Ба Рӯзи гиромидошти устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ҳар бод, ки аз сӯи Бухоро ба ман ояд…

Абуабдуллоҳи РӯдакӣҲар бод, ки аз сўйи Бухоро ба ман ояд,

Бо бўйи гулу мушку насими суман ояд.

Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?!

Гўйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Не, не зи Хутан бод чунин хуш навазад ҳеҷ,

К-он бод ҳаме аз бари маъшуки ман ояд.

Эй турки камарбаста, чунонам зи фироқат,

Гўянд, қабои ту маро пераҳан ояд.

Ҳар шаб нигаронам ба Яман, то ту бароӣ,

Зеро ки Суҳайлию Суҳайл аз Яман ояд.

Кўшам, ки бипўшам, санамо, номи ту аз халқ,

То номи ту кам дар даҳани анҷуман ояд.

Бо ҳар кӣ сухан гўям, агар хоҳаму гар не,

Аввалсуханам номи ту андар даҳан ояд.

****   ****   ****

Ҷуз он ки мастии ишқ аст, ҳеч мастӣ нест,

Ҳамин балот бас аст, эй ба ҳар бало хурсанд!

Хаёли разми ту гар дар дили адў гузарад,

Зи бими теғи ту бандаш ҷудо шавад аз банд,

Зи адли туст ба ҳам бозу саъваро парвоз,

Зи ҳукми туст шабу рўзро ба ҳам пайванд,

Ба хушдилӣ гузарон, баъд аз ин ки боди аҷал

Дарахти умри бадандешро зи по афканд.

Ҳамеша то ки бувад аз замона ному нишон,

Мудом, то ки бувад гардиши сипеҳри баланд,

Ба базми айшу тараб бод некхоҳи ту шод,

Ҳасуди ҷоҳи ту бод зи ғусса зору нажанд!

****   ****   ****

Меҳтарони ҷаҳон ҳама мурданд

Маргро сар ҳама фурў карданд.

Зери хок андарун шуданд онон,

Ки ҳама кӯшкҳо бароварданд,

Аз ҳазорон ҳазор неъмату ноз

На ба охир ба ҷуз кафан бурданд?!

Буд аз неъмат, он чӣ пўшиданд

В-он  чӣ доданду он чиро хўрданд.

****   ****   ****

Аз китоби “Ҷӯйи Мулиён”, Душанбе соли 2024.

Таҳияи Фирӯза Раҳимова,
муовини сардори шуъбаи
маълумотдиҳӣ- библиографӣ.