Шаступанҷ соли Аҳмадҷони Раҳматзод

Рӯзи 20-уми июли соли 2018 Шоири халқии Тоҷикистон, Раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ба синни мубораки 68 қадам мениҳад. Аҳмадҷони Раҳматзод аз ҷумлаи шоирони тозагӯи тоҷик аст, ки бо ашъори дилписандаш миёни мардум маъруфият дорад.

Аҳмадҷони Раҳматзод 20 июли соли 1953 дар шаҳраки  Калинини ноҳияи Кагановичобод (баъдан Колхозобод, ҳоло Ҷалолиддини Румӣ) ба дунё омадааст. Хонадонашон соли 1953 ба Хуҷанд баргаштааст. Соли 1969  мактаби миёнаи №11 ноҳияи Хуҷандро тамом карда, соли 1973 Донишгоҳи давлатии омўзгории Ленинободро ба итмом расонидаааст. Ҳамон сол ўро бо роҳхати Вазорати маорифи Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ўзбекистон барои кор фиристодаанд.

Фаъолияти кориашро чун омўзгор дар мактаби миёнаи №6 ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон оғоз намудааст. Сипас, солҳои 1975-1976, дар сафи Артиши Шўравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1976-1991дар рўзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинободба ҳайси  мухбир ва мудири шуъба фаъолият бурдааст.

 Моҳи марти соли 1991дар Анҷумани таъсиси бахши Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ дар вилояти Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) раиси он интихоб шудааст. Дар ин давра бо ташаббуси ў ду маротиба Анҷумани байналмилалии шарқшиносон –  соли  1999 зери унвони “Забони  давлати  точикон”( ба муносибати  1100 – солагии давлати Сомониён) ва соли  2001  (ба ифтихори  10- солагии таъсиси  бахши  Хуҷанди  Бунёди  байналмилалии  забони точикӣ-форсӣ) баргузор  гардида, дар онҳо аз Русия, Олмон, Озарбойҷон, Қиргизистон, Ўзбекистон, Эрон ва Афғонистон олимони  зиёде  ширкат варзидаанд. Ҳамчунин, дар минтақаҳои гуногуни вилоят панҷ конфронси илмию назариявӣ ва амалӣ гузаронида шудаанд, ки дар онҳо масъалаҳои  умдаи  мушкилоти тадбиқи Қонуни забон, имлои забон тоҷикӣ ва масъалаю муаммоҳои мубрами илмию  амалӣ мавриди баҳсу муҳокима  қарор гирифтаанд.

Аз соли 2002 раиси шуъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Бо  ибтикори ў ва дар ҳамкорӣ бо устодони сухан китобҳои “Парвозгоҳи бузургон”, “Дарвозаи тиллоӣ”, “Достони ваҳдати миллат”, “Тоҷикистон нурборон мешавад”, “Маориф – ояндаи Тоҷикистон”, “Шукўҳи Истиқлол”, “Ҷавлонгоҳи номварон”, “Манзараи ватандорӣ”, “Адолатпаноҳ”, “Иҷлосия наҷотбахш”  ва ғайра ба чоп расидаанд. Ҳамчун шоири тозакору тасвиргаро шуҳрат ёфта, ашъораш дар авроқи гулчину  мунтахаботи  “Баҳори хаёл” (1987), “Шукуфсанг” (1990), “Лаъл” (дар ҳаммуалифӣ; Хуҷанд, 2000), “Парвозгоҳи бузургон” (дар ҳаммуаллифӣ; 2001), “Ашки мармар” (Хуҷанд, 2002), “Номаи сарво”  (Хуҷанд 2008), “Номаи муҳрбанд” (Хуҷанд, 2010), “Зуҳури Ҳазрати Инсон” (2011), “Талху ширин” (Хуҷанд, 2012) интишор ётаанд. Достону манзумаҳояш “Бе ваҳдат бимирам”,  “Китобхудо”,  “Пайғоми ориё ”,  “Достони солҳо”, “Абўмаҳмуди Хуҷандӣ”, “Бародарнома”,  “Наврўзнома”, ки аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво хеле ҷолибанд, дар авроқи рўзномаву маҷаллаҳо ва китобҳои алоҳида мунташир гардидаанд.

Барои китоби ашъори “Номаи сарво” сазовори  Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи  Абўабдуллоҳи Рўдакӣ (2012) гардидааст.

