Омилҳои рушди инноватсионии китобхонаҳо

инноватсия Дар оғози асри иттилоот инноватсияҳои китобдорӣ омили муҳими рушди китобхонаҳо ва дар маҷмуъ рушди ҷомеа, унсури низомсози навгониҳо дар соҳаҳои илму фарҳанг, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва маориф гардиданд. Рушди инноватсионии китобхонаҳо дар замони нав аз сатҳи таҷҳизонидани онҳо бо технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва таъминоти барномавӣ асос ёфта, натиҷаи он такмили сифати маҳсулот ва хизматрасониҳои китобхона мебошад. Аз падидаҳои тозаи инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ нашрияҳои хориҷӣ ҳанўз солҳои 70-уми асри гузашта ёдовар шуда буданд.

Ба андешаи муҳаққиқ Е.Н. Гусева «Инноватсияҳо ба маънои иҷтимоӣ ин ихтирооти берун аз нақша ё ихтирооти асил, маҳсули фаъолияти навоваронест, ки ба эҷодиёт асос ёфтааст”. Агар осори илмӣ, илмӣ-методӣ, таълимӣ-методӣ ва публисистии соҳаи китобдорӣ-иттилоотиро аз замони шуравӣ то имрӯз, аз ҷумла, дар Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор диҳем, метавон зикр намуд, ки мавзуи самтҳои рушди инноватсионии китобхона барои мутахассисон ва муҳаққиқони соҳа хеле ҷолиб будааст. Осори олимону мутахассисон таҷрибаи фаъолияти инноватсионии китобхонаҳо, вазъи навсозии самтҳои фаъолият, мушкилот ва дурнамои рушди онҳоро тавсиф кардаанд.

Мавзуи мавриди назар дар осори олимону мутахассисони хориҷӣ – Е.С.Мартин, Н.А.Толканюк ва Н.Т.Чуприна инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, самтҳои рушди инноватсионии китобхонаҳои Россия дар асару мақолаҳои С.А.Басов, А.Н.Ванеев, Н.С.Карташов, С.Г.Матлина ва С.С.Серейчик мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Дар аксарияти асару мақолаҳои муҳаққиқони номбурда моҳияти инноватсияҳои китобдорӣ ба тарзи гуногун таҳқиқ шудааст. Дар онҳо мавриди таваҷҷуҳ на падидаи «навгарӣ» ва «инноватсияҳо», балки бештар ҷанбаҳои нави фаъолияти китобдорӣ – «дигаргуниҳо» гардидаанд. Мафҳумҳои «навоварӣ» ва «инноватсия» аксаран аз ҷиҳати маъно муродиф дониста шуда, ҳамчун «раванди»-и ҷорӣ намудани комёбиҳои илм ва таҷрибаи пешқадам дар фаъолияти китобхонаҳо тавсиф шудааст.

Зимни таҳқиқи мавзуъ, тафовути ақидаҳо низ ошкор гардид.

Аз ҷумла муайян карда шуд, ки хусусияти навовариҳои китобхона аз се мавқеъ баҳо дода шудааст, аз ҷумла ҳамчун:

паҳн ва мутобиқгардонии «таҷрибаи пешқадами китобхона» ба сифати «асосӣ» роҳбарии методӣ ба китобхона;

инкишоф ва такмил додани фаъолияти китобхонаҳо, ҷустуҷўи усулҳои нав дар самти фаъолияти илмӣ – методии китобхонаҳо;

воситаи камолоти касбию эҷодии кормандони китобхона.

Агар ба тафсилоти фарохтари онҳо пардозем маълум мешавад, ки хусусиятҳои инноватсионии фаъолияти китобхонаҳо ҳамчун раванди паҳн ва мутобиқ намудани таҷрибаи пешкадам дар самти кори методии китобхонаҳо арзёбӣ шудааст. Ин масъала дар осори олимону мутахассисон Ю. Б. Авраева, С. А. Басов, А. Н. Ванеев, Е. С. Мартин, Е. А. Фенелонов мавриди таҳқиқ қарор гирифта, дар нашри охирини «Маълумотномаи китобдор» муъҷаз баён шудааст. Дар аксари асару мақолаҳои ин муҳаққиқон консепсияи «инноватсия» истифода нашуда, балки бо истилоҳҳои «навоварӣ», «фаъолияти навоваронаи китобхона» иваз карда шудааст. Дар асл, мақсади фаъолияти инноватсионӣ ҷустуҷӯ, арзёбӣ ва татбиқи навовариҳои китобхона мебошад. «Инноватсия» ба шаклу усулҳои нави (номаълум) ё маълум, вале тағйирёфта (ё боз ҳам аниқтар «такмилёфта»)-и кори китобхона рабт дошта, боиси ноил шудан ба дастовардҳои нав мегардад. Сарчашмаи навоварӣ, пеш аз ҳама, «амалияи пешқадами китобхона, таклифҳои навоварони ратсионализатории китобдорон, тавсияҳои тадқиқотӣ-илмӣ» мебошад.

