Сенарияи хуб барои филми хуб. Мушкиле, ки 62 сол пеш Кимёгаровро ба ташвиш оварда буд
62 сол пеш Борис Кимёгаров-яке аз машҳуртарину маъруфтарин ҳунарманд ва коргардони кинои тоҷик дар маҷаллаи “Шарқи Сурх” мақолае таҳти унвони “Барои пешрафти санъати кинои тоҷик” навишта, шояд бори аввал чун мутахассиси соҳа масъалаи камбуди сенарияи хуб барои офаридани филмҳои хубро дар миён гузошт. Ин мақола паҳлуҳои гуногуни вазъи ҳамкории адибон бо студияи филмофариро таҳлил мекунад. Хулосаи Борис Кимёгаров он аст, ки аксари адибони тоҷик ба сенариянависӣ кам таваҷҷуҳ мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки шахсиятҳои маъруфи олами адаб ба мисли Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода ва чанде дигарон таваҷҷуҳи хоса ба сенариянависӣ зоҳир кардаанд.
Вақте кас ин мақоларо мехонад, ба назараш мерасад, ки мушкили 62 сол пеш ҳоло ҳам ҷо дорад, вазъ тағйир накардааст. Мо ҳоло ҳам вақте мутахассисон дар бораи филмҳои имрӯз сухан меронанд, нигаронии онҳоро аз набудани сенарияҳои хубро эҳсос мекунем.
Ҳамкорамон Баргигул Наботова заҳмат кашидаву ин мақоларо ихтисоран рӯнавис кардааст, ки ҳоло меорем.
БАРОИ ПЕШРАФТИ САНЪАТИ КИНОИ ТОҶИК”
…. Дар масъалаи сенария бисёр мақолаҳо навишта бисёр гапҳо гуфта шуданд. Чандин бор ин гапи маълум, ки сенарияи хуб яке аз омилҳои хуб баромадани филм мебошад, такрор карда шуд. Бо вуҷуди ин мо ҳоло ҳам сенарияҳои сустро қабул мекунем ва ба истеҳсолот мефиристем. Ба экранҳои мамлакат боз филмҳои суст мебарорем.
Сенария яке аз жанрҳои душвори адабиёт мебошад; вай муносибати дақиқро талаб мекунад. Сенарияи хуб навиштан – ғалабаи калони эҷодист. Сенария ин асари калони бадеӣ мебошад, дар он материали адабӣ ба таври аёнӣ ва бо оҳанги мусиқӣ дода мешавад.
Ҳамаи ин дар сенария бо сухан тасвир карда мешавад, онҳо гӯё маъдани кӯҳӣ мебошанд, баъд режисёр аз рӯи хаёлот (фантазия) ва қобилияти худ ба шакли муаян медарорад, яъне аз рӯи он филм месозад.
Масалан, Сотим Улуғзода пеш аз он, ки сенарияи “Қисмати шоир”-ро бинависад, чандин моҳ дар болои материал кор кард. Вай мехост, ки ҳар як манзара ва ҳар як ҷузъи сенарияашро аввал дар пеши чашмонаш бубинад ва баъд бинависад. Вай мехост, ки овози қаҳрамонҳои филмро бишнавад. Сотим Улуғзода даҳҳо варианти эпизодҳо ва диалогҳоро ба ҳамдигар қиёс намуда, баъд аз он ба сари мизи таҳрир менишаст, эҷодиёти шоирон ба кори сенарист аз ҳама наздиктар аст. Шоирон аксаран дар дил шеър иншо мекунанд, баъд ба болои коғаз навишта мегиранд. Ман бо чашми худ дидаам, ки Мирзо Турсунзода аввал дар дил шеър иншо менамуд ва баъд онро навишта мегирифт. Сенаристи ҳақиқӣ ҳам ҳамин хел кор мекунад.
Сенарияиҳои хубро ҳатман чоп кардан лозим. Зеро ки сенария ҳам асари бадеӣ мебошад. Нашр кардани сенария яке аз шаклҳои бо хонандагон шинос кардани муаллифи сенария мебошад. Сенария ҳам асари адабӣ аст. Мутаассифона, роҳбарони Нашриёти давлатии мо инро ҳанӯз нафаҳмидаанд. Ҳозир бисёр нависандагони мо дар кино иштирок мекунанд.
Дар коллегияи сенарӣ – муҳаррири студияи мо кинодраматург Александр Тимофеевский, мунаққиди кино Любов Қиёмова, киношинос Клара Гелдиева кор мекунанд. Нависандагони тоҷик Сотим Улӯғзода, Ҷалол Икромӣ, ва драмматург Файзулло Ансорӣ дар коллегияи мазкур аъзои ғайриштатӣ шуда кор мекунанд.
