Таърих. 59 сол қабл, моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе Осорхонаи устод Айнӣ боз шудааст

Осорхонаи устод АйнӣХабаре, ки “Садои Шарқ” моҳи сентябри соли 1966 чоп кардааст: “Музеи устод Айнӣ”. Баъди интизории зиёд дар шаҳри Душанбе, дар ҳавлии рақами якуми кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода, ки устод Айнӣ он ҷо солҳои охир иқомат дошт, музей кушода шуд.

Дар расми кушодаи музей ноиби президенти Академияи фанҳои республика Ибодулло Нарзиқулов сухан гуфт:

-Миллати тоҷик хотираи устод Айниро азиз медонад ва ин эҳтироми адабист. Таъсис гардидани музеи устод ва ҷамъомади имрӯзаи  мо нишонаи ҳамин ҳурмат аст. Ин музей, ки дар иқомтгоҳи устод кушода мешавад, ибтидои як муассисаи калони илмист. Фардо ин ҷо махзани илмҳои таъриху адабиётшиносӣ хоҳад шуд.

Толибаи мактаби миёнаи ба номи Садриддин Айнӣ Маҳбуба Мирбобоева аз номи ҳаммактабиёни худ қавл дод, ки мактаби онҳо музейро ба шефӣ мегирад, дар атрофи музей ҳамеша гулҳои тоза хоҳад шукуфт.

Дар расми кушоди музей нависанда Фотеҳ Ниёзӣ, мунаққид ва мутарҷим Раҳим Ҳошим, корманди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Хуршеда Отахонова сухан гуфта, изҳори умед карданд, ки музей яке аз марказҳои хуби илмии Душанбе хоҳад шуд.

Сипас, ҷамъомадагон музейро тамошо карданд. Дар девору тахтаҳои музей, ки ҳоло дар як хона фароҳам омадаанд, чанд сурат, баъзе ҳуҷҷат ва шаҳодатномаҳои шахсӣ, нишонҳои давлатӣ ва чанд нусха осори ба забонҳои халқҳои ҷаҳон чоп шудаи устод ҳастанд. Музеи устод Айнӣ дар зери назорат ва роҳбарии Институти забон ва адабиёти Академияи фанҳои Тоҷикистон аст.

Манбаъ: “Садои Шарқ” соли 1966 №9

Шерзода Шукрона,
мутахасиси шуъбаи
матбуоти даврӣ.