Муҳаққиқ А. Н. Ванеев хусусиятҳои фаъолияти инноватсионии китобхонаҳоро тавсиф намуда, таъкид мекунад, ки моҳияти он дар татбиқи равандҳои эҷоди инноватсия дар амалияи китобхонаҳо зоҳир мегардад. Ҳамзамон, мақсади ниҳоии он рушди устувори китобхонаи мушаххас ва шабакаи китобхонаҳо, табдил додани онҳо ба маркази таҳаввулот дар соҳаи китобдорӣ аст. Он имкон медиҳад, ки камбудӣ ва зиддиятҳои фаъолияти китобхона бартараф карда шавад. Дар ин кор нақши ҳалкунанда ба зиммаи мутахассисони шуъбаҳои методии китобхонаҳо гузошта мешавад. Зеро ба зиммаи онҳо бақайдгирӣ, таҳлилу паҳн намудани таҷрибаи пешқадам (дастовардҳои таҷрибаи китобхона) вогузор карда шудааст. Дар баробари ин, онҳо бояд таҷрибаи навро пайдо намуда, барои татбиқи тавсияҳои методӣ дар китобхонаҳо мусоидат кунанд. Инноватсияҳо метавонанд дар тамоми самтҳои фаъолияти китобдорӣ, дар ҳар як ҷойи кори корманди китобхона ба вуқуъ оянд. Ин вобаста ба он аст, ки кормандони китобхона то кадом андоза аз пайи ҷустуҷуйи навгониҳо ҳастанд, оё омодаанд, ки навгониҳоро бипазиранд, то кадом дараҷа ташабусскоранд. Албатта, дар бисёр маврид омўзиш ва ҷоринамоии навгониҳо дар фаъолияти китобхонаҳо аз сатҳи омодагии касбии китобдорон вобастагии қавӣ дорад. Вале ҳолатҳоеро низ метавон мушоҳида намуд, ки новобаста аз шумораи зиёди кормандони собиқадор ва соҳибкасб дар фаъолияти китобхона навгониҳоро дарёфтан душвор аст.

Таҳаввулоти азиме, ки ибтидои асри ХХ дар ҷаҳони муосир ба вуқуъ пайваст, на танҳо соҳаҳои иқтисодиёт, маориф, илму фарҳанг, ҳамчунин соҳаи фаъолияти китобдориии Тоҷикистонро дигаргун сохт.

Бо шарофати фазои созгори истиқлолият ва сулҳу ваҳдати комил китобхонаҳои Тоҷикистон тадриҷан ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ворид шуда, тавассути омўзиши дастоварди китобдорию иттилоотии кишварҳои мутараққӣ, таҷрибаи хешро дар ин самт ғанӣ гардониданд, китобдорони тоҷик стандартҳои байналмилалии соҳаи китобдориро аз худ карда, аз падидаҳои инноватсионии китобхонаҳои пешрафтаи олам баҳраманд шуданд.

Дар натиҷаи таъсири ин омилҳо солҳои охир таваҷҷуҳи мутахассисони китобхонаҳо ва муҳаққиқони соҳа ба мавзуи инноватсияҳои китобдорӣ боз ҳам бештар гардид. Дар зери таъсири таълимоту андешаҳои олимону мутахассисони Шуравӣ муҳаққиқону китобдорони тоҷик низ оид ба масъалаҳои фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳо асару мақолаҳои илмии зиёд эҷод намудаанд.

Мавзуи мавриди назар бештар дар осори олимону мутахассисони тоҷик ба монанди С. Сулаймонӣ, Ҷ. Шерматов, С. Шосаидзода, Б. Сайфуллозода, Ш. Комилзода, Г. Маҳмудов, З. Шариф, Н. Раҷабова ва дигарон инъикос ёфтаанд. Мавриди зикр аст, ки дар асару мақолаҳои муҳаққиқони тоҷик бештар ҷанбаҳои назариявии инноватсияҳои китобдорӣ мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд. Ин дар ҳолест, ки вазъи имрўзаи китобхонаҳои Тоҷикистон бештар ба таҳқиқи ҷанбаҳои амалӣ ва методии инноватсияҳои китобдорӣ ниёз дорад.

