РӮ БА ИЛМ. Геосфераҳо. Геотасвир. Геотектоника
Геосфераҳо (аз гео-sfera-кура), қабатҳои курашакле, ки сайёраи Замин дар иҳотаи онҳо ҷой гирифтааст. Аз ин канор ба маркази сайёра қабатҳои консентрикии мутаносиб ба атмосфераи Замин, ҳидросфера, қишри Замин, мантияи Замин, ҳаста (ядро)-и Замин ҷудо шуда, аз боло ба поин, бо хатти бурриши амудӣ аз якдигар бо хусусиятҳои ба худ хосси физикӣ, кимиёӣ ва биологиашон фарқ мекунанд.
Ҳастаи Замин дар маркази қабатҳои зикршуда ҷойгир аст, ки дар навбати худ ба ҳастаи берунӣ, гузаранда ва ҳастаи дохилӣ тақсим шудааст.
Геосфераҳо қабатҳои махсуси дигаре доранд, ки биосфера ва қабатҳои ҷуғрофиёӣ ном гирифтаанд, онҳо макони зисти организмҳои зинда буда, қисми поинии атмосфера ва қисми болоии қишри Заминро то умқи 2-3 км дар бар мегирад.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2015. – Ҷ.4. – С. 312.
ГЕОТАСВИР
Геотасвир (аз гео… ва тасвир), дилхоҳ тамсилаи фазоию вақтӣ ва миқёсии умумиятдодашудаи объектҳои заминӣ (сайёравӣ) ё равандҳо, ки дар шакли укнума (сурати худо ва фариштаву авлиёи насронӣ) таҳия шудааст.
Ба геотасвири ҳамвор (дучена) харита, нақша, тасвирҳои анаморфӣ (тағйири расм бо усули оптикӣ, ки дар ду самти ба ҳам амудӣ миқёси онро тағйир дода метавонанд), харитаҳои электронӣ (экранӣ), аэрофотосуратҳо, фотонақшаҳо, тасвироти телевизионӣ, сканерӣ, радиолокатсионӣ ва дигар тасвироти масофаи (фосилави)-ро мансуб медонанд.
Геотасвирҳои ҳаҷмӣ (сечена) аз харитаҳои релйефӣ ва физиографӣ, блок-диаграммаҳо, англифҳо (бо усули рамзбандии тасвир ба даст овардани тасвирҳои стерео), манзараҳо, (панорамаҳо), тамсилаҳои стерео, голограммаҳои харитасозӣ ва ғайра иборатианд.
Ба гурўҳи геотасвирҳои динамикӣ (сечена ва чорчена) аниматсияҳои картографӣ, стереонаворҳо, киноатласҳо, тамсилаҳои виртуалӣ (хаёлӣ), ҳолограммаҳои динамикӣ ва ғ. дохил мешаванд. Ғайр аз ин бисёр Геотасвирҳои муштакак, мас., флтохаритаҳо, ортофотохаритаҳо, аксҳои фототелевизионӣ мавҷуданд, ки дар онҳо воқеият ва аёнияти манзараҳои бадеӣ бо блок-диаграммаҳо ва ғайра дақиқ мувофиқат мекунанд. Баробари рушди технологияҳои геоиттилоотӣ усулу навъҳои нави геотасвири мавзўҳояшон гуногуну бо барномаҳои махсус идорашаванда бо вуҷуд меоянд.
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2015. – Ҷ.4. – С. 312.
Муаллиф М. Азимова
ГЕОТЕКТОНИКА
Геотектоника (аз гео… ва тектоника), илм дар бораи сохти Замин ва ташаккулёбии он дар замону макон. Геотектоника асосан бо омўзиши қишри Замин ва мантияи болоии Замин машғул аст.
Геотектоника пас аз дар илми заминшиносӣ ҷорӣ шудани усули палеонтологӣ ва муқаррар намудани стратиграфияи падидаҳои таҳшинӣ ҳамчун илм арзи вуҷуд намудааст. Геотектоника аз усулҳои геофизика, сейсмология истифода менамояд.
- Геотектоника аз бахшҳои зерин иборат аст:
- Геотектоникаи умумӣ;
- Геотектоникаи сохторӣ;
- Геотектоникаи минтақавӣ;
- Геотектоникаи назариявӣ;
- Неотектоника;
- Геотектоникаи амалӣ
Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2015. – Ҷ.4. – С. 312-313
Муаллиф М. Ҷанобилов.
Таҳияи Бибикубрия Қурбонова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.