Моделсозӣ ва конструксиясозии техникӣ
Дастури таълимии мазкур барои донишҷўёни ихтисоси технология ва муаллимони технология (таълими мехнат)-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ шуда, қисматхои асосии конструксиясозии техникиро дар бар мегирад.
Ташаккули тафаккури фарҳанги техникии насли наврас ба эчодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ аз айёми кўдакӣ ва наврасӣ, яъне аз боғчаи кўдакон, мактаби миёна оғоз гардида, дар таълимгоҳҳои олӣ рушд меёбад. Ин амал тақозо менамояд, ки шогирдон бояд дар мактаб аз фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дониши хуб гиранд, ки он ба ихтироъкорӣ ҳамчун таҳкурси хизмат мекунад. Шароити мусоиди кор ва мавҷуд будани кабинетҳои фаннӣ, устохонаҳои таълимӣ дар мактабҳои миёна бо раванди касбомўзӣ тақвият меёбад. Зеро онҳо омили муҳимми интихоби бошууронаи касбу ҳунар ва равияҳои касбӣ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз мо вазифадор ҳастем, ки шогирдонамонро бо донишҳои нав ба нав мусаллаҳ намуда, онҳоро ба интихоби бошууронаи касб ҷалб намоем.
Ҳадафи асосӣ он аст, ки мо ҷавонони болаёқатро дар соҳаи техно- логия пайдо намуда, фаъолгардонии раванди таълимро бо истифодаи тех- нологияи замонавӣ ба роҳ монем. Дар шароити ҳозира омўхтани техноло-гияи навин, ки асоси касбомузии насли ҷавон мебошад, низ ба ҳамин мақ- сад равона карда шудааст. Касбомўзии талабагон дар асоси пурзўр карда- ни омўзиши самтҳои техника ва технологияи муосир ба амал бароварда мешавад.
Таълими техника ва технология дар шароити ҳозира онро талаб менамояд, ки бояд хонандагонро бо қонунҳои табиат, ҷамъият ва бо талаботи умумии илми ҳозиразамон шинос намуда, афкори илмию техникии онҳоро инкишоф дода, донишу маҳорати эҷодкории эшонро баланд бардорем ва бо малакаҳои истифодаи донишҳои амалӣ пайваст намоем.
Хонандагонро барои меҳнат кардан дар истеҳсолот тайёр карда,шав- қу ҳаваси онҳоро нисбат ба касб зиёд намоем. Ин роҳ дар заминаи дони-шу маҳорати андўхташуда аз тарафи шогирдон гирифтани маълумоти кас- биро низ таъмин мекунад. Донишҳое, ки талабагон оид ба асосҳои илмии технологияи ҳозиразамон ҳосил мекунанд, қисми таркибии фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ мебошанд. Зеро толибилмон дар мактаб оид ба таълими фанҳои мазкур маълумоти умумиро омўхта, оид ба қонуниятҳои табиат, ҷамъият ва истеҳсолоти ҳозиразамон, ҳосил кардани сарватҳои табиат, дар бораи ашёи хом ва бойигариҳо ва манбаъҳои энергетикӣ дониш мегиранд.
Норова Ш.,
мутахассиси пешбари шуъбаи адабиёти
табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқ.