Ситораҳои ҳунари олам. Мел Гибсон

Гибсон Мел Колумсилл Жерар 3 январи соли 1956 таваллуд ёфтааст. Ҳунарпеша, продюссер ва коргардони амрикой мебошад.  Хатмкардаи Донишкадаи миллии санъати драмаи Сидней (1979). Соли 1977 ба соҳаи кино қадам гузошта, бештар дар филмҳои сертамошо (овозадор) нақш бозидааст: «Макси девона» (1979- 85, 3 қисм), «Силоҳи  маргбор» (1987- 92, 3 қисм) ва ғайра.

Дар филмҳои  «Галиполи» (1981) ва «Соли зиндагии хатарнок» (1983)  нақшҳои драмавӣ офарид. Солҳои 1984-85  дар  Ҳолливуд  кор кард, ки филмҳои «Дарё», «Баунти»  ҳар ду  маҳсули заҳмати ӯ дар соли 1984 мебошанд.

Аввали солҳои 1990  ширкати «ИКОН  Продакшен»- ро таъсис дод  ва  ҳамчун коргардон  бори  нахуст соли 1993 вориди кор шуд. Филми ў – «Диловар» (1995) дар бораи муборизаи озодихоҳонаи шотландиҳо (1996)  сазовори 5 ҷоизаи «Оскар»  (аз ҷумла дутои он насиби худи Гибсон шуд) ва ҷоизаи «Глобуси  тилоӣ» гардид.

Соли 2004 филми «Мусибатҳои Масеҳ» – ро ба  навор гирифт, ки  ба ҷомеа таъсири бузург расонда, аз ҷониби Попи Рум Ҷуан Павли II  баҳои баланд гирифт.

Филми дигари ў – «Апокалипсис» (2006) ба давраи охирини тамаддуни майя бахшида шудааст.

 

Бозчоп аз Энсиклопедияи  Миллии Тоҷик. – Душанбе. – 2015. – Ҷ.4. –      С. 338.

Муаллиф: Ш. Анваров.

Таҳияи Парвина Қаюмова

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