Дорандаи ордени Шараф (2003) аст.

Шоири халкии Тоҷикистон (2014).

 Аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагони журналистон, аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагониТоҷикистон мебошад.

Бозчоп аз «Адибони Тоҷикистон». –  Адиб, 2014. – С. 191.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Аҳмадҷони Раҳматзод бихонед:

Раҳматзод, А. Борон: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1990. – 21 март.

Раҳматзод, А. Ғазал; Мунозира; Ишқи ман: Шеърҳо // Ҳақиқати Ленинобод. – 1990. – 18август.

Раҳматзод, А. Ниҳоли модарам шуд пир…; Ғазал; Сарзаниш: Шеърҳо // Ҳақиқати Ленинобод. – 1991. – 1 май.

Раҳматзод, А. Гавҳарреза: Рубоиҳо // Ҳақиқати Ленинобод. – 1992. – 1 май.

Раҳматзод, А. Силос: Шеър // Пайёми Истаравшан. – 1992 . – 23 сентябр.

Раҳматзод, А. Ҳама шаб: Шеър // Садои Шарқ. –1993. – №1-2. – С. 56.

Раҳматзод, А. Узри доманагир; Маро гум мекунӣ; Рўзе; Сафир; Таманно: Шеърҳо // Ҳақиқати Ленинобод. – 1993. – 22, 23 июл.

Раҳматзод, А. Дардошно: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1994. – 17-18 март.

Раҳматзод, А. Хоҳари бардарди худ бечораи ман: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1994. – 14-15 апрел.

Раҳматзод, А. Рисолат: Шеър // Ҳақиқати Ленинобод. – 1996. – 7, 11 март.

Раҳматзод, А. Шеъре дар рўзи мавлудам: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2006. – 29 июн.

Раҳматзод, А. Мактаби Айнӣ: Шеър // Ҷумҳурият. – 2014. – 24 сентябр.

Раҳматзод, А. Нурномаи хуршед: Назм// Адабиёт ва санъат. – 2014. –11 сентябр.

Унвон ва ҷоизаҳои давлатӣ муборак!: Ба унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, шоири маъруфи ҷумҳурӣ Аҳмадҷон Раҳматзод сазовор дониста шуд // Адабиёт ва санъат. – 2014. –1 сентябр.

Раҳматзод, А. Талху ширин: Пора аз қисса // Садои Шарқ. –2014. –  №8. – С. 10-49.

Раҳматзод, А. Қатраҳои оби кавсар: Ашъор // Садои Шарқ. – 2016. – №4. – С. 53-56.

                                          Тарҷумаҳо

 

Раҳматов, А.  Дили мо: Монологи фотеҳони Ашти Калон  // Комсомоли Тоҷикистон. – 1980 . – 17 сентябр.

Раҳматов, А.  Дубайтиҳо // Ҳақиқати Ленинобод. – 1980. – 10 декабр.

Алӣ, М. Духтари рустоӣ: Шеър / Аз ўзбеки тарҷумаи А. Раҳматов                        // Ҳақиқати Ленинобод. – 1981. – 10 май.

Александров, Ю. Нигоҳи ошиқона: Шеър / Аз русӣ тарҷумаи А. Раҳматов // Ҳақиқати Ленинобод. – 1981. – 19 декабр.

Тихонов, Н. Ағбаи Шаҳристон: Шеър / Тарҷумаи А. Раҳматов // Ҳақиқати Ленинобод. – 1984. – 3 ноябр.

Смирнов, С. Чароғи шахтёрӣ: Шеър / Тарҷумаи А. Раҳматов // Ҳақиқати Ленинобод. – 1984. – 3 ноябр.

Шестаков, Ю. Манзара; Ҷўйбор; Суруди хайрбод: Шеърҳо / Тарҷумаи А. Раҳматов // Ҳақиқати Ленинобод. – 1985. – 18 май.

Марков, А. Россия; Муйсафед; Шеърҳо / Тарҷумаи А. Раҳматов// Ҳақиқати Ленинобод. – 1985. – 6 июл.

Приходько, В. 22 июл; Дар шомгоҳ: Шеърҳо / Тарҷумаи А. Раҳматов// Ҳақиқати Ленинобод. – 1987. – 22август.