Аҷаб маҳфил, ки дилҳоро сафо дод…

(Дина дар толори зебову барҳавои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо тантанаву хушиву хуррамиҳо Озмуни “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ҷамъбаст шуд)

Парерӯз котиби комисиюни озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”, муовини раиси Китобхонаи миллӣ ҷаноби Камолзода занг заду гуфт: ҷамъбасти озмун дар Донишгоҳи омӯзгорӣ мешавад. Даъватномаатонро фиристодем.

Чаро дар Донишгоҳи омӯзгорӣ, чаро дар худи Китобхонаи миллӣ не?

Он ҷо толори зебое ҳаст, ки беш аз ҳафтсад касро меғунҷонад. Боз роҳбари ин донишгоҳ ҷаноби Ибодуллозода чанд тадбири дигаре ҳам ба нақша дорад… Бояд маҳфил хуб гузарад…

Ба Донишгоҳи омӯзгорӣ тақрибан ним соат пеш аз оғози тадбир рафтаму дидам, ки гапи ҷаноби Камолзода рост будааст: ин толорро банда бори аввал дидам, ниҳоят зебову рӯшан ва барҳаво…

Дар даҳлези толор будам, ки якояк Муҳаррама Шарифзода, Муҳаммадрафӣ Қурбон, Фирдавси Ҳошим ва Тоҷиддини Раҳим – овозхонҳои маъруф ворид шуданд. Ба дил гуфтам, ки базм ҳам мешудааст.

Каме баъдтар фаҳмидам, ки як сабаби дар Донишгоҳи омӯзгорӣ баргузор шудани ҷамъбасти маҳфил бо экрани бузург муҷаҳҳаз будани толор ва сабаби дигар – ду сол пайиҳам ғолиб шудани донишҷӯёни ин донишгоҳ дар гурӯҳи аввал, яъне довталабони макотиби олии кишвар будааст.

Албатта, ҷойи табрик гуфтани ректори ин донишгоҳ ҷаноби Аҳлиддин Ибодуллозода ҳам ҳаст: ин бахти андак нест, ки ду сол пайдарпай донишҷӯёни як донишгоҳ сазовори ҷойи аввал шаванд… Ҳам ҷаноби ректор ва ҳам устодону масъулони ин донишгоҳро табрик мекунем, ки донишҷӯёнро дар сатҳи баланд ба ин озмун, ки номи Сарвари давлатро дорад, омода мекунанд.

Фикр мекунам ва пешниҳод мекунам, ки як семинар ё ҳамоише дар сатҳи ҷумҳурӣ ташкил шуда, таҷрибаи Донишгоҳи омӯзгорӣ ҷиҳати омода кардани довталабони донишманд (дар мавриди мутолиаи осори Пешвои миллат, ки серсоҳаву гуногунмавзуъ аст) ба дигар таълимгоҳҳо расонида шавад. Дар ин хусус, албатта, мақолаи алоҳида хоҳам навишт.

Вале ҳоло… Ба ҷуз толори зебо ҳама касоне, ки толорро пур карданд, пеш аз ҳама, пирӯзшудаҳои озмун аз ҳарду гурӯҳ (коллеҷҳо ва мактабҳои олӣ), доварон ва масъулини озмун чеҳраву табассумҳои зебо доштанд: ҳама шод, бо руҳияи баланд…

Воқеан, ҷашни китоб бояд ҳамин гуна бо тантанаву хушиҳо гузарад, зеро маънои умр ва ҳастии маънавии ҳар каси ҳушманд китоб аст…

Бо суханрониҳои мухтасари директори Китобхонаи миллӣ доктор Файзализода ва раиси комисиюни ҷумҳуриявии озмун, мудири бахши Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ҷаноби Сайдулло Қувватзода озмун оғоз шуд ва ғолибон якояк рӯйи саҳна омаданд. Аввал онҳое, ки ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор буданд, сипас – ҷойҳои сеюм, дувум ва ниҳоят – якум.

Дар миёнаҳо овозхонҳои маъруфе, ки дар боло ном гирифтем, сурудҳои хуб манзур карданд.

Дар ин рӯзи муборак дубора ҳамон чеҳраҳоеро дидем, ки дар озмун ба пурсишҳои доварон посух мегуфтанд, ҳоло дигар сухан намегӯянд, танҳо ҷоиза мегиранд, он ҷоизаҳоеро, ки воқеан сазовор шудаанд…

Далели муҳимми дигар ҳамин буд, ки имсол ба фарқ аз соли гузашта доварон низ қадрдонӣ шуданд, заҳмати (аниқтараш меҳнати) пурмасъулияти устодон ба эътибор гирифта шуд. Аз сари инсоф бигӯем, доварӣ масъулияте дорад, ки ягон каси дигар надорад: мушаххасан муайян кардани онҳое, ки фаҳму дарк ва дониши бештар доранд…

Хулоса, маҳфил ончунон зебо гузашт (сипос ба доктор Файзализода, раиси Китобхонаи миллӣ, барои тарҳ ё сенарияи бисёр хуби барнома), ки дар ёдҳо то дер боқӣ хоҳад монд: ҳам дар ёди ғолибони озмун ва ҳам дар ёди мо…

Дар ёди ҳама касоне, ки ба китоб ишқу алоқае доранд…

Ҳафиз РАҲМОН,
02.10.2025.