Китоби нав. Н.И. Насимов: «Лексикаи фолклори Сари Хосор»

leksikai-folklori-sarihosorИн китоб ба тозагӣ нашр шудааст ва чанд нусха аз он ба Китобхонаи миллӣ низ ворид шудааст. Муаллиф дар муқаддимаи китооб овардааст, ки муҳаққиқон ба масъалаҳои лексикаи забони тоҷикӣ ва лаҳҷаю шеваҳои он аз назари пайдоишу таърих ва аз нигоҳи густариш врушду такомул таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд.

Дар забонишиносии рус бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи забони фолклор аз солҳои 70-уми асри ХХ истилоҳи нави лингвофолклористика ворид шудааст, ки маводи асосии омӯзиши онро матнҳои фолклорӣ ташкил медиҳад.

Таҳқиқи масъалаҳои забони адабӣ аз рӯйи адабиёти хаттӣ ё асарҳои дигари расмӣ ба роҳ монда мешавад. Таҳқиқи лаҳҷа ва шеваҳо аз мисолҳои гуфтугӯии мардум сурат мегирад. Ва ҳар яке самтҳои мухталифи забоншиносӣ ба ҳисоб мераванд.

Аммо дар тафовут аз омӯзиши масъалаҳои забони адабӣ, лаҳҷа ва шеваҳо лингвофолклористика ҳам истифодаи унсурҳои забони адабӣ ва ҳам лаҳҷаю шеваҳоро дар матнҳои фолклорӣ мавриди омӯзиш ва таҳқиқу таҳлил қарор медиҳад. Илова бар ин, тамоми самтҳои омӯзиши забон дар доираи жанрҳои фолклорӣ аз рӯйи матнҳои фолклорӣ роҳандозӣ мегарданд.

Дар натиҷаи пажӯҳиши асарҳои фолклорӣ бо назардошти масъалаҳои лингвофолклористӣ вазъу ҳолати забони адабию гуфтугӯӣ ва ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ, касбу кор, ҳунар, шуғл, рӯзгор, расму оин ва маросимҳо, мавқеъ, шароити зиндагӣ ва дар умум ба таърихи мардуми ҳамон диёру давру замон дар муқоиса бо забони адабию лаҳҷаҳо ва ҳаёти муосири он аён мегардад, ки ба мубрамияти таҳқиқи мавзуъ шомит аст.

Таҳқиқ қишон дод, ки ҷанбаҳои мазкури ҳаёти мардум бештар дар назм, аз ҷумла суруд ва рубоиҳои фолклори Сари Хосор инъикос ва таҷассум ёфтаанд.

Ҳамчунин, ба ин васила фолклори маҳаллу таҳқиқшаванда муаррифӣ, таблиғ, тарғиб ва ташвиқ мегардад, ки зарурат ва мубрамияти дигари мавзуи таҳқиқот ба шумо, меравад.

Аз омӯзиш маълум шуд, ки дар забоншиносӣ ва фолклоршиносии тоҷик то кунун асари мукаммале дар доиран масъалаҳои илми лингвофолклористика ба таҳия нарасидааст.

Китобҳо ва рисолаи забонишиноси тоҷик Р. Саидов «Фразеологияи назми халқии тоҷик (дар асоси эпоси «Гӯрӯғлӣ», рубоӣ ва байтҳо)» [Саидов, 1990; 1991; 1995] яке аз бахшҳои лексикӣ – фразеология ва аз жанрҳои фолклорӣ – назмро дар бар гирифта, мисолҳо дар шаклҳои адабию лаҳҷавӣ ва оммавӣ оварда шудаанд.

Ба ҳамин тариқ, дар илми тоҷик то ба ҳол лингвофолклористика ҳамчун илми мустақилу мушаххас ба расмият надаромада, шинохта нашуда ва ба вуҷуд наомадааст. Ва оғоз бахшидан ба таҳқиқи илми лингвофолклористӣ омили дигари зарурати эҷоди диссертатсияи мазкур мебошад…

Хонандагон метавонанд китоби Н.И. Насимов: «Лексикаи фолклори Сари Хосор»-ро дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.