Катибаҳои Тахти Ҷамшед

I

Дориюш, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ, ки ин тачраро сохт.

II

Дориюш шоҳи бузург аст, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ.

III

Панҷараи сангин сохташуда дар хонаи Дориюш.

IV

Аҳурамаздо бузург аст, бузургтарин Худоён; ӯ Дориюшро шоҳ кард; шаҳриёриро ба ӯ дод; ба хости Аҳурамаздо, Дориюш шоҳ аст.

Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ин мардум, Порс, ки Аҳурамаздо ба ман дод, бисёр хуб, бо асбони хуб, бо мардони хуб, ба хости Аҳурамаздо, ба хости ман, Дориюшшоҳ, аз ҳеҷ дигаре наметарсад».

Дориюшшоҳ мегӯяд:

«Аҳурамаздо бо тамоми Худоён маро бипояд, ва Аҳурамаздо ин мардумро бипояд, аз сипоҳи душман, аз гуруснагӣ ва аз дурӯғ; бар ин мардум сипоҳи душман, каҳтӣ ва дурӯғ, чира нашавад; ин ҳамон чизе аст, ки ҳамчун мавҳибате аз Аҳурамаздо бо тамоми Худоён, мехоҳам; Аҳурамаздо бо тамоми Худоён, инро ҳамчун мавҳибате ба ман диҳод».

V

  1. «Ман Дориюш ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумони бисёр, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».
  2. Дориюшшоҳ мегӯяд: «Ба хости Аҳурамаздо инҳо мардумоне ҳастанд, ки ман бо ин сипоҳи Порс гирифтам, онҳое, ки аз ман метарсиданд, ба ман хироҷ медоданд: эломӣ, модӣ, бобилӣ, араб, ошурӣ, мисриҳо, арманӣ, кападокияӣ, лидияӣ, юнониёне, ки рӯи замин ҳастанд ва онҳое, ки бар дарё ҳастанд ва ақвоме, ки он сӯи дарё ҳастанд, асагартӣ, порт, дарангӣ (зарангӣ), ориёӣ (ҳаравӣ), бохтарӣ (балхӣ), суғдӣ, хоразмӣ, стагедӣ, арахузӣ (рухаҷӣ), ҳиндӣ, гандораӣ, сакоӣ ва макӣ».
  3. Дориюшшоҳ мегӯяд: «Агар ту чунин меандешӣ: «ман намехоҳам аз дигаре битарсам», ин сипоҳи Порсро ҳимоят кун, агар сипоҳи Порс ҳимоят шавад, то муддатҳо шодии заволнопазир бар ин хона фуруд хоҳад омад».

VI

«Ман Дориюшшоҳ ҳастам, шоҳи бузург, шоҳи шоҳон, шоҳи мардумон, шоҳи рӯи ин замин, писари Виштоспа, ҳахоманишӣ».

Ва Дориюшшоҳ мегӯяд: «Рӯи ин суфа, он ҷое, ки ин кох сохта шуд, дар он ҷо, ҳеч кохе сохта нашуда буд; ба хости Аҳурамаздо, ман худ ин кохро сохтам; ва Аҳурамаздо, бо тамоми Худоён, чунин хост, ки ин кох сохта шавад; ва ман худ онро сохтам; он гоҳ, кохи устувор ва бошукӯҳ сохта шуд, дақиқан ҳамон гуна, ки ман фармон дода будам».

Ва Дориюшшоҳ мегӯяд: «Аҳурамаздо, бо тамоми Худоён, маро бипояд, ва ин кохро ва низ, он чӣ рӯи ин суфа гирд оварда шудааст; он чӣ инсоне хоин меандешад, рух надиҳод!».

VII

Аҳурамаздои бузург, ки аз ҳамаи Худоён бузургтарин аст; ки осмон ва заминро офарид; ки мардумонро офарид; ки ба инсонҳои зинда, ки бар рӯи он ҳастанд, комёбӣ дод; ки Дориюшро шоҳ кард ва шаҳриёрӣ ба Дориюшшоҳ дод рӯи ин замини васеъ, ки дар он кишварҳои бисёре ҳаст: Порс, Мод ва дигар сарзаминҳо бо забонҳои дигар, бо кӯҳҳо ва даштҳо аз ин сӯи дарё ва аз он сӯи дарё, аз ин сӯи саҳро ва аз он сӯи саҳро.

Дориюшшоҳ мегӯяд; «Бо ёрии Аҳурамаздо, инҳо кишварҳое ҳастанд, ки чунин карданд, ки дар ин ҷо гирди ҳам омаданд: Порс, Мод ва дигар кишварҳо, бо забонҳое дигар, бо кӯҳҳо ва даштҳо, аз ин сӯи дарё ва аз он сӯи дарё, ҳамон гуна, ки ман бад-эшон дар ин маврид фармон дода будам; ҳар он чӣ ман кардам, бо ёрии Аҳурамаздо кардам; Аҳурамаздо бо тамоми Худоён маро бипояд ман ва он чиро ман дӯст дорам».

Хоҳишмандон метавонанд бо ин ва чанд матлаби дигар аз китоби “Мероси хаттии Бостон” ошно шаванд. Ин китобро соли 2014 Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Тоҷнома”. Силсилаи тоҷикон дар масири тамаддун” чоп кардааст.

Таҳияи Орзуҷон Искандаров, мутахассиси пешбари Маркази “Тоҷикшиносӣ”.