Шуарои Эрон. Раҳии Муайирӣ

Муҳаммадҳусейн Раҳии Муайирӣ аз барҷастатарин ғазалсароёни суннатии рўзгори муосир аст. Вай 30-уми апрели соли 1909 дар Теҳрон ба дунё омад ва пас аз таҳсилоти олӣ вориди машоғили идорӣ шуд ва солҳо бо радио ҳамкорӣ дошт.

Девони комили ў ҳовии «Сояи умр», «Озода», «Таронаҳо», ки шомили ғазалиёт, қитъаот, маснавиҳо, таронаҳо ва дигар сурудаҳои ўст.

Вай дар танзу фукоҳинависӣ ва таронасароӣ низ устод буд, аммо умдаи шуҳрати Раҳии Муайирӣ ба хотири ғазалиёти ўст, ки омезае аз латофат ва фасоҳати забони Саъдӣ, қуввату инсиҷоми баёни Низомӣ, шўру ҳарорати каломи Мавлавӣ ва нозукхаёлиҳои Соиби Табрезӣ аст.

Раҳӣ баёне пок ва пироста ва табъе гарму ҳасос дошт.

Вай 15-уми ноябри соли 1968 дар шаҳри Теҳрон даргузашт.

 

                    ЧАШМИ ҲАЁТ

Эй субҳ навдамида, баногўши кистӣ?

В- эй чашмаи ҳаёт, лаби нўши кистӣ?

Аз ҷилваи ту сина чу гул чок шуд маро,

Эй хирмани шукуфта, бари дўши кисти?

Ҳамчун ҳилол баҳри ту оғўши мо тиҳист,

Эй кавкаби умед, дар оғўши кистӣ?

Меҳри мунирро набувад ҷомаи сиёҳ,

Эй офтоби ҳусн, сияҳпўши кистӣ?

Имшаб каманди зулфи туро тоби дигарест,

Эй фитна, дар камини дилу ҳуши кистӣ?

Мо лоласон зи доғи ту нўшем хуни дил,

Ту ҳамчу гул ҳарифи қадаҳнўши кистӣ?

Эй андалеби гулшани шеъру адаб Раҳӣ,

Нолон ба ёди ғунчаи нолони кистӣ?

 

ҲАДИСИ ҶАВОНӢ

Ашкам, вале ба пои азизон чакидаам,

Хорам, вале ба сояи гул орамидаам.

Ба ёди рангу бўи ту, эй навбаҳори ишқ,

Ҳамчун бунафша сар ба гиребон кашидаам.

Чун хок дар ҳавои ту аз по фитодаам,

Чун ашк дар қафои ту бо сар давидаам.

Ман ҷилваи шубоб надидам ба умри хеш,

Аз дигарон ҳадиси ҷавонӣ шунидаам.

Аз ҷоми офият майи нобе нахўрдаам

В –аз шохи орзу гули айше начидаам.

Мўи сапедро фалакам ройгон надод,

Ин риштаро ба нақди ҷавонӣ харидаам.

Эй сарви пойбаста, ба озодагӣ маноз,

Озода ман, ки аз ҳама олам буридаам.

Гар мегурезам аз назари мардумон, Раҳӣ,

Айбам макун, ки оҳуи мардумнадидаам.

Аз китоби доктор Алиасғари Шеърдӯст “Шеъри муосири Эрон”, Душанбе, соли 212 таҳияи Фирӯза Раҳимова, муовини сардори шуъбаи маълумотдиҳӣ- библиографӣ.