибни Сино зикр шудааст, ки фанни аввали риёзии онро дар бар мегирад.
Нусхаи мазкуре, ки дар «Осорхонаи китоб» ба намоиш гузошта шудааст, аз 336 саҳифа иборат буда, тақрибан дар охирҳои асри XVII ва аввалҳои асри XVIII ба хатти зебои насталиқ навишта шудааст. Мутаасифона, ин асар ноқис буда, 13 мақоларо дар бар мегирад.
Китоби мазкур дар дафтари инвенитарӣ таҳти рақами 591 ба қайд гирифта шудааст.
А.Зайдуллоҳ,
сармутахассиси
шуъбаи Дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нодир.