“Соҳибқирони шоирон устод Рӯдакӣ”
Донишманди маъруф Алии Муҳаммади Хуросонӣ дар қисмати дигари ҳамоиш доир ба “Матншиносӣ дар осори Рӯдакӣ” ва мафҳумҳои содаву равон, ки дар шеъри ӯ истифода шудааст, сухан гуфт. Қайд кард, ки “Луғати ашъори Рӯдакӣ” аз чоп баромад ва ҳар мафҳуми нофаҳмо дар поварақ ҷой дода шудааст.
***** ***** *****
Бо ташаббуси Маркази “Забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ”–и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирди илмию–адабӣ ба муносибати бузургдошти рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони “Соҳибқирони шоирон устод Рӯдакӣ” баргузор гашт.
Дар ин нишасти хотирмони илмӣ зумрае аз донишмандон, рӯдакипажӯҳони маъруф, адабиётшиносони шинохта ва алоқамандони осори ин шоири бузург ширкат ва суханронӣ карданд.
Дар ифтитоҳи мизи гирд муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода сухан намуда, аз бузургии шеъру каломи Рӯдакӣ ва осори гаронбаҳои ӯ, ки ҳазорсолаҳост барои адабиёти форсу тоҷик хидмат мекунад, ҳарф зад.
Қайд гардид, ки Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (858-941) на танҳо маъруфтарин сухансарои рӯзгори давлати Сомониён, балки аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки то ба имрӯз сурудаҳои ширину шево ва ҷаззобу дилкашаш вирди забони мардуми мо ва дигар форсизабонони ҷаҳон қарор гирифтаанд. Ин ҳақиқат, ки «султони шоирони ҷаҳон», «соҳибқирони шоирӣ» ва «падари шеъри форсӣ» устод Рӯдакӣ парвардаи хони давлату неъмати Сомониён аст, ҷойи шакку шубҳа надорад ва худи ӯ ҳам ин матлабро возеҳан таъкид кардааст:
Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
Маро бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.
Дар нишаст, ҳамчунин Носирҷон Салимӣ доктори илмҳои филологӣ, профессор узви пайвастаи АМИТ дар мавзуи “Рӯдакӣ ва ҳикмати ӯ” маърӯза карда, шеъри Рӯдакӣ ва ҷиҳатҳои ахлоқии онро барои ҷомеа таҳлил кард. Ин донишманди тоҷик иброз дошт, ки дар шеъри устод Рӯдакӣ ангезаҳои мусбат нисбат ба зиндагӣ хеле зиёд ба чашм мерасад,ки ин ҷиҳати хоси осори ӯст.
Шод зӣ бо сиёҳчашмон, шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод!
З-омада шодмона бояд буд
В-аз гузашта накард бояд ёд.
Ин мисраҳои шеърӣ бозгӯкунандаи ҳолати ҳамарӯзаи инсонҳост ва Рӯдакӣ ба хонандааш ёдрас мекунад,ки шод будан ва шод зиндагӣ карданро омӯзад чун гузаштаро ёд кардану дар афсун ба сар бурдан чизеро иваз намекунад.
Дар идома Нозим Нурзода-мудири шуъбаи таҳқиқоти стратегии назди раёсати АМИТ аз фалсафаи шеъри Рӯдакӣ ва маънавиёти бою ғании ӯ сухан кард. Рӯдакиро ҳамчун файласуфи шеър метавон шинохт чун диди фалсафии ӯ дар тамоми ҷабҳаҳо омӯзанда ва шоистаи таҳсин аст.
Дар мавриди рӯдакишиносӣ ва таҳқиқи муҳақиқон Ҷамолиддин Сайидзода нуктаҳои муҳимеро зикр намуданд. “Рӯдакишиносӣ дар Аврупо аввали асри XIX оғоз гардид ва маҳз аз ҳамин давра шеъри ӯ оламгир гардид ва таваҷҷуҳи муҳақиқонро ҷалб намуд”.
Директори Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Маҷид Қурбонов дар идома маърӯзаеро таҳти унвони “Рӯдакӣ дар таҳқиқоти Айнӣ” пешкаши ҳозирин намуд. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Дар замони Рӯдакӣ ва ҳам Айнӣ таъсири арабикунонӣ зиёд буд ва ҳар нафаре бо арабӣ менавишт, бисёр чоп мекарданд. Вале бузургии ин ду шахсият дар он буд, ки онҳо бо форсӣ ҳам менавиштанд. Ва забону қавми худро пос медоштанд. Ҳамин буд, ки Рӯдакро кӯр карданд ва ба пушти Айнӣ 75 чӯб заданд, чунки пуштибонӣ аз забону миллат мекарданд”.
Донишманди маъруф Алии Муҳаммади Хуросонӣ дар қисмати дигари ҳамоиш доир ба “Матншиносӣ дар осори Рӯдакӣ” ва мафҳумҳои содаву равон, ки дар шеъри ӯ истифода шудааст, сухан гуфт. Қайд кард, ки “Луғати ашъори Рӯдакӣ” аз чоп баромад ва ҳар мафҳуми нофаҳмо дар поварақ ҷой дода шудааст.
Ҳамчунин, нусхае аз китоби мазкур ба Китобхонаи миллӣ тақдим карда шуд.
Нишасти мазкур бо андешарониҳо миёни дигар иштирокдорон хотима ёфт.
Воқеан ҷойи таъкид аст, ки устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар офаридани мазмунҳои борику рангин ва тасвирҳои ширину дилнишин ба забони модарии мо ниҳоят табъи расо ва завқи салим доштааст, ки бо гузаштани бештар аз ҳазор сол, имрӯз ҳам онҳо беҳтарин намунаи мазмунофарию тасвирсозии шоирона дониста мешаванд. Ба монанди мисраҳои:
Бихандад лола бар саҳро ба сони чеҳраи Лайло,
Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун.
Зи оби ҷӯй ҳар соат ҳаме бӯйи гулоб ояд,
Дар ӯ шустаст пиндорӣ нигори ман рухи гулгун.
Дар воқеъ, устод Рӯдакӣ дар таърихи куҳани забони модарии мо аз бузургтарин устодон аст, ки ширинию шевоӣ, шукӯҳу шуҳрат ва рушду ин забон дар аҳди Сомониён ва давраҳои баъдӣ то ба имрӯз бо осори мондагори ӯ иртибот ва пайванди ногусастанӣ дорад.
Бояд гуфт, бахшида ба бузургдошти шоирону олимон дар Китобхонаи миллӣ пайваста ҳамоишу маҳфилҳои илмию адабӣ ва фарҳангӣ баргузор када мешавад, ки баҳри пос доштани мероси ниёгон ва арҷгузори ба гузаштагони худ замима фароҳам меорад.
Наргис НАЗАРЗОДА