Новобаста аз ин, дар фазои сиёсиву иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва адабию маърифатии Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳаи китобдорӣ мақоми шоиста дорад. Дар ин самт муҳимтарин падида ҳамин аст, ки бо ҳидояту роҳнамоиҳои пайвастаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи китобдорӣ ва рушди китобхонашиносии ватанӣ дар мамлакат ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид.

Ин дастовард тавассути қабул гардидани як силсила қонун ва барномаҳои давлатӣ, бунёди бинои нави китобхонаҳо, нашри китобҳо, истифодаи технологияи муосир, таъсиси китобхонаҳои электронӣ ва ғанӣ гардидани фонди китобии боргоҳҳои илму маънавиёт муяссар шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи китобдорӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, як зуҳуроти равшани он – фароҳам омадани заминаҳои мусоиди меъёрии ҳуқуқии соҳа мебошад. Санадҳои муҳимми давлатӣ, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” (13-уми декабри соли 1997, №519), “Дар бораи иттилоот” (17-уми апрели соли 2001,№181), «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (1-уми августи соли 2003, № 32), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (22-юми июли соли 2013, № 1008), «Дар бораи Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” (30-юми декабри соли 2005,№ 501), “Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо“ (26-уми декабри соли 2011,№ 792), Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сохтмони 2024, № 3(67) Фаъолияти иҷтимоиву фарҳангӣ – Социально-культурная деятельность – Social and leisure activities 40 “Китобхонаи миллӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” (28-уми сентябри соли 2009, №514, “Дар бораи тасдиқи “Барномаи давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015” (2-юми июли соли 2005,№238, “Дар бораи тасдиқи “Барномаи давлатии рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015” (2-юми июли соли 2005, №238, “Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр дар солҳои 2007-2010”(3-юми июни соли 2006, №239, “Дар хусуси тасдиқ намудани Қарор дар бораи ба муассисаи давлатии федералии “Китобхонаи давлатии Россия” додани мақоми ташкилоти базавии давлатҳои аъзои Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи китобдорӣ”(3 -юми марти соли 2007,№95 “Дар бораи тасдиқи “Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013” (2-юми августи соли 2010, №384, “Дар бораи “Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020” (28-уми феврали соли 2015, №105), “Дар бораи Барномаи рушди Китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2027” (3- юми декабри соли 2021, №515) қабул гардиданд, ки равиш ва тамоилҳои ояндаи рушди минбаъдаи фаъолияти китобхонаҳои кишвар, аз ҷумла фаъолияти инноватсионии онҳоро муайян намуданд. Аз ин рӯ, инноватсияро, ки бо шарофати фазои созгори рушд дар соҳаи китобдорӣ зуҳур ёфтааст, ҳамчун намунаи нави сохтору фаъолият, маҳсулоту хизматрасониҳо, аз доираи анъанаҳо берун баромадан, фаъолияти касбиро ба сатҳи усулан такмилёфта ё сифатан нав баровардан, маънидод кардаанд. Агар сатҳи пешрафти китобхонаҳои Тоҷикистонро дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳлил намоем, маълум мегардад, ки бо назардошти зуҳури омилҳои гуногун фаъолияти онҳо, махсусан дар минтақаҳои ҷануби кишвар фалаҷ гардида, барои рушди муассисаҳои китобдорӣ, аз ҷумла рушди инноватсионии онҳо монеаҳои ҷиддӣ ба вуҷуд омада буданд.

Ба андешаи муҳаққиқ С. Шосаидзода, «Яке аз сабабҳои дар соҳаи китобдорӣ ба душворӣ роҳ ёфтани навгониҳо ва дар солҳои аввали истиқлолият ба муқобилияти шадид дучор гардидани навоварону навҷӯён аз он иборат буд, ки барои насли китобдорони шуравӣ иҷрои бечунучарои супоришу дастурҳои мақомоти болоии давлатию ҳизбӣ ва марказҳои методӣ меъёр гардида буд. Қолабшиканӣ падидаи ғайриоддӣ ва номатлуб маҳсуб меёфт, дар байни чунин ашхос ташаббускорӣ ба душворӣ роҳ меёфт, анъанапарастӣ ба сатҳи олӣ расида буд. Дар ҳамон давра чунин муносибат боиси паст гардидани қубҳу манзалати китобхона ва касби китобдорӣ дар ҷомеа гардид». Илова бар ин, дар он замон ангезаи фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ на омили касбӣ ва масъулияти иҷтимоӣ, балки омилҳои берунии зерин гардиданд:

