Китоби нав. Меҳр Собириён: “Ду раҳкори рушди миллӣ”
Ходими калони илмии Шуъбаи таҳқиқоти стратегии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Меҳр Собириён се нусха аз китоби тозанашри худ “Ду раҳкори рушди миллӣ”-ро ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд. Ин китоб як асари пажӯҳишӣ буда, фарогири мақолаҳои дар солҳои гуногун дар рӯзномаву маҷаллаҳои дохилӣ чопкардаи муаллиф аст.
Муҳаррирони китоб мудири шуъбаи таҳқиқоти стратегии назди Раёсати Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон Нозим Нурзода ва шоиру донишманди кишвар Назрӣ Асадзода мебошанд.
Тавре дар пешгуфтори китоб Нозим Нурзода навиштааст, Меҳр Собириён натиҷаву ҳосили бардоштҳои илмӣ-пажӯҳишиашро дар қолиби маҷмуа нашр намудааст.
Китоб аз ду боб ва 24 мақола иборат буда, барои доираи васеи хонандагон пешкаш гардидааст.
Гуфтанист, ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номгӯи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо” Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгон аст. Меҳр Собириён ҳам китоби худро чун нусхаи ҳатмӣ ба Китобхонаи тақдим намуд.
Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.