Аз “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айнӣ. Муллоҳоҷӣ Ҳодӣ Масрури Бухороӣ

КитобТақрибан 55- сола аст.  Аз тазкираи Афзал.

Аз  доманат, эй дилбари фарзона, гирифтам,

Домони мурод аз кафи девона гирифтам.

Парвонасифат сӯхтам аз шӯълаи шамъе,

Ин қоидаро ёд зи парвона гирифтам.

Ҳаргиз наравад дил зи ғамам, гиряду гӯяд:

Умрест, ки ман ҷой  ба вайрона гирифтам.

Дӯшина дилам танг шуд аз зуҳди риёӣ,

Имрӯз зи масҷид раҳи майхона гирифтам.

Тасбеҳ биафкандаму ангур фишурдам,

Саҷҷода гарав кардаму паймона гирифтам.

Ин суд маро бас, ки ба бозори муҳаббат,

Ҷон додаму ком аз лаби ҷонона гирифтам.

Ҷуз  васфи рухи симтанон ҳар суханеро,

Масрур, шунидам, ҳама афсона  гирифтам.

МИРЗО АБДУЛВОҲИД МУНЗИМИ БУХОРОӢ

(Таваллуд-1294.  Аз тазкираи Садри Зиё)

Ҳар кас, ки мубталои ту, эй дилрабой, шуд,

Кораш зи сӯзи дарду ғамат оҳу вой шуд.

Мурдему бод бурд ба сӯи ту хоки мо,

Моро бад-ин баҳона ба кӯи ту ҷой шуд.

Рафтӣ зи чашму ҷони ман омад ба лаб зи ғам,

Бар ин тариқ мову туро рафтуой шуд.

Эй симсоқи симбару симтан, туро

Ҳар кас, ки дар канор даровард, бой шуд.

Ҳамроҳи ғайр хандакунон рафт ёру ман,

Чандон гиристам, ки таҳи пой лой шуд.

Чун шаммае зи талхии дашноми ёр дошт,

Мақбул дар мазоқи ҳама тамъи чой шуд.

Ошӯби ҳолу офати ҷону балои дил

Он чашми шӯхи фитнагари сурмасой шуд.

Нагзоштӣ қадам ба сари Мунзим аз карам,

Ҳарчанд дар раҳи ту сараш хоки пой шуд.

Ин ғазалро дар илтизоми “обу теғ ” ба пайравии Восифӣ гуфта:

Занӣ ба теғу битобӣ руху азоб диҳӣ,

Азоби мо ту ба ин ранг обутоб диҳӣ.

Шудем об зи шавқат, биё, бизан маро,

Агар ба теғи худ, эй гулузор, об диҳӣ.

Биёву теғ фишон бар гулӯи ташнаи ман,

Ба ташна об агар аз раҳи савоб диҳӣ.

Чу  оби Хизр ба дасти ту теғ мебинам,

Гулӯи ташна барам пеш, агар ҷавоб диҳӣ.

Намезанӣ ба дами теғи тезу мехоҳӣ

Маро чу моҳии беоб изтироб диҳӣ.

Надода об, ба каф  теғ ташна хоҳӣ кушт,

Чи кардаам, ки маро инчунин азоб диҳӣ?

Пуроб чашми ту, Мунзим, зи теғи меҳрвашест,

Ба чашми об ту аз теғ офтоб диҳӣ.

Абдурраҳимбек ном як миршаби Бухоро шаб ба воситаи маъмурони худ ба дари хонаи мардумони баномус наҷосат мемолид, субҳ эшонро гунаҳгор карда, ба ҳабс гирифта ҷурмона (ҷазои пулӣ, ҷазои молӣ) меситонид. Мунзим дар ҳаққи он миршаб ин рубоиро гуфта:

Рубоӣ

Эмин ҳамаро Ҳақ аз асас гардонад

В-аз бӯйи бади ӯ, ки нафас гардонад,

Гар рух набувад асас, чаро ин миқдор

Дарвозаи халқро наҷас гардонад?!

Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим аз ҷумлаи роҳбарони инқилобиюни Бухорост. Аввал бор дар Бухоро ба усули тоза мактаб кушода, муаллимӣ кард, то имрӯз ба он маслаки худ давом дорад.

Мунзимро ашъори оташбори инқилобӣ низ ҳаст, ки дар қисми саввуми  ин маҷмӯа нақл хоҳад шуд.

Аз китоби Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик”, нашри соли 2010.

Таҳияи Манижа Ибрагимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.