Муаррифӣ. Си Ҷинпин: “Дар бораи идоракунии давлатӣ”

Ин китоб соли 2018 чоп шудааст ва тавре аз номаш пайдост, сарвари имрӯзаи Чин ҷаноби Си Ҷинпин аз таҷрибаи давлатдории худ ва бахусус интитути мудирияти давлатӣ ҳарф мезанад.

Дар сарсухани нашриёт омадааст, ки баъди анҷуманди ХVIII ҲКХ ҳайати нави роҳбарикунандаи КМ ҲКХ таҳти раёсати Котиби генералӣ Си Ҷинпин кулли ҳизб ва халқҳои ҳама милатҳои мамлакатро дар муқовимат алайҳи таҳдиду душвориҳо сарварӣ намуд, густаришу амиқравии ислоҳот ва сиёсати дарҳои кушодаро идома бахшид ва бобати модернизатсияи системаи идоракунии давлатӣ ва имкониятҳои идоракунӣ кўшишҳои бузург ба  харҷ дод, қувваҳои беҳад тавоноро баҳри татбиқи орзуҳои хитойӣ бобати эҳёи бузурги миллати Хитой устуворона баҳри фароҳам овардани дурнамоиҳои наву фарохи сотсизми ба худ хоси хитойӣ мубориза мебарад. Ҷомеаи байналмилалӣ аз ҳарвақта дида бештар рў ба Хитой меорад, пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Дар Хитойи муосир чӣ гуна тағйрот имконпазир аст? Хитойи мутараққӣ ба ҷаҳони имрўза чӣ сон таъсир мерасонад? Ин ва дигар масоил бештар шавқу рағбати ҷомеаи байналмилалиро бедор месозад.

Дар замони роҳбари олимақоми ҲКХ ва давлати Хитой будан Си Ҷинпин дар суханрониҳои худ борҳо ба масъалаҳои идоракунии давлат дахл намуда буд. Ў як силсила ғояҳои нав, нуқтаи назари нав ва хулосаҳои навро пеш гузошт, як қатор муҳимтарин масоили назариявию амалиро, ки марбут ба рушди ҳизб ва давлат дар шароити нави таърихӣ мебошад, шарҳу эзоҳи амиқ дод, мухтасар консепсияи идоракунии давлат ва роҳи сиёсиро, ки ҳайати нави роҳбарикунандаи  КМ ҳизб ҷонибдор аст, ифода кард.

Хонандагон метавонанд китоби Си Ҷинпин “Дар бораи идоракунии давлатӣ”- ро дар Китобхонаи миллӣ мутолаа кунанд.

Азиза Иноятова,
шуъбаи Абонементи
байникитобхонавӣ ва таҳвили
ҳуҷҷатҳои электронӣ.