тағйир ёфтани низоми иҷтимоӣ-сиёсӣ, ислоҳоти иқтисодӣ;

ҷанги шаҳрвандӣ;

дигаргун шудани фазои ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа;

ҳанўз омода набудани аксарияти аҳолӣ, аз ҷумла китобдорон ба муносибатҳои нави бозорӣ;

Таъсири се омили аввал ба навгониҳои китобдорӣ то ба ҳаддест, ки ба тафсилот эҳтиёҷ доранд. Аммо омили охирин дар соҳаи китобдорӣ дорои хусусиятҳои хос буда, қабл аз ҳама ба тавсифи синнусолии китобдорон вобаста мебошад. Дар чунин ҳолат идора кардани инноватсияҳо басо муҳим мебошад, зеро идоракунии ҳадафманди инноватсияҳо, имкон фароҳам меорад, ки онҳо ба самти барои ҷомеа матлуб равона карда шаванд. Муҳаққиқ Е.С. Мартин дар рисолааш «Управление нововведениями в библиотеках» хусусиятҳои раванди инноватсиониро баррасӣ намуда, шароит ва роҳҳои такмили инноватсияро тавассути механизмҳои идоракунӣ муайян кардааст.

Татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобдорӣ дар шароити имрўзаи китобхонаҳо яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Инноватсия ҳамчун воситаи нав ва барои амалия басо муфиде фаҳмида мешавад, ки ҷиҳати қонеъ кардани ниёзҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шуда, ҳамзамон, қисми ҷудонашавандаи раванди инноватсионӣ мебошад. Фаъолияти инноватсионӣ ҳамчун раванди мураккаби эҷод, паҳнкунӣ, татбиқ ва азхудкунии инноватсия барои навсозӣ ё боз ҳам беҳтар қонеъ гардонидани талаботи хонандагони китобхона арзёбӣ мегардад. Шартҳои ҳатмии равандҳои инноватсионӣ инҳо ба шумор мераванд: ташкили низоми интегралии иттилоот дар бораи инноватсия ва ташкили раванди инноватсионӣ. Муҳаққиқ Н.А.Толканюк инноватсияро ҳамчун «намуд»-и махсуси фаъолияти китобхонаҳо таҳқиқ намуда, хусусиятҳои онро мавриди баррасӣ қарор дода, нақш ва ҷойгоҳи равандҳои инноватсиониро дар сохтори фаъолияти китобхонаро муайян ва омилҳои таъсиррасонандаи татбиқи онҳоро нишон додааст.

Мавсуф дар натиҷаи пажуҳишҳои худ муқаррар кардааст, ки инноватсия тағйирот буда, мақсади асосии онҳо беҳтар намудани фаъолияти китобхона, таъмини мувофиқати онҳо ба дархост ва эҳтиёҷоти хонандагон аст. Бартарии таҳқиқоти Н.А.Толканюк дар он зоҳир мешавад, ки ў бори аввал дар китобхонашиносӣ нақши инноватсияро ҳамчун воситаи инкишофи тамоми самтҳои фаъолияти китобхона (илм, амалия, таъсилоту маърифатноккунонӣ) таъкид кардааст. Муҳақиқи дигари мавзуи инноватсияҳои китобдорӣ С.Г. Матлина аҳамияти ба эътибор гирифтани ташаббуси кормандони оддиро дар фаъолияти навоваронаи китобхона таъкид мекунад.

Ба андешаи ў мавҷуд набудани ғояҳои нав нишондиҳандаи фалаҷ гардидани фаъолияти коллектив аст, китобдорон ҳар қадар зудтар ин ҳақиқатро дарк кунанд, ба ҳамон андоза китобхонаҳои дар фаъолият аз ҳамдигар фарқкунанда зудтар ба вуҷуд меоянд, ки қодиранд аз рӯи барномаҳои худашон кор карда, таҷрибаи дигаронро нусхабардорӣ накунанд. Моҳияти инноватсияи китобхонаро С. Г.Матлина ҳамчун системаи ғояҳои наве, ки мутахассисони эҷодкорона ба миён гузоштаанд, муайян кардааст. Ба андешаи ӯ, инноватсия дар китобхона бояд ба ҳалли масъалаҳои гуногунҷабҳа нигаронида шуда, ба мутахассиси китобхона имкон диҳад, ки дар сурати мавҷуд будани алтернативаҳои зиёд роҳи ҳалли оптималӣ (муносиб)-ро мустақилона интихоб кунад.

