Аломати вергул дар ҷумлаи мураккаби тобеъ (Назари профессор Камолиддинов)
Маълум аст, ка дар навишт ҷумлаи пайрав аз сарҷумла хамеша бо аломати вергул ҷудо карда, дар гуфтор бо оханги хос талаффуз мешавад ва байни сарҷумлаю ҷумлаи пайрав исти кўтоҳе воқеъ мегардад. Яке аз пайвандакҳои сермаъною серистеъмоли алоқаи ҷумлаи пайрав бо сарҷумла ки ба шумор меравад. Он ду тарз кор фармуда мешавад: ҷудогона ва дар охири пайвандакҳои мураккаби азбаски, чунки ва таркибии то ки, чунон ки, вақте ки, аз сабаби он ки, ба шарте ки, бо вуҷуди он ки ва ғайра.
Чунин тасаввурот ғалат аст, ки пеш аз пайвандаки ки ҳамеша вергул гузоштан лозим бошад. Таваҷҷуҳ кунед ба матнҳои зерин: Ҳанўз вакили мухтор ба минбар набаромада, садои чапак ва қарсак ба осмон печид (С. А.). Қолаби асли ифодаи он мазмун чунин аст: Ҳанўз вакили мухтор ба минбар набаромада буд ки, садои чапак ва қарсак ба осмон печид. Дар ин маврид ҳам «Ҳанўз вакили мухтор ба минбар набаромада буд» ҷумлаи пайрави замон буда, дар тарзи ифодаи аввал танҳо ба воситаи оҳанг (интонатсия), вале дар мавриди дуюм бо ёрии оҳангу пайвандаки ки ба сарҷумлаи «садои чапак ва қарсак ба осмон печид» тобеъ шудааст. Ҳамин тарзи ифодаро ҳамаи адибонамон дар гузаштаю имрўза бакор бурдаанд:
Ҳанўз аз гули бўстон бақияе монда буд ки, китоби «Гулистон» тамом шуд (Саъдӣ); Мо ҳанўз чойнўширо тамом накарда будем ки, маддоҳои дирўза омад (С. А.); Аз байн ним соат нагузашта буд ки, мошини даъватӣ омад (С. Т.).
Дар матнҳои зерин ҳам пайвандаки ки дар охири ҷумлаи пайрави замон меояд: Як рўз аз майдон мегузаштам ки, мардумро ҷамъшуда дидам («Чор дарвеш»); Ман ғарқи тамошои ҷанҷоли бозори ғўза будам ки, касе аз паси сарам оҳистакак дошт (С. А.); Қаҳтӣ сар шуда буд ки, ба Тошканд кўчида омадем (С. У.); Назди печкаи голландии шўъбаамон рост меистодам ки, занги телефон баланд шуд (Ф. М.); Баъди ду рўзаш аз мактаб биёям ки, бачаҳо «Гавҳар, Гавҳар! Бобоят мурданд» гуфтанд (П. Толис); Райҳона аз паҳлуи ҳамон харобазор мегузашт ки, ногоҳ бўйи хуши гуле ба димоғаш расид (А. С.).
Дар ин маврид пайвандаки ки бо вақте ки, ҳангоме ки, он гоҳ ки ва ғайра муштараквазифа мешавад: Вақте ки Райҳона аз паҳлуи ҳамон харобазор мегузашт, бўйи хуши гуле ба димоғаш расид. Тафовут танҳо дар ин ҷост, ки дар мавриди аввад (бо пайвандаки ки) тасодуфан ё фавран воқеъ гардидани амали хабари сарҷумла дар назар дошта мешавад.
Илова: Дар охири ҷумлаи пайрави сабаб омадани пайвандаки ки:
Ман сахтҷон будаам ки, дар муддати бист сол дар миёни ин дуду бўйи заҳролуд намурдаам (С. А.); Дар вақти пойин омаданам Шоҳқосим аз миёнам дошт ки, поям ба замин бархўрда лат наёфт (Восифӣ); Аз афташ, ҳаво ҳақиқатан ҳам сахт гарм шуда будааст ки, рўйи Саломатапа суп-сурх шуда рафт (П. Т.); Магар дилаш танг шуд ки, ба ғазалхонӣ даромад (Ҷ. И.); Ба мўйсафедон пургўйии Каримдеҳқон сахт расид магар ки, Қодирбобо гапи ўро бурид (Ҷ. А.).