Бояд қайд кард, ки баъзе нависандаҳо ба кино асарҳои худро пешкаш намуда, на ҳамеша масъулият ҳис менамоянд, охир онҳо ба назди милионҳо тамошобин баромад мекунанд. Бинобар ин ҳам баъзеи онҳо хусусиятҳои санъати киноро чуқур наомӯтха истодаанд. Нависанда то хусусиятҳои хоси санъати киноро аз худ накунад дар ин соҳа муваффақият пайдо карда наметавонад.
Мо хеле хурсандем, ки нависандагони мо Улуғзода, Турсунзода, Миршакар, Шукӯҳӣ, Сидқӣ, Рабиев, Қиёмов, Икромӣ, Ғанӣ Абдулло, ва Ниёзӣ бо студияи кино ҳамкорӣ карданианд.
Акнун нависандаҳои мо ба студия монанди пештара меҳмон барин не, балки чун ба хонаи худ меоянд. Қайд кардан зарур аст, ки баъзе нависандагони мо хусусиятҳои хоси санъати киноро аз худ кардаанд ва аз онҳо моҳирона истифода мебаранд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин қайд кардан лозим аст, ки ба студияи мо қувваҳои нав хеле ва хеле кам меоянд, – ин нисбат ба талабот ва вусъати кори мо хеле кам аст. Умедворем, ки Иттифоқи нависандагон барои бо кино ҳамкорӣ кардани нависандагони ҷавони қобилиятнок ба мо кӯмак хоҳад расонд.
Дар баробари ин мо мехостем, ки нависандагон ба офаридани сенария ва филм чун ба офаридани роман, песса ва шеър аз таҳти дил муносибат кунад. Офаридани сенарияҳои баландсанъат яке аз вазифаҳои муҳимтарини адабиёти мо мебошад.
Дар солҳои охир як гурӯҳ актёр, оператор ва режиссёрҳои ҷавони боистеъдод ба арсаи санъати кино қадам гузоштанд.
Лекин дар ин муддат ба кинодрамматургия чанд нависандаи ҷавони қобилиятнок омад? Охир қувваи кинодраматургия на танҳо аз ҷиҳати сифат, балки аз ҷиҳати миқдор ҳам бояд афзояд.
Дар вақтҳои охир ба арсаи адабиёти тоҷик бисёр носирони ҷавон қадам мегузоранд. Онҳоро ба санъати кино ҷалб намудан лозим аст.
Повест ва ҳикояҳои П. Толис, Ф. Муҳаммадиев, Б. Ортиқов ва дигар ҷавонон бо амиқии фикр ва бикрмазмунӣ ҷолиби диқатанд. Ҳикояҳои хурди М. Хоҷаев низ шавқоваранд. Мутаасифона, муаллифони ҷавон ба санъати кино рағбат надоранд. Инчунин драмматурги бомаҳорат Файзулло Ансорӣ ҳам бояд барои студияи мо сенария иншо кунад.
Бисёр муваффақиятҳои санъати кинои тоҷик ба туфайли нависандагон: Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, В.Шкловский, А. Филимонов ва дигарон ба даст даромадааст.
Онҳо санъати кинои моро бой карданд, ба ташаккул ва тараққии он ёрӣ расонданд. Мо коркунони кино барои ин аз онҳо миннатдор мебошем.
Чанд сухан дар бораи муносибати муаллифи сенария ва режиссёр: бисёр одамон чунин фикр мекунанд, ҳамин муаллиф сенарияро навишта ба режиссёр супурд, бо ҳамин кораш тамом мешавад… Ин нодуруст аст. Кори муаллиф ва режиссёр бояд баробар пеш равад. Онҳо танҳо роли худро дигар мекунанд. Дар вақти навиштани сенария режиссёр чун мунаққид ва машваратчӣ баромад мекунад, дар вақти ба лентагирӣ бошад, ин рол ба зиммаи муаллифи сенария меафтад. Ин барои филм зарур аст. Кори муаллифи сенария ва режиссёр бо ҳам вобастааст.
Хурсандиовар аст, ки баъзе филмҳои мо дар намоишҳо, симпозиумҳо ва фестивалҳо нишон дода шуданд.
Дар фестивали Венетсия филми ҳуҷҷатии “Тоҷикистон” медали биринҷӣ ва диплом гирифт.
Дар кинофестивали Карловы Вары киноочерки ҳуҷҷатии “Водии Вахш”, дар Хитой “Ман бо духтаре вохӯрдам”, дар Тошкант “Вазифаи олӣ”, дар Қоҳира “Қисмати шоир”, дар Венетсия “Лайли ва Маҷнун”, дар Франкфурти соҳили Майн “Қисмати шоир” ва “Салом Тоҷикистон”, дар Карловы Вары “Зумрад”, дар Республикаи Муттаҳидаи Арабу Шом “Коваи оҳангар” намоиш дода шуд.
Манбаъ: “Шарқи Сурх”, 1963.- №3.- С.113-118.
Таҳияи Баргигул Наботова мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.