Ҳамчунин С.Г.Матлина инноватсияро ҳамчун идеяи (ғояи) эҷодӣ арзёбӣ кардааст. Вай зикр мекунад, ки идея метавонад дар шакли навоварӣ амалӣ карда шавад ё дар шакли лоиҳаҳо, консепсияҳо, пешниҳодҳо оид ба такмил, ташкили раванд ва таҳияи усули нав манзур гардад. Муҳимтарин шарти ташкили навоварӣ дар китобхонаҳо, ба андешаи ӯ, ба инобат гирифтани омилҳо ва ангезаҳои дохилӣ, роҳҳои зуҳури шахсияти фавқулодафикр мебошад. Унсурҳои пешбарии он робитаи дохилӣ ва берунии китобхонаҳо, ташаккули фарҳанги инноватсионии кормандон ва истифодаи системаи ҳавасмандгардонии китобдорон ва шарикони китобхонаҳо мебошанд. Дар ин ҳолат, фарҳанги инноватсионӣ ҳамчун такмили доимии донишу малакаҳои касбии кормандон, мавҷудияти имконият барои баланд бардоштани қобилияти эҷодии кормандон фаҳмида мешавад. Дар шароити китобхона зарурати ба назар гирифтани психологияи коллективӣ ва инфиродии китобдорон дар идоракунии навоварӣ, қобилияти мудир барои дуруст истифода бурда тавонистани захираи эҷодии кормадони китобхона аҳамияти махсус пайдо мекунад. Ба андешаи мо, инноватсияҳои китобдорӣ ҳамчун самти нави таҳқиқоти илмӣ дар китобхонашиносӣ ниҳоят мураккаб буда, хусусияти байнисоҳавӣ дорад, чунки он дастовардҳои илмҳои гуногун -назарияи умумии инноватсия ва илм, педагогика, психология, менеҷмент, маркетинг, китобхонашиносӣ ва иттилоотро муттаҳид мекунад. Дар замони муосир, ки рушди устувори ҷомеаро тақозо дорад, афзун намудани самараи амалии фаъолияти инноватсионии китобхонаҳо хеле муҳим аст, зеро натиҷаи ниҳоии фаъолияти онҳо ба пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсир мерасонад. Муқоисаи андешаҳои мутахассисони соҳаҳои гуногун оид ба пайдарҳамии татбиқи равандҳои инноватсионӣ, омӯзиши онҳо бо назардошти хусусиятҳои соҳаи китобдорӣ имкон медиҳад, ки технологияи зерини татбиқи онҳоро пешниҳод кунем: – дарки зарурати тағйирот ва ташаккули ғояи (идея) навоварии дилхоҳ, мақсаду вазифаҳои асосӣ барои тағйироти зарурӣ дар китобхона; – таҳлили бозори инноватсионӣ, ҷустуҷў ва интихоби қарорҳои тайёри инноватсионие, ки барои истифода мувофиқ аст, баҳодиҳии онҳо, муайян намудани мутобиқат ба шароити китобхона, таҳияи лоиҳаи татбиқ; – фармоиш оид ба рушди инноватсия дар объекти инноватсионӣ ё таҳияи мустақилонаи идеяи инноватсионии худ дар асоси усулҳои тарҳрезишудаи инноватсионӣ; – озмоиши инноватсия ва амалисозии таҷрибавии он; – арзёбии имкониятҳои пахш (паҳн) ва фурӯши лоиҳаи инноватсионӣ (аз ҷумла идеяи инноватсионӣ); – тартиб додани барномаи таъминоти методии татбиқ дар амалия; – инкишофи инноватсия, пешбурди он дар доираи касбӣ, пайвастан бо амалияи китобдорӣ ва ғайра.

Татбиқи бемамониати навоварӣ, таҷассуми он дар объекти воқеии тағирот танҳо дар шароити муайян имконпазир аст, аз ҷумла:

агар навоварии барои татбиқ интихобшуда ба ниёзҳои инноватсионии китобхона мувофиқ бошад;

навоварӣ нисбат ба маҳсулот, хизматрасонӣ, техника, технологияи қаблан таҳияшуда бартарият дошта бошад;

агар кормандон ба татбиқи раванди инноватсионӣ ҳавасмандӣ, дониши зарурӣ, салоҳияти касбӣ дошта бошанд;

менеҷерони сатҳҳои гуногун (масъулон сохторҳои асосии китобхона) барои идоракунии тағйирот омода бошанд.

Риоя нагардидани ақаллан яке аз ин шартҳо боиси вайрон шудани пайдарҳамии раванди инноватсиони (инкишоф, ҷустуҷӯи навигарӣ – навоварӣ – тартиботи (қоидаи) нав мегардад), аз ин рӯ, самаранокии онро коҳиш ёфта, танҳо бо навоварӣ маҳдуд мегардад. Самаранокии ташкили раванди инноватсионӣ дар ҳама гуна соҳа, аз ҷумла дар соҳаи китобдорӣ, пеш аз ҳама, аз самаранокии идоракунии тағйирот, мавҷудияти неруи муайяни воситаҳои идоракунӣ вобаста аст.

Чун дар дигар соҳаҳои фаъолият, асоси фаъолияти инноватсионии китобхона бояд сиёсати инноватсионие бошад, ки ҳадафу ҳаҷм ва усулҳои навсозии китобхонаро муайян карда тавонад.

Барои идоракунии фаъолияти инноватсионӣ дар китобхонаҳои Тоҷикистон муайян намудани роҳҳои ташхиси ҳолатҳои инноватсионии китобхонаҳо (усулҳои омўзиш), таҳияи механизм ва муайян намудани хусусиятҳои татбиқи навъҳои гуногуни навоварӣ, хусусиятҳои таъминоти ташкилию методии раванди инноватсионӣ ва пешбурди натиҷаҳо муҳим мебошад.

Муҳимтарин проблемаи назарияи тағйирот масъалаҳои иҷтимоию психологии идоракунии равандҳои инноватсионӣ мебошад. Барои ин механизми ба вуҷуд овардани фазои инноватсионии китобхонаҳо, нақши мудир (мудири китобхона) ҳамчун менеҷери дигаргунсозиҳо, хусусиятҳо ва мазмуни тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо бағоят зарур мебошад. Барои ҳама соҳаҳои фаъолияти иҷтимоӣ: хизматрасонӣ, маҳсулот, технология ва муҳити ташкилӣ объектҳои тағйирот якхелаанд. Муқаррар кардан лозим аст, ки ҳар як навъи навигарии китобхона то чӣ андоза ба хусусиятҳои китобхона вобаста аст, вай барои рушди ҳам китобхонаи алоҳида ва ҳам тамоми соҳаи китобдорӣ то кадом андоза зарур аст. Илова бар ин, дар тамоми соҳаҳои амалияи иҷтимоӣ самаранокии инноватсия ба рушди инфраструктураи инноватсионӣ вобаста аст. Дар соҳаи китобдорӣ, махсусан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозори инноватсионӣ суст инкишоф ёфтааст, иштирокчиёни он шумораи ниҳоят ками сохторҳои илмӣ мебошанд, ки ба таҳия ва татбиқи системаҳои автоматикунонии равандҳои китобхонавӣ ва библиографӣ машғуланд. Новобаста аз ин, ҳатто ҳамин системаҳо низ ба талаботи рушди инноватсионӣ ҷавобгў нестанд. Бинобар ин, муқаррар намудани омилҳое, ки ба ташаккули бозори инноватсионӣ, унсурҳои инфраструктураи фаъолияти инноватсионии китобхонаҳо мусоидат мекунанд, муҳим ба назар мерасад. Марказҳои илмӣ, аз ҷумла Китобхонаи миллии кишвар дар ин бобат нақши махсус бозида, имкон медиҳанд, ки китобхонаҳо дар тамоми раванди инноватсионӣ, муҳимтар аз ҳама татбиқи онҳо дастгирӣ ёбанд. Аз ин рў, бо дарназардошти вижагиҳои соҳаи китобдории мамлакат, сохтори асосие, ки қодир аст вазифаҳои таъмини илмӣ, ташкилӣ ва методии фаъолияти инноватсионии китобхонаҳоро ба уҳда гирад, ба андешаи мо Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зафари ШАРИФ,
доктори фалсафа (PhD),
доктор аз рӯйи ихтисоси китобхонашиносӣ,
библиографишиносӣ ва китобшиносӣ, декани
факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии
МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»