Дар охири ҷумлаи пайрави хилоф омадани пайвандаки ки:
Аз сари коммунист тилло резед ки, ба ҷойи нохонда қадам намегузорад; Ҷавонмарде соатҳои дамгирӣ дар ҳалқаи оила буданро нахоҳад, ба занҷир баста монӣ ки, мегурезад (Ф. М.); Агар то зонуям ҳам тилло резанд ки, дар хона шишта наметавонам (Матбуот); Ин мўйсафедро кушӣ ҳам (ки), як пули дигар намедихад (С. А.).
Дар дохили ҷумлаи пайрави шарт омадани пайвандаки ки:
Баъд аз ин ҳар чизро ки бинӣ, бо диққат зеҳн монда нигоҳ кун, ҳар гапро ки шунавӣ, бодиққат гўш кун (С. А.); Ба панҷ байза ки султон ситам раво дорад, Зананд лашкариёнаш ҳазор мурғ ба сих (Саълӣ); Гул ки бозорӣ шавад, булбул занад худро ба дом, Бар умеди ин ки сайёдаш ба бозор оварад (Ҷомӣ); Ҳар гул ки шукуфад, лаби хандидаи мост, Ҳар чашма ки ҷўшад, дили болидаи мост (Лоиқ); Бародар ки ҳампушту ҳамзод бувад В-аз ў хонаи давлат обод бувад («Баҳр-ут-таворих»).
Дар тақвияти ҳамин мулоҳиза аз забоншиноси нуктасанҷ Субҳон Атобуллоев як иқтибос меорам: «Ҷумлаи пайрави замон будани ҷузъи якуми ҷумлаҳое, ки пайвандаки ки дар дохили онҳо меояд, бешубҳа аст. Вале дар ҷумлаҳое, ки дар онҳо пайвандаки мазкур дар байни сарҷумла ва ҷумлаи пайрави онҳо воқеъ мегардад, ҷудо кардани ҷумлаи пайрав андаке душвор аст. Х. Ҳусейнов, Д. Т. Тоҷиев ва А. М. Шафоӣ тасдиқ мекунанд, ки ҷумлаи пайрав дар ин ҳолат низ ҷузъи якум аст ва пайвандак ба он нисбат дорад (ишораи мо – К. Б.). Аз ҷумла, А.М.Шафоӣ барои тасдиқи ақидаи худ далелҳои зеринро овардааст, ки ба назари мо низ дуруст аст (ишораи мо – К.Б.):
- Маънои асосӣ дар ҷумлаи дуюм ифода мешавад, на дар ҷумлаи якум.
- Ҷузъҳои ҷумларо тағйир надода, ё пеш аз ҷумлаи якум, ё дар мобайни аъзоҳои он пайвандаки «вақте ки»-ро истифода кардан мумкин аст.
- Ба маъно халал нарасонда пайвандакро дар байни ҷумлаи якум ҷойгир кардан мумкин аст.
- Пайвандаки ки аз ҷиҳати оҳанг низ ба таркиби ҷузъи якум дохил мешавад (ишораи мо – К.Б.): Ръшқа медъравидем, ки у ума (Ярхаб); Мо кор карсода бъдем, ки намечи ғалтид (Сасибулоқ); Мън дар раҳ мерафтъм, ки ай пешъм йяг одами ношинос бърома (Нўшори Поён); Барф ки борид, роҳо бан мешаван (Ёвон); Меҳмун ки умад, одам файрод мекънем (Саридашт)» (Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ. – Душанбе: Дониш, 1984. – Ҷ. 4. – С.103-102).
Агар забоншиносон тасдиқ карда бошанд, ки ҷумлаи аввал пайрави замон ва пайвандак ҳам ба он нисбат дорад, дар се ҷумлаи аввали намуна овардаи С. Атобуллоев аломати вергул бояд пас аз пайвандаки ки гузошта шавад: Юнучқа медаравидем ки, ў омад…
Аз китоби Баҳриддин Камолиддинов
«Сухан аз баҳри дигарон гӯянд», таҳияи Фарзона Раҳмонова
мутахассиси Маркази забони
тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ.